МО ҶОНИБДОРИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВА НИЗОЪҲОИ МИНТАҚАВӢ ҲАСТЕМ!

                     

    Хабару гузоришҳои дар воситаҳои ахбори омма ба нашр расида, шаҳодат медиҳанд, ки тайи солҳои охир амалҳои террористиву экстремистӣ харакатери нав касб карда боз ҳам даҳшатовару бераҳм гардида, паёмадҳои хатарзоро ба раванди зинадгии мардум ва асосҳои сохтори конститутсионии кишварҳои ҷаҳон ба вуҷуд оварда истодаанд. Масалан кишвари ҳамсояамон Афғонистонро мисол меорем, ки макони ҷойгиршавии террористону ифротгароён табдил ёфтааст.  Имрӯз дар Афғонистон  ДИИШ бештар фаъолиташро густурда намуда, даст ба амалҳои террористӣ зада истодааст.Аз ин ҳолат хулосабарорӣ намуда қайд кардан зарур аст, ки чунин омилҳо  ба амнияту давлати ҳар як давлат таъсири манфӣ мерасонад.

   Бояд ёдовар шуд, ки  аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ва баъди сари қудрат омадани фарзанди фарзонаи миллат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти мамлакат дар радифи дигар масъалаҳои муҳими ҷомеа доир ба зуҳуроти манфӣ, аз ҷумла терроризм ва экстремизм пайваста ҳушдор медоданд. Бисту як сол муқаддам Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз  22 апрели соли 2002 чунин таъкид намудаанд: «Мехоҳам таваҷҷуҳи Шуморо ба масъалаҳое ҷалб созам, ки зарурати ҳалли онҳоро ҳаёт беш аз пеш тақозо менамояд. Ин масъалаҳои ҳалталаб терроризми байналмилалӣ ва экстремизм дар ҳамаи шаклҳо зуҳуроти онҳо мебошанд. Дар баробари ҳифзи манфиатҳои миллӣ, сохти конститутсионӣ ва истиқлолияти кишвар мубориза бар зидди ин зуҳуроти фалокатбор вазифаи муҳимтарини ҳар як сохтори давлатӣ ва тамоми ҷомеа гардидааст. Таҳлили таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки дар давоми солҳои 70- 80-уми асри гузашта баъзе мамлакатҳо ба арсаи амалиёти ҷинояткоронаи дастаҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ табдил ёфтаанд. Дар амали чунин дастаҳо ва гурӯҳҳо самти дақиқи террористию даҳшатафканӣ ба назар мерасид. Мо хеле барвақт диққати ҷомеаи ҷаҳонро ба ин проблема ҷалб карда, ҳанӯз дар Вена дар Конгресси даҳуми Созмони Милали Муттаҳид оид ба пешгирӣ намудани ҷинояткории трансмиллӣ мафҳуми дақиқ ва фарогири терроризмро пешниҳод намуда будем. Вале на созмонҳои байналмилалӣ ва на кишварҳои гуногун то ҳол ба мафҳуми терроризм назари ягона надоранд» Дар иртибот ба ин зимни ироаи Паёми навбатиии хеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 23 декабри соли 2022 изҳори нигаронӣ намуда, таъкид намуданд: “Имрӯзҳо равандҳои геополитикӣ ҳамоно мураккабу печида боқӣ монда, боиси афзоиши мухолифату низоъҳо, шиддат гирифтани рақобат ва талоши кишварҳо барои тавсеаи нуфуз дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон гардидаанд. Ин ҳолат боиси ба миён омадани таҳдиду хатарҳои бесобиқаи амниятӣ гардида, дар маҷмӯъ, ба сохтори бунёдии муносибатҳои байналмилалӣ таъсири ҷиддӣ мерасонад.”

Тавре ишора кардем Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба экстремизм ва терроризм, ки имрӯз хусусияти ба истилоҳ “интернатсионалӣ” пайдо кардаанд, на танҳо дар дохили кишвар балки берун аз он низ пайваста изҳори назар менамоянд ва барои решакан кардани ин зуҳурти манфӣ, ҳамкориҳои байнидавлтию байналмилалиро тақозо карда истодаанд.

       Хулоса  таъкидҳои Пешвои муаззами миллат ҳар фарди ҷомеаро водор менамояд, ки ҳар як фарзанди босадоқати мамлакатро мебояд, гуфтаҳои Пешвои муаззами миллатро шиори рӯзмарраи худ қарор дода, нагузорад, то нохалафе ба мақсадҳои ғаразноки худ расад. Шукронаи даврони истиқлол намуда, кӯшиш ба харҷ бояд дод, то барои рушди иқтисоди кишвар ва устувории пояи ваҳдат саҳми арзанда гузорем. Зиндагии навини мардумони мо аз ҳар нафари тоҷику тоҷикистонӣ садоқатмандона сайқал бахшидани андешаи миллиро тақозо дорад, ки худогоҳӣ, худшиносӣ ва маҳорату маърифати беназирро таҳким мебахшад.

      Дар фарҷоми мақола  бо суханони Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаи хешро ҷамъбаст менамоем: Тоҷикистон дар оянда низ дар ҳалли масъалаҳои мубрами ҷомеаи байналмилалӣ, аз қабили мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, қочоқи силоҳ ва маводди мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ, ҳамчунин, мутобиқшавӣ ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва рафъи оқибатҳои он саҳми босазо хоҳад дошт. Мо ҷонибдори ҳалли масъалаҳои байналмилалӣ ва низоъҳои минтақавӣ бо роҳи муколама ҳастем ва аз тақвияти нақши калидии Созмони Милали Муттаҳид дар ин раванд пуштибонӣ мекунем.

Мамадҷонов Ф.С.

корманди шуъбаи илм ва инноватсияи ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *