ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ – УНСУРҲОИ ЗИДДИМИЛЛӢ 

            Мушоҳидаву таҳлилҳо собит менамоянд, ки дар ҳар сурат таъмини амният ва инкишофи  давлат бидуни хосияти меҳварӣ пайдо кардани ҷаҳонбинии миллӣ ба мушкилот рӯ ба рӯ мегардад. Намунаҳои он дар нооромиҳои баъзе кишварҳои минтақа, бахусус вазъи кунунии Афғонистон  тасдиқи ин гуфтаҳост. Имрӯз Афғонистон макони ҷойгиршавии террористону ифротгароён табдил ёфтааст.  Алҳол  дар Афғонистон  ДИИШ бештар фаъолиташро густурда намуда, даст ба амалҳои террористӣ зада истодааст. Мутаассифона, имруз Афғонистон гирифтори  ҷаҳолат, хурофот, ифротгароӣ буда, аз ҷаҳли мураккаб раҳоӣ надорад.  Танҳо як далеле, ки то ҳанӯз ҳаракати “Толибон” ҳукумати худро таъсис дода наметавонанд, кифоя аст. Онҳо байни худ ба як созиш, иттифоқ омада наметавонанд, барои курсӣ, мансаб, қудрат омода ҳастанд гулӯи якдигарро мисли дарранда дарронанд.   Онҳо ҳамон афроде ҳастанд, ки ба ҷуз наҳсию касофат ва бадбахтию хушунат чизи дигаре ба миллату меҳан наовардаанд. Онҳо ба монанди ҷуғзе ҳастанд, ки аз пайи вайронакориҳо ҳастанд ва мақсади онҳо танҳо ғорат ва нест кардани давлату миллат аст. Роҳбарон ва қувваҳои ҳаракатдиҳандаи зиддимилӣ дастпарварда ва маҳсули ҳамон мактабҳои аз назорати давлат ва сиёсати давлатдорӣ дурмонда мебошанд. Умуман, терорристҳо, ифротгароён, худкушҳо – диишиҳо, ансоруллоҳ, наҳзатиён, салафиҳо, таҳририҳо, унсурҳои зиддимиллӣ  мебошанд. Агар аз рӯйи назарияи воқеият, ҳамчун категорияи мантиқ назар кунем – бадтарин ҳақиқат беҳтар аз беҳтарин раҳгумзаданҳост. Андешаҳои мо, умуман ҳамаи  воқеияту руйдодҳои имруза  аз он далолат медиҳад, ки мушкилоти аср ва таҳдидҳои нав ба тамаддуни башарӣ мунтазам афзоиш ёфта, бори дигар собит менамоянд, ки терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, ҳамзамон як таҳдиде ба ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва ҷонии ҳар як сокини сайёра аст.

                        

Хулоса, воқеаҳои давраҳои охир бо сабаби пайванди таърихӣ ва ҳам марзи тӯлонии байнидавлатӣ водор менамояд, ки нисбати қазияҳои дохилии Афғонистон бефарқ набошем. Дар шароити ниҳоят ҳассосу мураккаби минтақа ва ҷаҳон дар назди мо вазифаҳои бағоят мубрами амниятӣ, аз ҷумла мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, инчунин, муҳоҷирати ғайрирасмӣ қарор доранд. Бинобар ин ҳар фарди ҷомеаро зарур аст, ки ба равандҳои ҷорӣ ва тавсеаи зуҳуроти номатлуб бо диди огоҳона назар карда, барои ҳифзи сулҳу Ваҳдати миллӣ, осоиши зиндагӣ ва таъмини рушду тараққиёти Ватани азиз аз худ нақше бар ҷой гузорад.

К. Калонов,

устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *