Ҷалолов Нодирҷон Маҳмудович 14 октябри соли 1979 дар ҷамоати Чорбоғи шаҳри Истаравшан дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст.
Солҳои 1985-1996 дар мактаби миёнаи №21 ба номи У.Қосимови шаҳри Истаравшан таҳсил намудааст.
Соли 1998 ба курси якуми ихтисоси «Ташкилотчии коргузории гумрук»-и факултети хуқуқшиносии ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров дохил шуда, соли 2003 ихтисоси номбурдаро бо дипломи аъло хатм намуд.
Соли 2006 ба курси якуми маълумоти олии дуввуми 4-солаи ихтисоси «Ҳуқуқшиноси»-и ДДҲБСТ дохил шуда, соли 2010 ихтисоси номбурдаро бо дипломи аъло хатм намудааст.
Фаъолияти меҳнатии худро аз соли 2003 бо пешниҳоди комиссияи аттестатсионии давлатии хатмкунандагон дар кафедраи коргузории гумруки факултети ҳуқуқшиносии ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров шурӯъ кард.
Солҳои 2008-2012 дар кафедраи менеҷмент ва соҳибкории факултети молия ва иқтисодиёти бозори ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров ба ҳайси муаллими калони фаъолият намуд. Соли 2011 рисолаи илмиро дар мавзӯи «Низомҳои гумрукӣ дар системаи таъмини амнияти иқтисодӣ (дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон)» ихтисоси 08.00.05 – иқтисодиёт ва идоракунии хоҷагии халқ (амнияти иқтисодӣ) дар Шӯрои диссертатсионии К 737.007.01 дар назди ДТТ ба номи академик М. С. Осимӣ дар шаҳри Душанбе дифоъ намудааст.
Аз соли 2012 то соли 2013 дар вазифаи муаллими калони кафедраи молшиносӣ ва фаъолияти гумрукии факултети тиҷорат, фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқи ДИС ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд фаъолият намуд.
Соли 2013 то соли 2018 дар вазифаи мудири кафедраи молшиносӣ ва фаъолияти гумрукии факултети тиҷорат, фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқи ДИС ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд фаъолият намудааст.
Аз соли 2018 то ин ҷониб дар вазифаи декани факултети тиҷорат, фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқи ДИС ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд фаъолият мебарад. Номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент мебошад.
Аз соли 2006 аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад. Оиладор, соҳиби чаҳор фарзанд.