Моҳияти  ихвонии Ҳизби Наҳзати Исломӣ дар Тоҷикистон

Ташкилоти  нахустини Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳанўз соли 1978 дар совхози «Туркманистон»-и ноҳияи Бохтар таъсис ёфта, дар марҳилаи аввал ба монанди созмони махфии «Бародарони мусулмон» ба таври пинҳонӣ амал мекард. 26 октябри соли 1991 анҷумани муассисони ҳизб ба таври расмӣ баргузор шуд ва солҳои 1991 – 1993 ҳизби мазкур ошкоро амал намуда, фаъолияти террористӣ мебурд. Масалан, пас аз шикасти ҷиддӣ хўрдан дар Душанбе, Кофарниҳон ва Файзобод нерўҳои мухолифин дар моҳи декабри соли 1992 – январи соли 1993 ба самти ноҳияҳои минтақаи Ғарм фирор намуданд.   Онҳо дар он ҷо ғояҳои худро тарғиб намуда, бо роҳи зўроварӣ ба ном тартиботи исломиро ҷорӣ намуданд.

Солҳои 1992-1997 ҲНИ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон амал намуда, баъди ба имзо расонидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон он ҳамчун ҳизби сиёсӣ аз нав ба қайд гирифта шудааст.

Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо 28 октябри соли 1999 бо мақсади ба амал омадани тафоҳуми амалӣ миёни нерўҳои дорои мавқеи сиёсии динӣ ва дунявӣ дошта, бо мақсади истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии байни тоҷикон, мутобиқи моддаи 28 – и Конститутсияи Тоҷикистон, ки таъсиси ҳизбҳои сиёсии хусусияти динидоштаро рухсат медиҳад, нахустин ҳизби дорои хусусияти динӣ, яънеҲизби наҳзатиисломии Тоҷикистонро маротибаи дуюм ба таври расмӣ ба қайд гирифт.

Ҳақ ба ҷониби яке аз донишмандони мазҳаби  ҳанафӣ аст, ки зарурият надоштани ташкили чунин ҳизбро дар Тоҷикистон таъкид намуда, гуфта буд: «Барои мазҳаби Ҳанафӣ ҳизби наҳзати ислом лозим нест. Ҳизби мо Қуръони маҷид аст, ки аз тарафи худои яккаву ягона ба рўи замин омадааст».

Хиёнати наҳзатиҳо дар таърихи 4-16 сентябри соли 2015 нақшаи тарҳрезишудаи мушаххасе буд, к ибо дасти беруна омода гардида, бо дасти худиҳо бояд амалӣ мешуд.

Дар ин қазия дигар ҷойи пўшида намонд. Дақиқ шуд, ки Назарзода Абдуҳалим маъруф бо лақаби «Ҳоҷӣ Ҳалим» ва гурўҳи террористии ў бевосита  аз ҷониби раиси ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ идора ва раҳнамоӣ мешуданд.

Бо мақсади зўроварӣ ғасб намудан ва нигоҳ доштани ҳокимият, ҳамчунин бо роҳи зўроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ ва дигар аъзоёни Раёсати олии ҳизби номбурда, бо собиқ муовини вазири мудофиа Назарзода Абдуҳалим Мирзо аз ҳисоби размандагони Иттиҳоди нерўҳои мухолифин ва дигарон зиёда аз 20 гурўҳи ҷиноятӣ иборат аз 15 – 30 нафарродар ҳайати иттиҳоди ҷиноятӣ созмон дода, барои амалӣ намудани ҳадофҳои худ онҳоро, тибқи нақшаи тарҳрезишуда, ки аз утоқҳои кори муовини Раиси ҲНИТ Ҳисайнов Умаралӣ ва Ҳайитов Маҳмадалӣ ёфта гирифта шудаанд, вазифадор кардаанд, ки ба объектҳои махсусан муҳими давлатӣ  ҳуҷуми мусаллаҳона намуда, фаъолияти онҳоро зери итоати худ қарор диҳанд. Ҳамин тариқа, муайян карда шуд, ки мақсади асосии ҲНИТ аз сарнагун намудани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва халалдор намудани амнияти давлат иборат мебошад.

Мавриди таъкид аст, ки мутобиқ и моддаи 4 – и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» таъсис ва фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, ки мақсад ва амалашон ба фаъолияти экстремистию террористӣ, бо роҳи зўроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ ва ташкил намудани гурўҳҳои мусаллаҳ равона гардидааст ва ё низои нажодӣ, миллӣ, иҷтимоӣ, маҳалгароӣ ва диниро тарғибу ташвиқ менамоянд, манъ аст.

Бо дарназардошти ҳолатҳои зикргардида дар таърихи 29 сентябри соли 2015 аз ҷониби Суди Олӣ аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонеъ гардонида шуд ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро ҳамчун ташкилоти ифротгароӣ (экстремистӣ), террористӣ эътироф намуда, фаъолияти ҳизбро қатъ ва ҳамчун шахси ҳуқуқӣ барҳам дода, нашри рўзномаи «Наҷот» ва сомонаи интернетии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ба ҳудуди қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан ва паҳн намудани аудио ва видеосабтҳо, истеҳсоли чопу нашри рўзномаю адабиёт ва варақаҳои ҳизб манъ  карда шуд.

Кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *