Хотиррасон менамоем, ки ҳаракати «Толибон» дар солҳои 90-уми асри 20 ташаккул ёфтааст. Аммо решаҳои ғоявии онро дар Ҳиндустони Британии сеяки охири асри 19 дар мадрасаи Ҳаққония, ки донишҷўён мероси донишгоҳи мусулмонии Диабандро меомўхтанд, ҷустуҷў намудан лозим аст. Донишгоҳи мазкур ҳанўз соли 1867 дар шаҳри Диабанди Ҳиндустон аз тарафи илоҳиётшиносои исломӣ Муҳаммад Козими Нанотав ва Рашид Аҳмади Гангоҳӣ таъсис дода шуд.
Донишгоҳи Диобанд маркази мухолифини мусулмонон алайҳи мустамликадорони британӣ буд. Дар ин ҷо ҷавонони мусулмонро дар руҳияи инкор намудани маданияти ғарб ва риоя намудани анъанаҳои худӣ тарбия мекарданд. Дар мадрасаи Ҳаққрния 2500 нафар донишҷўён таҳсил доранд. Он дар солҳои40-уми асри20 аз тарафи гурўҳи омўзгорони собиқ аз Диобанд таъсис дода шуда буд. Мадрасаи мазкур баъд аз он, ки чанд нафар собиқ дастпарварони он, аз ҷумла Мулло Умар сарвари ҳаракати «Толибон» гардиданд, дар Покистон маълум машҳур шуд.
Зухури гурўҳи террористӣ дар Афғонистон аз соли 1978-замони ворид гардидани нерўҳои Иттиҳоди Шўравӣ ба хоки он шурўъ гардида, то имрўз бемайлон идома дорад. Аз ҳамон айём ин кишвар ба майдони бархўрди манфиатҳои давлатҳои абарқудрат ва дар ҳамин замина рўй кор овардани гурўҳҳои экстремистӣ гардидааст.
Ҳаракати «Толибон» дар оғоз ҳаракати қабилавӣ маҳсуб меёфт ва бар зидди тоҷикон, ўзбекҳо ва ҳазораҳо равона шуда буд. Баъдтар маҳз бо кўмаки хоҷагони хориҷиашон ин гурўҳ фаъолияташро тавсеа бахшид.
Далели возеҳи ин суханон сарепчӣ намудани «Толибон» аз иштирок дар раванди музокираи сулҳ буда метавонад.
Танҳо дар соли 2016- ум 200000 сокини Афғонистон кишварро тарк карданд.
Ҳаракати исломии Ўзбекистон, ки дар соли 1996 бо роҳбарии Тоҳир Юлдошев таъсис дода шуда буд, бо ҳаракати «Толибон» робитаи зич дорад. Пешвоёни дигар ин ҳаракати Ҷумъаи Намангонӣ ва Зубайд ибни Абдураҳим буданд. Ҳаракати исломии Узбекистон дар ҳамкорӣ бо ҳаракати «Толибон» ва «Ал-Қоида» ва артиши доимии Афғонистон ва нерўҳои зидди террористӣ бо роҳбарии ИМА муқобилият нишон дода меояд. Бино ба маълумоти муҳаққиқи Ўзбекистон К.Мирсолиев ҳамаи марказҳои динии Осиёи Марказӣ аз соли 1989 инҷоноб аз тарафи Арабистони Саудӣ мадади молиявӣ мегиранд.
Бояд эътироф намуд, ки ихтилофҳои бардавом дар Афғонистон аломати хатарноки исломи сиёсиро ба ҷаҳониён ошкор намуд. Амалҳои толибон чеҳраи исломро ба ҷаҳониён ҳамчун дини иртиҷоӣ, мутаассибӣ ва родикалӣ муаррифӣ намуд. Зеро ба «ислом»-и толибон амалҳои хатарноки шовинизми миллӣ, радикализм, экстремизм ва вандализм хос аст.
Таърих собит менамояд, ки дар ҳама давру замон дар дини мубини ислом манфиатҳои мафкуравӣ аз манфиатҳои миллӣ боло гузошта мешуд. Манфиатҳои миллӣ нақши дуюмдараҷа доранд. Аммо муносибати толибон бо халқҳо ва қавмҳо ғайрипашткнӣ собит менамояд, ки онҳо манфиатҳои тангназаронаи худро аз принсипҳои дини мубини ислом ҳамеша боло мегузоранд. Радикализми толибон дар кишвари Афғонистон, ки он ба як навъ «хокистардон» табдил ёфтааст, хатари ҷиддӣ дорад. Беҳуқуқии халқҳо ва миллатҳои дигар, беҳуқуқии занон, ки мубаллиғони толиб амалӣ карданӣ мешаванд, дар ҷамъияти афғон оқибатҳои вазнини иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсиро ба бор меорад. Муносибати ваҳшиёнаи толибон ба дастовардҳои фарҳангии халқҳо ва эътиқодҳои дигар (бо хок яксон намудани ёдгориҳои дини буддоӣ дар музофоти Бмиён, ки таърихи дуҳазорсола доранд), бори дигар ба он шаҳодат медиҳад, ки то кадом андоза толибон моҳияти инсондўстонаи дини мубини исломро таҳриф менамоянд.
Ҳамаи ин далелҳои собит менамоянд, ки дини мубини ислом барои толибон танҳо як ниқобест, ки онҳо дар он симои зишти худро пинҳон намуда, онро барои ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ истифода мебаранд.
Кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ