МО ҶИНОЯТКОРРО АЗ ИНСОНИ КОМИЛ ФАРҚ МЕКУНЕМ!

Мо борҳо нисбат ба амалҳои номатлуби яке аз саркардагони гуруҳи ҷиноятпешаи Хоруғи боло бо номи Мамадбоқир ибрози андеша намуда будем. Бо дарназардошти воқеияти имрӯза қайд менамоем, имрузҳо пайравони хешу табори Мамадбоқир мақсади ташкил намудани гирдиҳамоӣ дошта, бо ин роҳ мардуми вилоятро ба тазоҳуротҳои сиёсӣ, маҳалгароӣ, зидди давлатӣ иғвоандозӣ кардан кушиш доранд. Баробари ин, манбаҳои ноэътимоди иттилоотӣ, шахсони ба ҳамагон ҷеҳраашон ношинос, ки дасисабозӣ амали ягонаи онҳост, хабарҳои кӯчагӣ паҳн намуда истодаанд. Ин аз он далолат мекунад, ки ҷоҳилони ноҷавонмардони зархариду фурӯхташудаи гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ асосан ба хотири пӯшидани ҷиноят, гуноҳояшон талош карда, ҳодисаи ҳангомаҳои болохонадор сохта, мехоҳанд мардумро бори дигар ба шӯр андозанд. Аммо ба ҳамагон аён аст, ки Мамадбоқир ва ҳаммаслаконаш бо роҳи зӯроварӣ ва тарс аз ҳисоби дигарон зиндагии худро пеш мебурданд. Яке аз роҳҳои асосии пул кор кардани онҳо ин савдо ва фурӯши маводи мухаддир буд, ки имрӯз яке аз ҳама ҷинояти вазнин мебошад. Бинобар ин набояд дасисаву найрангҳои ҷинояткори муташаккил ҳимоят шавад!
Бояд тазаккур дод, ки бо мустаҳкам шудани пояҳои ҳокимияти давлатӣ дар ҷумҳурӣ акнун имкони халос шудан аз ҳама гуна ба ном лидерони ҷудоиандоз, нашъафурӯш, тангназар ва худписанд ба вуҷуд омадааст. Ҳукумати кишвар талош дорад, ки ба мавҷудияти ин гурӯҳҳо нукта гузорад, зеро онҳо муттасил бо кирдорҳои авбошонаи худ ба кори муътадили мақомот ва осудагиву оромии мардум халал мерасонанд. Низоъҳоеро, ки онҳо дар ҷомеа меандозанд, боиси хушнудии бадхоҳони миллат ва давлат, онҳое мегардад, ки Тоҷикистонро дар солҳои 90-ум ба коми оташи ҷанг тела дода буданд. Мо бояд ҳақиқатро аз дурӯғ, ва ҷинояткорро аз инсони комил фарқ кунем.
Хулоса, имрӯз мардуми бофарҳангу боорияти маҳали зисти ҷинояткор, умуман мардуми Бадахшон бо дарназардошти воқеияти ҳол ба худ хулосаи зарурӣ баровардаанд ва бахусус аз амали авбошонаи Мамадбоқир ва ҳаммаслаконаш бохабаранд.
Дар фарҷоми андешаи хеш метавон қайд кард, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Бадахшон тибқи меъёрҳои қонун ва мавқеи фаъолонаи мардуми маҳал такя намуда, ҳарчӣ тезтар қазияи зиндони намудани ҳаммаслакони Муҳаммадбоқир ҳаллу фасл ҳоҳанд намуд.
Таъкидан ба пайравони Мамадбоқир гуфтанием, ки ҳоло дер нашудааст, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таслим шаванду барои бадкирдориҳояш баҷои сазовор бинанд. Вагарна, рӯзе пушаймон мешавад. Пушаймонӣ суд надорад.
Д. ШАРИПОВ, устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *