ИЗҲОРОТИ омӯзгорони кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русии ДИС ДДТ нисбат ба дассисабозиҳои гуруҳи ҷиноятпешаи Мамадбоқир

Мо омӯгорони кафедра зимни изҳоротҳо оид ба қазияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва саркардагони гуруҳҳои ҷиноятпешаи Мамадбоқир, борҳо андешаҳои хешро иброз намуда будем. Имруз низ бо дарназардошти руйдодҳои охир иброз менамоем,ки бархе гурӯҳҳои бадхоҳ, бахусус ҳаммаслакону хеши табори афроди ҷиоятпеша Мамадбоқир тамоми рушди Бадахшон дар замони исиқлолиятро дидаву дониста сарфи назар намуда, ба эҷоди ҳисси норозигию эътироз миёни мардуми Бадахшон ва ноором сохтани вазъияти Тоҷикистон дар ин масъала таблиғоти ғаразнок ба роҳ гузоштаанд.
Мо медонем, ки имрӯз бадҳоҳони миллат натанҳо мардуми оддӣ ва ҳатто модаронро ба манфиати худ истифода бурда, аз номи онҳо туҳмату буҳтон, дурӯғу дасиса зада истодаанд. Мехоҳанд ғайриқонунӣ гирдиҳамоӣ ташкил намуда, бо ин васила гӯё «адолату ҳақиқатро»-ро ба мардуми тоҷик мефаҳмонида бошанд. Бояд қайд намуд, ки ҷиноятҳои содирнамудаи Мамадбоқир ба ҳама маълуму аён аст. Барои тасдиқи ин гуфтаҳо бояд ёдовар шуд, ки аз ҷониби яке аз аъзои гурруҳи ҷиноятҳои муташаккили ҷиноятӣ Амриддин Аловатшоев зимни муроҷиаташ бо тавбаи худ чун шоҳиди воқеа бо далелҳои раднашаванда ҷиноятҳои содирнамудаи Мамадбоқир тасдиқ шудааст. Хулоса, гуфтанием, ки мардуми кишвар, алалхусус сокинони Бадахшон ҳақиқатро аз дуруғ фарқ карда метавонанд ва ба ҳар гуна гапҳои бардуруғу фитнаҳои навбатии пайравону наздикони Мамадбоқир дигар бовар нахоҳанд кард. Мардуми азизи Бадахшон воқеияти ҳолро маҳз бо чашми хирад ва воқеъбинона менигаранд Мо боварии комил дорем, ки дер ё зуд гуруҳҳои бадхоҳи ҷиноятпешаи Мамадбоқир дар назди қонун ва миллати тоҷик ҷавоб хоҳанд гуфт.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *