МО ХАЛҚИ ҶАНГҶӮ НЕСТЕМ ГӮШМОЛ ДИҲЕМ ҶАНГХОҲРО

 

Дар охири асри 20 ва аввали асри 21 дар манотиқи мухталифи ҷаҳон тағйиротҳои куллии сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангию иҷтимоӣ ба амал омаданд. Маҳз нисбати чунин ҳолати мавҷуда байни сокинони наздисарҳадии Тоҷикистон ва Кирғизистон барои тақсимоти об ва чарогоҳ  якчанд маротиба муноқишаҳо ба вуҷуд омаданд.

Барои ҳалли масъалаҳои наздисарҳадӣ коммиссияи давлатӣ аз ҳарду ҷониб ташкил карда шуда, барои аз байн будани муноқишаҳо дар сарҳад нақша-чорабиниҳо тартиб дода шуда, фаъолияти мақомотҳои маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ҳалли муаммоҳои ҷойдошта пурзур гардонида шуданд ва чорабиниҳои гуногуни фарҳангию варзишӣ барои аз байн бурдани муноқишаҳо роҳандозӣ гардиданд.

Чуноне, ки маълум аст дар ҳама чорабиниҳои сиёсӣ, маърифатӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қатъан аз сулҳу бародарӣ, муносибатҳои ҳасанаи байналхалқӣ, ватандӯстӣ одоб, ахлоқ, эҳтироми фарҳанги миллӣ ва ғайра таъкид менамоянд. Дар ин замина дар шабакаҳои иҷтимоӣ наврасону ҷавонон фаъолона иштирок намуда, дар навиштаҳо ва роликҳои омоданамудаи худ нисбати муҳим будани дӯстию рафоқат ва муносибатҳои ҳамсоягию ҳамсоядорӣ, ҳамдигарфаҳмии байни наврасон ва ҷавонони давлатҳои ҳамсарҳад ва аз байн бурдани муноқишаҳои наздисарҳадӣ андешаҳояшонро баён менамоянд.

Вале ба ҳамаи ин сулҳхоҳӣ ҳамсоядорӣ ва меҳмондӯстии мо нигоҳ накарда артиши мусаллаҳ ва пешакӣ тайёридидаи мамлакати ҳамсоя – Ҷумҳурии Қирғизистон бо роҳбарии Қамчибек Ташиев санаи 28.04.2021 ба мулки осоиштаи мо диёри маҳбуби мо бо воситаи сарҳади Ворух, Овчиқалъача, Хистеварз ва дигар митиқаҳои сарҳадӣ ҳуҷуми ноҷавонмардонаро раво дид. Ҳарчанд артиши пурсабру таҳаммули мо, ки ҳанӯз аз соли 2014 инҷониб ба афсаркушии қирғизҳо, куштори мардуми осоишта аз ҷониби қирғизҳо, гаравгонгирии шаҳрвандони мо аз тарафи онҳо ва насби парчам дар хонаҳои тоҷикон сабри ҳамсоягиро мекарданд, маҷбур гаштананд аввал ба сифати мудофиа ва пас аз шиддат гирифтани ҳолат ба ҳуҷум гузаранд.

Хуллас худи ҷанг, ки ибораи хубе несту дар ҳама ҳолат ҳам талафоти ҷонӣ ва ҳам талафоти молӣ ба ҷо мегузорад, ба ҳар ду тараф ҳам ҳисороти худро расонид. Ба ҳамаи ин ҷиноятҳои худ нигоҳ накарда имрӯз ВАО – и қирғиз ба ҷомеаи ҷаҳонӣ мамлакати моро бар пешдастии ҳуҷум тӯҳмат мезананд вале дар хотир бояд дошта бошанд, ки мо чандин карат ҷиноятҳои онҳоро бахшидем ва ҳатто лаб во накардем.

Мо худ халқи ҷангҷӯ нестем, вале душманони мо дар ёд дошта бошанд, ки дигар ба ҳар як амали ҷинояткоронаи онҳо ором намеистем ва посухи худро хоҳ бо сухан, хоҳ бо мушт ва хоҳ бо зарби яроқ медиҳем.

 

Баротов Ҳамзахон Авазович, омӯзгори кафедраи

баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил

ва аудити ДИС ДДТТ   

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *