Мо омӯзгорони кафедра доир ба руйдодхои ҷомеаи имрӯза андешаронӣ намуда, қайд менамоем, мутаассифона, ҷоҳилоне ҳастанд, мехоҳанд мақсадҳои разилонаи худро дар роҳи доғдор сохтани фазои ороми кишвар бо роҳи тафриқаангезӣ амалӣ созанд. Чунончӣ, санаҳои 25-28 ноябри соли равон аз тарафи гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии манфиатдор дар шахри Хоруг гирдиҳамоии ғайриконуни ташкил намуданд. Мо сараввал аз оғози ин ходиса худро бетараф нагузошта, мавқеи хешро нисбат ба хиёнаткорни миллат нишон дода, ба ҳар гуна овозаҳои бардурӯғ ва ахбороти беасос бовар накарда, шадидан махкум намуда будем. Ин навбат нисбат ба вокуниши Ёдгор Файзов, собиқ раиси ВМКБ, ки тариқи барномаи телевизиони Бадахшон бо номи “Нерӯи қонун” оид ба қазияи ходисахои шахри Хоруғ баромад намуд, акидаи хешро иброз медорем Вокеан Ёдгор Файзов зимни суханрониаш оид ба ҳодисаҳои рухдода нисбати ҷинояткор Зиёбеков Г. ва ҳаммаслаконашро гунаҳкори асосии ин ходисаҳо маънидод намуд. Қайд гардид, ки гирдиҳамоӣ ташкил кардани тарафдорони Зиёбеков Гулбиддин пурра ғайриқонунӣ мебошад ва хиёнаткорон ва умуман гурӯҳҳои ҷиноятпешаи ин минтақа, ки бо ҳадафи ноором сохтани ҳаёти мардуми осоиштаи Бадахшон даст ба ҳар амалҳои хиёнаткорона ва дасисабозӣ заданд ва асосан хадафи ин гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ асосан ба хотири пӯшидани ҷиноят ва гуноҳояшон будааст. Дар рафти намоиши навори филми зикргардида аён мегардад, ки амалҳои ғайриқонунии гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ бо далелҳои амиқ аз ҷониби шоҳидон тасдиқ гардид. Баробари ин қайд намудан зарур аст, ки ҷавонон ва масъалаи ба онҳо алоқаманд дар меҳвари асосии сиёсати Ҳукумати кишвар қарор дорад ва ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон пайваста тадбирҳо андешида мешаванд. Чунки, маҳз ҷавонони эҳсоси ватандӯстиашон баланд, метавонанд, пешбаранда ва ҳимоятгари асили кишвар бошанд ва ба рушду инкишофи ҳамаи соҳаҳои он мусоидат намоянд. Бинобар ин рисолати ҳар як ҷавони ватандӯст аз талоши шабонарӯзӣ намудан барои омӯзиши илмҳои замонавӣ, аз ҷумла илмҳои даққиқ, омӯхтани забонҳои хориҷӣ, кушиши кашф намудани ихтирооти наву замонавӣ ва ниҳоятан расидан ба қадри неъматҳои истиқлолияти давлатӣ, дастгирии давлатӣ ва ғамхории бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иборат мебошад.
Дар фарҷоми изҳороти хеш мо ба мардуми сарбаланди Точикистони азиз ва махсусан ба ҷавонони кишвар муроҷиат карда, бори дигар таъкид менамоем, ки дар шароити кунунии авзои номусоиди ҷаҳон, алалхусус вобаста ба вазъи Афғонистон зиракии сиёсиро аз даст надода, дар атрофи Ҳукумати кишвар таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат ҷамъ омада, барои ободию пешрафти Тоҷикистон саҳми арзандаи худро гузоранд!