МО ҲАМЕША АМАЛҲОИ НОМАТЛУБИ ХОИНОНИ МИЛЛАТРО МАҲКУМ МЕНАМОЕМ!

Мусаллам аст, ки раҳбаорияту пайравони ТТЭ ҲНИ имрӯз бозичаи кишварҳои хориҷӣ гардида, барои ташкил намудани гурӯҳҳои муташакили ҷиноятӣ, терористӣ-экстремистӣ машғул ҳаст ва бо ин роҳ мардуми осоишта ва сулҳхоҳи тоҷикро ба ташкил намудани эътирозҳо даъват намудан кӯшиш дорад. Баробари ин, қайд кардан зарур аст, ки  ба кишвари Аврупо гурехтани Кабирию наздиконаш ва аз дасти хориҷиҳо дастгири ёфтанаш  ба ҳамин омилҳо ишорат мекунад, ки Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш дастнишондаи дасти террористони байналмилалист. Имрӯз ҳизбро ба “Паймони миллӣ”(ПМ) номгузорӣ карда, боз аз пайи ҳамон корҳои ифлосаш даст мезанад. Аслан симои аслии Кабирӣ, аъзоёну пайравони ТТЭ  ҲНИ-ПМ ошкор аст. Маълум аст, ки “Паймони миллӣ..” аслан ҳамон ТТЭ ҲНИ асту баҳри расидан ба мақсади худ ҳам ифротиву ҳам иртиҷоӣ аст.  Вақтҳои охир раҳбарияту ҳаммаслакон ва думравони ТТЭ ҲНИ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ бо навбат дар барномаи ифротиашон баромад менамоянд. То ҳол ин бадҳоҳони миллат хулосабарорӣ накардаанд. Намедонанд, ки имрӯз андешаи ватандӯстию меҳанпарастии мардумони кишвари соҳибистиқлоламон нисбат аз солҳои 90-уми қарни гузашта куллан фарқият дорад. Бинобар ин,  боз таъкидан хоинони миллатро хотиррасон менамоем, ки имрӯз дар Тоҷикистони азизамон имконият ва захираҳои бузург баҳри таъмини амну субот арзи вуҷуд доранд. Ҳоло кишвари мо дар фазои сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ ба сӯи фардои боз ҳам ободу осуда қадамҳои устувор мегузорад. Нақшаву барномаҳои қабулгардидаи кишвари мо доир ба рушди миллӣ, ки имрӯзу фардои миллату давлатро ба ҳам пайванд медиҳанд, бо заҳмати аҳлонаву созандаи мардуми Тоҷикистон пайгирона амалӣ шуда истодаанд. Қобили зикр аст, ки соли 2022 сокинони мамлакат  яке аз ҷашни миллиамон – 30  солагии  Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намуданд. Имрӯзҳо мардуми кишвар  дар  фазои осудаи Ватан умр ба сар мебаранд ва дастовардҳои дар тӯли  беш аз 31 сол ба даст овардаи халқу ватани хешро қадр мекунанд. Новобаста аз таҳдиду ҳаракатҳои ҲНИ ва умуман  душманони миллати тоҷик, ҷомеаи имрӯзаи мо бо суботи комили сиёси пеш рафта истодааст ва онро тамоми қишрҳои ҷомеа бояд дастгирӣ намуда, тамоми ҳастии худро барои рушди кишвари азиз сафарбар намоянд. Мо набояд ба суханпардозиҳои беасос гӯш андозем, балки бо фарҳангу маърифати баланди Ватандӯсти баҳри гулгулшукуфии Тоҷикистони азиз кору амал намоем. Мо ҷавонони боргоҳии илму маърифат рӯз то рӯз аз файзу самараи Истиқлоли давлатӣ баҳравар ҳастем, рӯзгори худро осудаҳолона пеш бурда, имрӯзу ҳамавақт амалҳои номатлуби нафарони хоинони миллатро маҳкум менамоем!

                                                                      Ф. ҚУРБОНОВ,

мудири бахши кор бо ҷавонони ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *