Дотсент Иброҳимов Исроил 6-уми феврали соли 2023 ба синни мубораки 60 қадам гузошт. Фаъолияти илмию педагогии устод зиёда аз 40 солро фаро гирифта, натиҷаҳои басо пурғановати илмиву оммавӣ ба бор овардааст. Ҳайати профессорону устодон ва кормандони Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дотсент Иброҳимов Исроилро ба муносибати 60-умин солгарди Рӯзи мавлуд самимона табрику муборакбод намуда, барояшон комёбиҳои беназири илмию таълимӣ, саодати рӯзгор, саломатии бардавом, хушнудиву хушрӯзии ҷовидона ва умри дарози бофайзу баракат орзумандем.
Устод 6-уми феврали 1963 дар деҳаи Ёваи ноҳияи Б. Ғафуров дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Дар мактаби миёнаи №33-и ин ноҳия таҳсил намуда, онро соли 1979 бо баҳои аъло хатм намуд. Ҳамон сол ба факултети физикаи Донишкадаи давлатии педагогии Ленинобод ба номи С.М. Киров (ҳоло ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров) дохил шуда, соли 1984 онро бо ихтисоси муаллими физика ва фанҳои умумитехникӣ бо дипломи аъло хатм намуд. Фаъолияти меҳнатии номбурда соли 1984 аз вазифаи лаборанти калони кафедраи физикаи умумии донишкада оғоз гардидааст. Солҳои 1984-1986 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ИҶШС адои хизмати ҳарбӣ намудааст.
Иброҳимов Исроил дар Донишкадаи физикию техникии ба номи А.Ф. Иоффеи шаҳри Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург) ба ҳайси таҷрибаомӯз-тадқиқотчӣ фаъолият намуда, аспирантураи ҳамин муассисаро хатм кардааст. Соли 1994 рисолаи номзадиашро таҳти роҳбарии профессор Веттегрен Виктор Иванович дар мавзӯи “Зуҳуроти статистикаи лаппишҳои атомӣ дар вайроншавии полимерҳо” бомуваффақият ҳимоя намуда, сазовори унвони илмии номзади илмҳои физика ва математика гардидааст.
Солҳои 1995-2002 дар вазифаҳои омӯзгори калони Филиали хуҷандии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Коллеҷи аграрии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон дар ш. Хуҷанд фаъолият намудаст.
Аз соли 2002 дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар вазифаҳои омӯзгори калон ва дотсенти кафедраи математикаи олӣ ва технологияҳои инноватсионӣ фаъолият мебарад.
Аз фанҳои «Информатика», «Базаи маълумот», «Консепсияҳои табиатшиносии муосир», «Технологияҳои информатсионӣ», «Назарияи системаҳои иттилоотии иқтисодӣ» ва ғайра дарс мегӯяд.
Аз соли 2001 инҷониб ҳамчун эксперти ғайриштатии тахассусии Комиссияи аттестатсионии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фанни информатика ва технологияҳои информатсионӣ дар мактабҳои олӣ ва касбӣ фаъолият менамояд.
Саҳми Иброҳимов И.И. дар пешбурди корҳои таълимӣ-методии донишкада ва кафедра назаррас буда, муаллифи зиёда аз 25 китобу дастурҳои таълимӣ-методӣ ва зиёда аз 100 мақолаҳои илмӣ, 60 мақолаҳои илмию методӣ, оммавӣ, тарбиявию сиёсӣ мебошад.
Иброгимов И.И. ҳамчун устоди варзида роҳбарии семинари илмии кафедраи математикаи олӣ ва технологияҳои инноватсионӣ мебошад. Иброгимов И.И. дар корҳои ҷамъиятии донишкада фаъолона иштирок менамояд. Ӯ бо ифтихорномаю сипосномаҳои соҳавӣ ва мукофотҳо қадршиносӣ карда шудааст.
Устод Иброгимов И.И. олими сермаҳсул, педагоги таҷрибадор, дар корҳои тарбиявӣ ва сиёсӣ фаъол, хоксор, нисбати шогирдон серталабу ғамхор, ташаббускор ва навовар мебошад.