РАФТОРУ КИРДОРИ ДИИШ ХИЛОФИ ТАЪЛИМОТИ ДИНИ МУБИНИ ИСЛОМ АСТ!

Таҳлили ҷараёни вазъи сиёсии Афғонистон аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар айни замон терроризми байналмиллалӣ дар маҷмӯъ ба амнияти тамоми давлатҳо таҳдид менамояд ва он беш аз пеш хусусияти трансмиллӣ ва глобалӣ пайдо кардааст. Ноамнӣ ва бадбахтие, ки ба сари мардуми ин кишвари ба мо ҳамсоя омадааст, натиҷаи дахолати кишварҳои хориҷӣ, яъне фаъолияти доираҳои манфиатдори минтақа ва ҷаҳон мебошад, ки ҳоло низ идома дорад. Умуман ноустувории вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ, бекории зиёд дар қаламрави Афғонистон заминаи мусоид фароҳам меоварад, ки шумораи гурӯҳҳои ҷангӣ дар кишвари ҳамсоя афзояд. Бояд ҳама бидонем, ки аз ин беш идома ёфтани нооромӣ дар Афғонистон тамоми минтақа ва ҳатто шояд ҷаҳонро бо мушкилоти ҷиддие рӯ ба рӯ намояд. Дар шароити кунунӣ интиқоли ҷангҷӯёни террорист аз навоҳии ҷангзадаи Ховари Миёна ба минтақаҳои дигар ва дар ин замина тақвият ёфтани мавқеи созмонҳои террористии байналмилалӣ дар Афғонистон барои давлатҳои Осиёи Марказӣ хавфи ҷиддиро ба миён овардааст. Дар иртибот ба ин бояд қайд кард, ки  имруз дар кишвари ҳамсояамон  ташкилоти террористӣ бо номи Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) бештар фаъолиташро густурда намуда, даст ба амалҳои террористӣ зада истодааст. Аслан ДИИШ Иттиҳодияи муташаккили ҷинояткории гурўҳҳои экстремистӣ ва террористӣ мебошад. Ҷинояткорони байналмилалӣ “ДИИШ”-ро барои фиреби назари мусулмонҳо таъсис додаанд. Тамоми рафтору кирдори аъзои ДИИШ хилофи таълимоти дини мубини Ислом аст. Баробари ин бояд қайд кард, ки  алҳол аъзоёни ДИИШ  дар Афғонистон  ба таври ошкоро ва дар кишварҳои Аврупо бошад, пинҳонӣ фаъолият доранд. Имрӯзҳо мубалиғони ДИИШ аз васоити гуногун истифода бурда, ҷавонҳои раҳгумзадаи зодаи Осиёи Миёна ва дигар мамлакатҳоро ба сафҳои аҳримании хеш қабул карда, онҳоро ба коми ҷаҳанам мефиристанд.  Барои тасдиқи ин гуфтаҳо мисол меорем,ки тибқи расонаи хабарии “Sabah”-и давлати Туркия, 2 нафар шаҳрванди кишварҳои Осиёи Марказӣ бо аъзоёни  ДИИШ ҳамкорӣ намуда, дар шаби Соли нави милодӣ-2023 дар ҳудуди шаҳри Истамбул барои содир намудани амалҳои террористӣ омодагӣ дида буданд, ки оқибат аз ҷониби мақомоти дахлдори Туркия дастгир карда шуданд. Аз ин ҳолат хулосабарорӣ намуда қайд кардан зарур аст, ки чунин омилҳо  ба амнияту давлати ҳар як давлат таъсири манфӣ мерасонад.

      Барои мубориза ва раҳоӣ аз ин падидаи даҳшатбори ҷаҳонӣ моро зарур аст, то дар баробари роҳҳое, ки онҳо барои ҷалби нафарон истифода менамоянд, мардумро огоҳонем ва мушкилоти иҷтимоиву иқтисодро дар сатҳи қишрҳои гуногуни ҷомеа сари вақт ҳал намоем. Ҳамчунин, боло бурдани сатҳу сифати омӯзишу парвариш дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаву олӣ, ки заминагузори рушди шахсияти солими иҷтимоиӣ ба ҳисоб мераванд, таҷдиди назар карда, дар ин замина тақвият бахшидани ҷаҳонбинии илмӣ ва дар рӯхияи худшиносиву худогоҳӣ тарбия намудани насли наврас аз чораҳои муассир дар ин самт ба ҳисоб мераванд.

Шарипов Д.,

устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *