Бахшида ба 110-солагии шоири маҳбуби халқи тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бо ибтикори факултети иқтисодиёт ва технологияҳои инноватсионӣ, кафедраи забонҳои хориҷии Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ мизи мудаввар таҳти унвони “Мирзо Турсунзода – сарояндаи сулҳ ва дӯстӣ” баргузор гардид.
Дар мизи мудаввар узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, шоира Сурайё Ҳакимова иштирок ва суханронӣ намуда, баргузории чунин чорабиниҳоро дар баланд бардоштани маънавиёти насли наврас ва ҷавонон муфид арзёбӣ кард.
Сипас донишҷӯёни соли аввал ва дуюми таҳсилашон бо забони англисӣ дар бораи рӯзгор ва осори Мирзо Турсунзода маълумот дода, ашъори шоирро бо забонҳои англисӣ, тоҷикӣ ва русӣ қироат намуданд.
Филми мустанад оид ба зиндагиномаи шоир намоиш дода шуд. Суруди дилнишин аз эҷодиёти Мирзо Турсунзода аз тарафи донишҷӯён сароида шуд. Муовини директор оид ба тарбия ва рушди ҷавонон Гулчеҳрахон Аҳророва мизи мудавварро ҷамъбаст намуда, ба донишҷӯёни фаъол сипосномаҳои раёсати донишкадаро тақдим намуд.