Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҷаҳони муосирро бе интернет ва умуман шабакаҳои иҷтимоӣ тассавур кардан ғайри имкон аст. Шабакаҳои иҷтимоӣ дар раванди демократикунонии ҷомеаи муосир нақши бориз доранд ва аз нигоҳи дигар он ҳамчун яроқи пурқуввати идеологӣ метавонад ба ин ё он гурӯҳ хизмат намояд. Масалан гуруҳи хуросонии созмони террористии “Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) ва ё бо номи “Давлати исломӣ”, ки ҷинояткорони байналмилалӣ онро барои фиреби назари мусулмонҳо тасъсис додаанд, алҳол тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ дар кишварҳои Аврупо, аз ҷумла дар Туркия, Россия ва баробри ин дар Афғонистон таври ошкорро фаъолияташро ба роҳ мондааст.
Аслан ДИИШ он Иттиҳодияи муташаккили ҷинояткории гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ мебошад, ки нисбатан ором шудани вазъи Ироқу Сурия, имрӯз бештари ҷангҷӯёнаш дар Афғонистон маскан гирифтаанд.
Дар давоми солҳои 2021-2022 дар қаламрави кишвари ҳамсоя аз ҷониби гуруҳи мазкур ҳамлаҳои террористӣ бештар сурат гирифта буданд ва соли равон низ ба назар мерасанд. Баробари ин, чи хеле, ки дар боло зикр намудем, тавассути шабакаҳои интернетӣ низ фаъолияташро тақвият бахшидааст. Мубалиғони ДИИШ ба монанди пайравонаш ТТЭ ҲНИ инро чун яроқи муосир – идеологӣ васеъ истифода бурда, бештар аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ, ба мисоли кишварҳои Россия ва Туркия қарордоштаро ҷалб намуда, сафҳои худро зиёд менамояд. Чунончӣ, дар соли 2022 як шаҳрванди Тоҷикистон бо номи Умед Умаров, ки номи мустаораш Аҳмад Фарид мебошад, қаблан аз қаламрави Русия муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дошта, баъдан ба Туркияву Эрон ва сониян вориди Авғонистон шуда, ба ҷангҷӯёни ДИИШ пайвастааст. Ниҳоят аз ҷониби мақомоти дахлдори кунунии Афғонистон боздошт шудааст. Ё мисоли дигар, тибқи расонаи хабарии “Sabah”-и давлати Туркия, як нафар шаҳрванди Тоҷикистон ва дигаре шаҳрванди Осиёи Марказӣ бо аъзоёни ДИИШ ҳамкорӣ намуда, дар шаби Соли нави милодӣ-2023 дар ҳудуди шаҳри Истамбул барои содир намудани амалҳои террористӣ омодагӣ дида буданд, ки оқибат аз ҷониби мақомоти дахлдори Туркия дастгир карда шуданд.
Хулоса, мақсаду ҳадафи ибрози андешаи хеш ин аст, ки барои мубориза ва раҳоӣ аз ин падидаи даҳшатбори ҷаҳонӣ моро зарур аст, то дар баробари роҳҳое, ки онҳо барои ҷалби нафарон истифода менамоянд, мардумро огоҳонем ва мушкилоти иҷтимоиву иқтисодро дар сатҳи қишрҳои гуногуни ҷомеа сари вақт ҳал намоем. Ҳамчунин, боло бурдани сатҳу сифати омӯзишу парвариш дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаву олӣ, ки заминагузори рушди шахсияти солими иҷтимоиӣ ба ҳисоб мераванд, таҷдиди назар карда, дар ин замина тақвият бахшидани ҷаҳонбинии илмӣ ва дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ тарбия намудани насли наврас аз чораҳои муассир дар ин самт ба ҳисоб мераванд.
Ф.МАМАДҶОНОВ ,
устоди ДИС ДДТТ