Маҷмуъи мақолаҳое, ки дар соли хониши 2025-2026 ба нашр расидаанд

РУШДИ СОҲАИ ХИЗМАТРАСОНӢ ДАР ШАРОИТИ РАҚАМИКУНОНӢ” БАХШИДА БА 35 – СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Конференсияи байналмилалии илмию амалӣ дар мавзуи “Рушди соҳаи хизматрасонӣ дар шароити рақамикунонӣ” ба рушди соҳаи хизматрасонӣ дар шароити рақамикунонӣ бахшида шудааст. Рақамикунонӣ равандҳои хизматрасониро самаранок мекунад, дастрасиро осон мегардонад ва сифати хизматрасониро баланд мебардорад. Конфронсӣ байналмилалӣ, таҷриба ва навовариҳои соҳаи хизматрасониро баррасӣ намуда, технологияҳои онлайн ва барномаҳои мобилӣ, таҳлилҳои иттилоотӣ ва раванди рақамиро меомӯзад. Иштирокчиён, аз ҷумла роҳбарон ва соҳибкорон, дар бораи имкониятҳои рақамӣ ва таҷрибаҳои беҳтарини байналмилалӣ маълумот хоҳанд гирифт. Ҳадаф афзоиши фарогирӣ, самаранокӣ ва ҳамкорӣ дар байни бахшҳо бо истифода аз технологияҳои муосир мебошад.

Масъалаҳои мубрами рақамикунонӣ дар бонкдории муосир

 

Дигаргуншавии рақамии низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои охир як самти асосии рушд ва пешрафти хизматрасониҳои молиявӣ шуда, бо таваҷҷӯҳ ба рушди технологӣ ва инноватсияҳо, барои ҳамаи кишварҳои рушдёбанда ва пешрафта ба як зарурат табдил ёфтааст. Ба ҳар як низоми бонкии кишварҳои ҷаҳон дер ё дар ояндаи наздик лозим меояд, ки роҳи рақамикунониро тай намоянд. Ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ малакаҳои нав ва кадрҳои баландихтисосро дар соҳаи технологияҳои рақамӣ, бо мақсади самаранок иҷро кардани ниёзҳои муштариён талаб мекунад. Ташкилотҳои қарзӣ фаъолияти худро тавассути ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ такмил медиҳанд, ки ин ба онҳо имкон медиҳад, то муваффақ ва рақобатпазир бошанд. Воқеан, дар амалияи имрӯзаи фаъолияти бонкҳои тиҷоратӣ, раванди баландсуръати рақамикунонии хизматрасониҳои бонкӣ яке аз афзалиятҳои рақобатӣ мебошад. Роҳандозии технологияҳои рақамӣ ва дар ин асос таҳлили ҳаҷми нисбатан калони иттилоот имконият медиҳад, то дар амал тадбиқ намудани хадамоти комилан нави бонкӣ шароити мусоид фароҳам оварда шавад.

ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ ИНСОНӢ ДАР ШАРОИТИ ИҚТИСОДИЁТИ РАҚАМӢ

Конференсияи байналмилалии илмию амалӣ дар мавзуи “Идоракунии захираҳои инсонӣ дар шароити иқтисодиёти рақамӣ” ба рушди соҳаи идоракунӣ дар шароити рақамикунонӣ бахшида шудааст. Рақамикунонӣ равандҳои идоракуниро самаранок мекунад, дастрасиро осон мегардонад ва сифати кору хизматрасониро баланд мебардорад. Конфронсӣ байналмилалӣ, таҷриба ва навовариҳои соҳаи идоракуниро баррасӣ намуда, ҳукумати электронӣ, технологияҳои онлайн ва барномаҳои мобилӣ, таҳлилҳои иттилоотӣ ва раванди рақамиро меомӯзад. Иштирокчиён, аз ҷумла олимон, роҳбарон ва соҳибкорон, дар бораи имкониятҳои рақамӣ ва таҷрибаҳои беҳтарини байналмилалӣ маълумот хоҳанд гирифт. Ҳадаф афзоиши фарогирӣ, самаранокӣ ва ҳамкорӣ дар байни бахшҳо бо истифода аз технологияҳои муосир мебошад.

Масоили таҳкими фаъолияти баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит, андозбандӣ ва назорат дар шароити рақамикунонӣ

Конференсияи байналмилалии илмию амалӣ дар мавзуи “Масоили таҳкими фаъолияти баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлилӣ ва аудит, андозбандӣ ва назорат дар шароити рақамикунонӣ” ба рушди соҳаи муҳосибиву андозбандӣ дар шароити рақамикунонӣ бахшида шудааст. Рақамикунонӣ равандҳои муҳосибию таҳлилӣ ва андозбандиро самаранок намуда, сифати хизматрасониро баланд мебардорад. Конфронси байналмилалӣ, таҷриба ва навовариҳои соҳаи муҳосибию андозиро баррасӣ намуда, технологияҳои онлайн ва барномаҳои
мобилӣ, таҳлилҳои иттилоотӣ ва раванди рақамиро меомӯзад. Иштирокчиён, аз ҷумла роҳбарон, муҳосибон ва соҳибкорон дар бораи имкониятҳои рақамӣ ва таҷрибаҳои беҳтарини байналмилалӣ маълумот хоҳанд гирифт. Ҳадаф афзоиши фарогирӣ, самаранокӣ ва ҳамкорӣ дар байни бахшҳо бо истифода аз технологияҳои муосир мебошад.

СИЁСАТИ ФИСКАЛИИ МАҚОМОТИ ГУМРУК ВА АНДОЗ
ДАР ШАРОИТИ РАҚАМИКУНОНИИ ИҚТИСОДИЁТ: АФЗАЛИЯТҲО, МУШКИЛОТ ВА ДУРНАМО

Конференсияи байналмилалии илмию амалӣ дар мавзуи “Сиёсати фискалии мақомоти гумрук ва андоз дар шароити рақамикунонии иқтисодиёт: афзалиятҳо, мушкилот ва дурнамо” бахшида ба Рӯзи касбии кормандони Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон бахри рушди соҳаи гумруку андоз дар шароити рақамикунонии иқтисодиёт бахшида шудааст. Рақамикунонӣ ба баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти гумрук ва андоз, беҳтар кардани равандҳои маъмурӣ, назорат ва хизматрасонӣ мусоидат мекунад. Дар конфронси байналмилалӣ таҷрибаҳои беҳтарин ва технологияҳои инноватсионии истифодашуда дар соҳаи маъмурикунонии гумруку андоз баррасӣ шуданд. Иштирокчиён дар бораи имкониятҳои технологияҳои онлайн, барномаҳои мобилӣ ва автоматикунонӣ барои баланд бардоштани самаранокӣ маълумот гирифтанд. Ҳадафи
конфронс мубодилаи таҷриба, татбиқи роҳҳои ҳалли муосир ва густариши ҳамкории байналмилалӣ ва бо ин васила баланд бардоштани шаффофият, устуворӣ ва самаранокии мақомоти гумрук ва андоз дар заминаи
рақамикунонии иқтисодӣ буд. Матнҳо аз руи маводи аслии муаллифон чоп карда шудааст.

ҶАНБАҲОИ РУШДИ СОҲИБКОРИИ ИННОВАТСИОНӢ ВА ПЕШРАВИИ ИҚТИСОДИЁТИ САБЗ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНДАР ШАРОИТИ РАҚАМИКУНОНИИ ИҚТИСОДИЁТ: АФЗАЛИЯТҲО, МУШКИЛОТ ВА ДУРНАМО

Конференсияи байналмилалии илмию амалӣ ба мавзуи «Ҷанбаҳои рушди соҳибкории инноватсионӣ ва пешравии иқтисодиёти сабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бахшида шудааст. Дар конференсия масъалаҳои
рушди соҳибкории инноватсионӣ ва дурнамои татбиқи он дар замони муосир, муаммоҳои татбиқи технологияҳои муосири инноватсионӣ дар рушди иқтисодиёти сабз, роҳҳои такмили ҷанбаҳои гуногуни иқтисодиёт дар раванди рақамикунонӣ, рушди соҳибкории инноватсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъсири иқтисодиёти сабз ба рушди сармояи инсонӣ аз тарафи олимони ватанӣ ва хориҷӣ таҳлил намуда шудааст.
Иштирокчиён, аз ҷумла роҳбарон ва соҳибкорон, дар бораи имкониятҳои рақамӣ ва таҷрибаҳои беҳтарини байналмилалӣ маълумот гирифтанд. Ҳадаф аз ин конфронси байналмилалӣ афзоиши фарогирӣ, самаранокӣ ва
ҳамкорӣ дар байни бахшҳо бо истифода аз технологияҳои муосир мебошад. Маҷмуа барои олимон, омӯзгорон, докторантон, магистрантон ва доираи васеи хонандагони ба масъалаҳои рушди ҷомеаи муосири Тоҷикистон ҳавасманд пешбинӣ шудааст. Матнҳо аз рӯйи маводи аслии муаллифон чоп карда шудааст.

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ – ЗАМИНАИ БОЭЪТИМОДИ РУШДИ
ИҚТИСОДИЁТ, ИЛМУ ФАРҲАНГ, ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА СУБОТИ
УСТУВОРИ ҶОМЕАИ МУОСИРИ ТОҶИКИСТОН

Маҷмуаи маводи конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзуи «Истиқлоли давлатӣ — заминаи боэътимоди рушди иқтисодиёт, илму фарҳанг, ваҳдати миллӣ ва суботи устувори ҷомеаи муосири Тоҷикистон», бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, натиҷаҳои таҳқиқоти илмии олимон ва муҳаққиқони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва марказҳои илмиро дар бар мегирад. Дар мақолаҳо ҷанбаҳои фалсафӣ-методологӣ ва иҷтимоӣ-фарҳангии истиқлоли давлатӣ, масъалаҳои эҳё ва рушди устувори иқтисоди миллӣ дар 3 давраи соҳибистиқлолӣ, аз ҷумла ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти бунёди «иқтисоди сабз» ва татбиқи технологияҳои рақамӣ дар истеҳсолот мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор гирифтаанд. Ҳамчунин, нақши илмҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ ҳамчун самти афзалиятноки рушди илми тоҷик дар шароити саноатикунонии босуръати кишвар ва аҳамияти забон ҳамчун рукни муҳими таҳкими истиқлол ва рушди давлатдории миллӣ баррасӣ мешавад. Маҷмуа барои олимон, омӯзгорон, докторантон, магистрантон ва доираи васеи хонандагони ба масъалаҳои рушди ҷомеаи муосири Тоҷикистон ҳавасманд пешбинӣ шудааст. Матнҳо аз рӯйи маводи аслии муаллифон чоп карда шудааст.

МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ ЗАБОНШИНОСӢ, ТАРҶУМА ВА ТАЪЛИМИ ЗАБОН ДАР ЗАМОНИ МУОСИР: НАЗАРИЯ ВА АМАЛИЯ

Маҷмуаи маводи конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи «Масъалаҳои мубрами забоншиносӣ, тарҷума ва таълими забон дар замони муосир: назария ва амалия» бахшида ба 35-солагии Истиқлоли
давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, натиҷаҳои таҳқиқоти илмии олимон ва муҳаққиқони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва марказҳои илмиро дар бар мегирад. Дар замони муосир рушди босуръати илм, технология ва
муносибатҳои иқтисодӣ зарурати баррасии масъалаҳои мубрами забоншиносӣ, тарҷума ва таълими забонро ба миён меорад. Дар доираи конференсияи ҷумҳуриявӣ таваҷҷуҳ асосан ба такмили методика ва
технологияҳои муосири таълими забонҳо равона гардида, истифодаи усулҳои инноватсионӣ, захираҳои рақамӣ ва шаклҳои нави омӯзиш ҳамчун омили баланд бардоштани самаранокии раванди таълим мавриди таҳлил
3 қарор мегирад. Ҳамзамон, масъалаҳои марбут ба тарҷума ва омӯзиши истилоҳоти илмӣ баррасӣ шуда, мушкилоти дақиқии маъно, мутобиқати мафҳумҳо ва яксонсозии истилоҳот дар забонҳои гуногун таҳқиқ мегарданд. Ҷойгоҳи адабиёт ва матнҳои иқтисодӣ дар раванди таълим низ мавриди таваҷҷуҳ буда, аҳаммияти онҳо дар ташаккули тафаккури касбӣ ва рушди малакаҳои кор бо матнҳои соҳавӣ нишон дода мешавад. Илова бар ин, масъалаҳои истифодаи истилоҳот ва муоширати касбӣ дар соҳаи молия ва тиҷорат матраҳ гардида, нақши забон ҳамчун василаи муоширати муассир дар муҳити корӣ ва тиҷоратӣ таъкид карда мешавад.
Ин маҷмуа барои баррасӣ ва таҳқиқи масъалаҳои мубрами забоншиносӣ, тарҷума ва таълими забон дар шароити муосир пешбинӣ шуда, ба омӯзиши роҳҳои такмили методикаи таълим, таҳлили мушкилоти
истилоҳоти илмӣ ва тарҷума, истифодаи матнҳои иқтисодӣ дар раванди омӯзиши забонҳо, инчунин рушди муоширати касбӣ дар соҳаҳои молия ва тиҷорат равона гардидааст. Он ҳамчун манбаи илмӣ-амалӣ ба олимон,
омӯзгорон, докторантон (PhD) аз рӯйи ихтисос, магистрантон ва доираи васеи хонандагон дар фаъолияти таҳқиқотӣ ва таълимӣ пешбинӣ шудааст. Матнҳо аз рӯйи маводи аслии муаллифон чоп карда шудааст.

МУАММОҲОИ МУОСИРИ ФИЛОЛОГӢ ДАР ГУСТАРИШЁБИИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА НАҚШИ ОМӮЗИШИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ ДАР ТАҲКИМИ РОБИТАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Конференсияи байналмилалии илмӣ – амалӣ таҳти унвони «Муаммоҳои муосири филологӣ дар густаришёбии таъсири зеҳни сунъӣ ва нақши омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар таҳкими робитаҳои байналмилалӣ» ба баррасии
масъалаҳои мубрами рушди илми филология дар шароити ҷаҳонишавӣ, рақамисозии ҷомеа ва пешрафти босуръати технологияҳои зеҳни сунъӣ бахшида шудааст. Конференсия ҳамчун майдони муҳимми мубодилаи афкори илмӣ миёни муҳаққиқон, омӯзгорон ва мутахассисони соҳаҳои забоншиносӣ, адабиётшиносӣ
ва таҳсилоти забонӣ хизмат мекунад. 3 Дар маркази таваҷҷуҳи конференсия муаммоҳои муосири илми филология, равияҳо ва самтҳои нави таҳқиқот дар забоншиносӣ ва адабиётшиносӣ қарор доранд. Масъалаҳои таҳлили забон дар сатҳҳои фонетикӣ, лексикӣ, грамматикӣ ва дискурсӣ, инчунин омӯзиши матн ва мероси адабӣ дар заминаи равишҳои муосири илмӣ мавриди муҳокима қарор мегиранд. Конференсия ба ҳамгироии
илмҳои гуманитарӣ бо технологияҳои нав, хусусан зеҳни сунъӣ, аҳаммияти махсус медиҳад. Яке аз самтҳои асосӣ баррасии нақши зеҳни сунъӣ дар таҳқиқи забон, таҳлили корпусҳои забонӣ, тарҷума бо воситаи васоити зеҳни сунъӣ, ба шакл даровардани забон ва коркарди матн бо воситаи зеҳнӣ сунъӣ мебошад. Дар ин замина имкониятҳо ва маҳдудиятҳои истифодаи зеҳни сунъӣ дар илми филология, таъсири он ба фаъолияти муҳаққиқон ва рушди тафаккури илмӣ таҳлил карда мешаванд. Самти дигари муҳимми конференсия омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар ҷаҳони муосир аст. Методикаи инноватсионии таълими забонҳои хориҷӣ, истифодаи технологияҳои рақамӣ, платформаҳои онлайнӣ, омӯзиши фосилавӣ ва усулҳои интерактивии таълим баррасӣ мегарданд. Нақши омӯзиши забонҳо дар рушди салоҳиятҳои байнифарҳангӣ, таҳкими ҳамкории илмӣ ва омодасозии мутахассисони рақобатпазир таъкид мешавад. Ҳамзамон, забон ҳамчун омили муҳимми робитаҳои байналмилалӣ, дипломатия ва ҳамкории фарҳангӣ баррасӣ мегардад. Конференсия аҳаммияти
забонро ҳамчун воситаи муколамаи байналмилалӣ, таҳкими фаҳмиши мутақобил ва рушди муносибатҳои устувори байни давлатҳо ва фарҳангҳо нишон медиҳад. Маводҳои конференсия аҳаммияти баланди илмӣ ва амалӣ дошта, барои доираи васеи муҳаққиқон ва мутахассисон пешниҳод мегарданд.

САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ РАҚАМИКУНОНӢ ВА ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ДАР ШАРОИТИ ҶАҲОНШАВИИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИННОВАТСИОНӢ

Маҷмӯаи мазкур фарогири мақолаҳои илмӣ-амалӣ буда, ба баррасии самтҳои афзалиятноки рақамикунонӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ дар шароити ҷаҳоншавии технологияҳои инноватсионӣ бахшида шудааст. Дар
асар масъалаҳои муҳими гузариш ба иқтисоди рақамӣ, рушди инфрасохтори рақамӣ, татбиқи технологияҳои муосири иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, инчунин имкониятҳо ва хатарҳои вобаста ба истифодаи зеҳни сунъӣ мавриди таҳлил қарор гирифтаанд.
Муаллифон ҷанбаҳои назариявӣ ва амалӣ, аз ҷумла таъсири рақамикунонӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисод, маориф, идоракунии давлатӣ ва хизматрасониҳоро мавриди омӯзиш қарор дода, роҳҳои баланд бардоштани
самаранокӣ ва рақобатпазириро пешниҳод менамоянд. Ҳамзамон, масъалаҳои амнияти иттилоотӣ, ҳифзи маълумот ва ҷанбаҳои ахлоқии истифодаи зеҳни сунъӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ баррасӣ шудаанд.
Маҷмӯа барои олимон, муҳаққиқон, донишҷӯён, кормандони соҳаи технологияҳои иттилоотӣ, инчунин барои ҳамаи онҳое, ки ба масъалаҳои рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ таваҷҷуҳ доранд, тавсия дода мешавад.

ЗАХИРАҲОИ ОБӢ ҲАМЧУН ОМИЛИ РАҚОБАТПАЗИРИИ ИҚТИСОДИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОЗОРИ МИНТАҚАВӢ ВА ҶАҲОНӢ

Дар маҷмӯаи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ мақолаҳои илмие пешниҳод шудаанд, ки аз рӯи натиҷаҳои конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ бахшида ба нақши захираҳои обӣ дар таъмини рақобатпазирии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ таҳия гардидаанд. Маводҳо доираи васеи масъалаҳо истифодаи самараноки захираҳои обиро фаро мегиранд, аз ҷумла иқтисодиёти захираҳои обӣ ва пиряхҳо, механизмҳои истифодаи оқилонаи онҳо, танзими давлатӣ, ҷанбаҳои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, инчунин ҳамкории байналмилалӣ дар шароити тағйирёбии иқлим.

Дар корҳои илмӣ диққати махсус ба равандҳои инноватсионӣ ва рақамӣ дар идоракунии захираҳои обӣ равона гардидааст. Маҷмӯаи мақолаҳои илмӣ назарияҳои муосири илмӣ ва қарордодҳои амалиро инъикос менамояд, ки ба рушди устувор нигаронида шудаанд. Нашрияи мазкури маҷмӯаи мақолаҳои илмӣ барои олимон, омӯзгорон, донишҷӯён, аспирантон ва мутахассисоне, ки ба масъалаҳои иқтисодиёти об ва устувории экологӣ таваҷҷуҳ доранд, пешбинӣ шудааст.

РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА НАҚШИ ФАНҲОИ
ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ ДАР ТАТБИҚИ
ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИННОВАТСИОНӢ

Конференсияи байналмилалии илмию амалӣ ба мавзуи «Рушди иқтисоди рақамӣ ва нақши илмҳои табиӣ, дақиқ ва математикӣ дар татбиқи технологияҳои инноватсионӣ», бахшида ба «Бистсолагии омӯзиш ва рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва математикӣ дар соҳаи илм ва маориф», равона гардидааст. Дар доираи
конференсия масъалаҳои мубрами рушди иқтисоди рақамӣ, татбиқи технологияҳои муосири иттилоотӣ, истифодаи зеҳни сунъӣ ва омӯзиши мошинӣ, коркарду таҳлили маълумоти калон, инчунин нақши моделҳои математикӣ ва алгоритмҳо дар ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ баррасӣ шудаанд. Ҳамзамон, масъалаҳои рақамикунонии соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот тавассути системаҳои автоматиконидашуда ва роботҳо, инчунин таҳияи усулҳои муосири идоракунӣ ва маркетинги рақамӣ аз ҷониби олимону муҳаққиқони ватанӣ ва хориҷӣ таҳлил гардидаанд. Иштирокчиёни конференсия, аз ҷумла намояндагони муассисаҳои давлатӣ ва хусусӣ, олимон, муҳаққиқон, докторантон ва омӯзгорон, доир ба таҷрибаҳои пешқадами байналмилалӣ ва имкониятҳои татбиқи технологияҳои рақамӣ мубодилаи афкор намуданд. Ҳадафи асосии конференсия рушди ҳамкории илмӣ, густариши татбиқи технологияҳои инноватсионӣ ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар шароити рақамикунонӣ мебошад. 

Маҷмуа барои олимон, омӯзгорон, докторантон, магистрантон ва доираи васеи хонандагон, ки ба масъалаҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсионӣ таваҷҷуҳ доранд, пешбинӣ шудааст. Матнҳо аз рӯйи маводи аслии муаллифон чоп карда шудаанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *