Конститутсия кафили доимии амнияту суботи
кишвар ва зиндагии орому осудаи мардум аст.
Эмомалӣ Раҳмон

Конститутсия санади муайянсозандаи дурнамои пешрафти ҷомеа ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 6 ноябри соли 1994 дар якҷоягӣ бо мардуми тоҷик дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ин ҳуҷҷати тақдирсоз қабул гардид. Воқеан, қабули чунин санади муҳими сиёсиву таърихӣ як дастоварди бузурги арзишманди миллати тоҷик мебошад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун кишвари соҳибистиқлол ва мутамаддин дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ месозад. Ин санади муқаддас на танҳо муносибатҳои давлат ва шаҳрвандро танзим менамояд, балки кафолати сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ ва рушду нумӯи устувори мамлакат низ мебошад. Конститутсия дар замони истиқлолият ба миллати тоҷик имконият дод, ки бо роҳи озод андешидан, соҳибихтиёр будан ва бо иттиҳоду якдилӣ ояндаи худро бунёд намояд. Дар моддаҳои он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳамчун арзиши олӣ эътироф гардида, давлат уҳдадор шудааст, ки онҳоро ҳимоя ва таъмин намояд. Имрӯз, вақте ки мо дар фазои сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ зиндагӣ дорем, бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки ин неъматҳо маҳз бо шарофати Конститутсия ва сиёсати оқилонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифз ва устувор шудаанд. Имрӯзҳо, ки мо дар арафаи 31-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем, ки ин санади олии тақдирсозро дар ҳаёти ҷомеаи кишвар беҳтар арзёбӣ ва эҳсос бояд кард. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд Конститутсияро эҳтиром намояд, меъёрҳои онро омӯзад ва ба иҷрои он содиқ бошад. Зеро танҳо дар сурати риояи қонун ва эҳтиром ба Конститутсия мо метавонем истиқлолият, сулҳу оромӣ ва суботи миллиро ҳифз намоем. Дар охир бояд гуфт, ки Конститутсия — ин на танҳо як санади ҳуқуқӣ, балки рамзи ваҳдат, истиқлолият ва пояи давлатдории миллӣ аст. Он моро ба сӯйи фардои дурахшон, зиндагии осуда ва ҷомеаи мутамаддин роҳнамоӣ мекунад.
Майнусова Зарнигор Маҳмудовна,
н.и.ҳ. ,муаллими калони кафедраи
ҳуқушиносии ДИС ДДТТ дар ш.Хуҷанд
