“Об калиди рушди устувор аст. Бе об ҳаёт дар рӯи Замин, таъмини аминияти озуқаворӣ ва пешрафти иқтисодӣ номумкин аст”.
Эмомалӣ Раҳмон
Бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор, 2018-2028” дар ДИС ДДТТ мизи мудаввар дар мавзӯи “Масъалаҳои глобалии сарватҳои оби тоза” баргузор гардид. Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии муовини директор оид ба илм ва инноватсия, доктори илмҳои иқтисод, профессор Ризоқулов Т. Р. оғоз гардид.
Сипас маърӯзаи номзади илмҳои биология, дотсент Дониёрова М. М. дар мавзӯи “Нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи оби тоза”, маърӯзаи доктори илмҳои иқтисод, профессор Азимов А. А. дар мавзӯи “Самаранок истифодабарии захираҳои об-нерӯи пешбарандаи ҷомеа” шунида шуд.
Ҳамчунин номзади илмҳои филологӣ, дотсент Р. Алиева дар мавзӯи “Политические аспекты проблемы водных ресурсов» дар ҳузури иштирокчиён суханронӣ намуда, перомуни мушкилоти дастрасӣ ба об дар минтақа фикру мулоҳизаҳои судманд баён дошт.
Баъдан дар атрофи маърӯзаҳо иштирокчиёни мизи мудаввар мубодилаи афкор намуда, фикру мулоҳизаҳои худро оид ба иқдомҳои Пешвои миллат дар мавриди Даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” баён доштанд.