Шароитиимрўз моро водор мекунад, ки мубориза бо ифротгароии динӣ ва терроризмро чун масъалаи ҳаёту мамот қабул намоем. Шак нест, ки ин масъала ба сарнавишти давлатдории миллии мо гиреҳ хўрдааст. Лозим аст, ки ба шинохти моҳияти ифротгароии динӣ, дарки хатари воқеии он ва ба мубориза бо он таваҷҷуҳи бештаре намоем.
Имрӯз дар хориҷи кишвар гуруҳҳои ифротгаро ва бадхоҳоне мисли ТТЭ ҲНИ, Паймони миллӣ, Гуруҳи 24 ва ғайра фаъолият доранд, ки даст ба амалҳои ношоиста зада, дар бораи ҳукумати кишвар суханҳои носазо мегӯянд, дастовардҳои миллии моро нодида мегиранд. Охир бас аст, тафриқаву ҷудоиандозиҳо. Мо як маротиба аз ин роҳи пурхато гузаштем, гирдоби балоро ба сар мушоҳида кардем, пас чаро ба қадри сулҳу субот ва оромии ватан намерасем? Барои мо сулҳу ваҳдат ва оромии кишвар болотар аз ҳама дасисаву ғаразҳои гуруҳҳои алоҳида мебошанд.
Мо, тоҷикистониён бояд ҳамдигарро сиёҳу сафед, муҳоҷиру таҳҷоӣ, ҷанубию шимолӣ, помирию кӯлобӣ, ғармию қурғонӣ набинем. Пеш аз ҳама, тоҷик ва тоҷикистоние бошем, ки як идеяи фарогири миллӣ, идеяи Тоҷикистони воҳид, миллати ягонаи муттаҳид, суботи сиёсию ҷамъиятии кишвар бароямон аз ҳама арзишҳою манфиатҳои дигар болою воло бошад.
Ояндае, ки мо мехоҳем бисозем-ҷамъияти имкониятҳои васеъ, бехатарӣ барои оилаҳоямон, сатҳи баланди зиндагӣ, ҷамъияти босубот- имкони таъмини ҳамаи инро дорем.
Аммо дар он вақт мо бо он таъмин мегардем, ки якҷоя, дастаҷамъона меҳнат кунем, оқилона ва бомулоҳизаю созанда баҳс намоем. Демократия эътимоди миёни шаҳрвандонро талаб дорад. Агар мухолифини сиёсӣ эҳсоси ватандўстӣ надошта бошанд, агар хоҳиши мадоро (муросо) надошта бошанд, демократия зери хатар мемонад.