Рушди иқтисодиёти инноватсионию индустриалӣ: назария, усулҳо, таҷриба

Бахшида ба Солҳои 2018-2021 “Соли рушди деҳот,  сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, “Даҳсолаи байналмилалии амал: “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”  ва Рўзи илми тоҷик дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ конфронси анъанавии илмӣ-амалӣ ва назариявии ҳайати профессорону омўзгорон ва донишҷўён дар мавзӯи “Рушди иқтисодиёти инноватсионию индустриалӣ: назария, усулҳо, таҷриба” баргузор гардид.

Санаи 19-уми апрели соли равон ҷаласаи пленарии конфронс бо иштироки ҳайати васеи профессорон, устодон ва донишҷўён  гузаронида шуд. Конфронсро муовини директори донишкада оид ба илм ва инноватсия д.и.и., профессор Тўрақул Ризоқулов ифтитоҳ карда, ташаккули рушди инноватсионии иқтисодиёт, алоқаи илм ва истеҳсолотро тақозои замон ва амри зарурии пешбурди иқтисодӣ унвон карда, ба кори конфронс комёбиҳо таманно намуд.

Тибқи барномаи конфронс маърўзаи илмии мудири кафедраи ҷомеашиносӣ, н.и.ф., дотсент Турсунов Ф. дар мавзӯи “Рушди фарҳанги деҳот  яке аз омилҳои худшиносии миллӣ” шунида шуд, ки дар он перомуни эълон гардидани Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маълумоти пурмуҳтаво пешниҳод карда шуд.

Сипас дар мавзӯи “Такомули методологияи низоми нафақавӣ дар иқтисодиёти миллии Тоҷикистон” маърўзаи илмии муаллимаи калони кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит Абдураҳмонова М.З., “Дастгирии давлат баҳри рушди фаъолияти соҳибкорӣ” маърўзаи илмии ассистенти кафедраи иқтисодиёт ва соҳибкорӣ Ҷӯраева Н.шунида ва маҳокима карда шуданд.

Маърўзаи илмии донишҷӯи курси 2, ихтисоси 250108 т.б, Маҳмудова Фарангис ба мавзӯи “Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои оби тоза” бахшида шуда, дар он  нақши бесобиқаи сарвати бебаҳои табиат – об  дар рушди ҳамаи соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии мамлакат мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд. Ташаббусҳои Тоҷикистон, алалхусус, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаи умумиҷаҳонии об ниҳоят бузург буда, имрўз кишвари мо ба истилоҳ “лидер”-и ҳалли масоили марбут ба об дар сатҳи ҷаҳонӣ гаштааст, ки ин амр моро тақозо менамояд, то масъаларо нодида нагирем, пайваста ба таҳқиқу баррасии аз ҷиҳати илмӣ асоснок кардашудаи мушкилиҳои марбут ба об бошем.

Ҳамчунин ҷаласаҳои бахшҳои конфронс дар факулта ва кафедраҳои донишкада то санаи 26-уми апрел идома ёфта, дар умум беш аз 200 маърўзаҳои илмӣ шунида ва муҳокима карда мешаванд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *