Мардуми Тоҷикистон ба ТЭТ ҲНИ эътимод надоранд

Имрӯз авзои кунунии минтақа ва ҷаҳон роҳҳои пурзӯр намудани муборизаи беамон алайҳи терроризму ифротгароӣ, ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ ва дигар таҳдидҳоро тақозо дорад. Масъалаҳо ҷиҳати андешидани тадбирҳои мушаххас бобати таъмини амният, пешгирӣ аз фаъолияти унсурҳои терроризму ифротгароӣ, миллатпарастии иртиҷоӣ ва роҳ надодан ба бетартибиҳои оммавӣ аз вазифаҳои муҳими айём маҳсуб меёбад. Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо терроризм, таҳдиди амалҳои нави террористӣ на фақат аз байн нарафтааст, балки теъдодан афзунӣ дорад. Дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ташкилоту созмонҳои маблағгузори онҳо ба мушоҳида мерасад. Мисоли равшани ин гуфтаҳо дар кишвари соҳибистилоли мо гуруҳи экстремисти ва террористие бо номи Нахзати исломи Тоҷикистон бо истифода аз арзишҳои дини муқаддас солҳои тулонӣ дар давлати демократии ва ҳуқуқбунёди мо фаъолият карда ин фурсатро барои худ ѓанимат шумурда чи нақшаҳое паси парда таҳия намуданд. Ва бо чунин нақшаҳои нопоки худ мехостанд, ки субот ва оромии кишвари маҳбуби моро ба ҳам зананд. Ҳарчанд, ки дар солҳои аввали Истиқлолият борҳо барои амалисозии нақшаҳои худ талош намуданд, аммо хилофи солҳоиқабл дар амали соли 2015 анҷомдодаашон зуд тирашон хок хурд ва чеҳраи воқеии экстремистӣ ва террористии онҳо ба мардум ошкор шуд.
Имрӯзҳо ин гурӯҳи ифротгаро бештари ҷавонони тоҷикро, ки дар берун аз марзи ҷумҳурӣ масалан дар Русия ҳамчун муҳоҷири корӣ иқомат мекунанд ва бо сабаби надоштани даромади муносиб бо пешниҳоди «ба даст овардани пули хуб бо ширкат дар як ё ду амалиёт» фирефта намуда, ба доми макри худ боз кашидан мехоҳанд. Ҳамчунин ба доми худ ҷавонони муҳассилини кишварҳои арабӣ таҳсилнамуда низ ҷалб мешаванд. Бо баробари ин, барои ҷалб кардани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ ба таври васеъ истифода мебаранд. Инчунин барои ҷалби ҷавонони минтақаи Осиёи марказӣ низ сомонаҳои мухталифи интернетӣ воситаи асосӣ мебошанд. Гуфтаҳои боло аз он шаҳодат медиҳад, ки дар замони муосир экстремизм ва терроризм хусусияти байналмилалӣ дошта, барои ин гуна зуҳурот сарҳади байнидавлатӣ, миллат ва дин, муқаддасоти дигар низ вуҷуд надорад. Дар иртибот ба ин, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аксар баромадҳои хеш ва инчунин дар ироаи Паёмҳояшон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо таъкид намуданд, ки «Терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар аъмоли он гувоҳ аст, ки терроризм ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст». Аз ин лиҳоз, бобати баланд бардоштани самаранокии мубориза бо терроризм ва дигар зуҳуроти экстремистӣ ҳамкорӣ ва мусоидати ҳар як фарди ҷамъият барои пешгирӣ ва мубориза алайҳи ҷиноятҳои трансмиллӣ зарур аст. Дар иртибот ба ин, қайд кардан бамаврид аст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон доир ба масоили матраҳшуда кайҳо хулосаи зарурӣ бароварда имрӯз ба ТЭТ ҲНИ эътимод надоранд, зеро чанги шахрванди дар кишвар, ки боиси марги даххо хазор ва машаққати ҳазорон нафар сокинон гардида, мучиби харбии иктисодии чумхури шуд, махз бо сабаби тундравихои хизби мазкур ба амал омада буд. Аз ин ру, мардум хузури сиёсии ҲНИ-ро дар арсаи давлатдори хамчун омили нооромии кишвар тасаввур мекунанд. Воқеан мардуми шарифи Тоҷикистон; кормандони муассисаҳои таълимӣ ба номуси ин мулки аз ниёгон мерос монда; ҳушёр ҳастанд дар ҳар куҷо, ки набошанд дар фикри ободи ва оромии Ватан ҳастанд. Миллати тоҷҷик ҳамдигарфаҳм ва муттаҳид аст. Истиклолияти давлатии Точикистон мухимтарин дастоварди миллати мо дар тулли хазор соли охир аст, ки хифзу гиромидшти он карзи шахрвандии мост. Аз ин ру, вазъи мураккаби сиёсии чахони муосир аз мо беш аз харвакта хушёрии сиёсиро такозо менамояд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *