ТАЪСИРИ ҲИЗБҲОИ ТЕРРОРИСТӢ ВА ЭКСТРЕМИСТӢ БА АМНИЯТИ МИЛЛӢ

Мафҳуми терроризм ва экстремизм бо мафҳумҳои зӯроварӣ, зулм, фишороварӣ, таҳқир ва паст задани шаъну шарафи инсон ҳаммаъно буда, хислати фаромиллӣ ва хатари умумиҷаҳонӣ дорад.
Солҳои охир ҷуғрофияи амалҳои бераҳмонаи террористӣ ва экстремистӣ торафт васеъ гашта, дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳоро ба вуҷуд оварда, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазодро васеъ мегардонад. Азбаски зуҳуроти терроризм на балки дар доираи як мамлакат, инчунин дар доираи суботу амнияти кураи замин хавфу хатари бениҳоят зиёд пайдо кардааст, аз ҳамин лиҳоз баҳри кам кардани хавфи амалҳои бераҳмона, ҷомеаи ҷаҳон ва кишварҳои дар як ҳамоиш ширкаткунанда бештар изҳори нигаронӣ мекунанд. Сарфи назар тадбирҳои гуногун дар бахши мубориза бо терроризм, таҳдиди амалҳои нави террористӣ афзоиш ёфта истодааст. Аммо ҷоизи қайд аст, ки баҳри пурра мубориза бар зидди ҳизбҳои террористӣ ва экстремистӣ яку якбора аз тарафи давлатҳои мутамаддин ғолиб омадан имкон надорад ва мубориза бо он солҳои тӯлонӣ, душвор, бо усулҳои чӣ анъанавӣ ва чӣ ғайрианъанавӣ сурат мегиранд.
Илова бар он, вазъи бӯҳрони молиявию иқтисодӣ ба мавҷудияти муноқишаҳои иҷтимоию сиёсӣ дар муносибатҳои байнидавлатӣ ва байнимазҳабӣ, номукаммалии заминаи меъёрию ҳуқуқӣ, ки муаммоҳои баҳсноки минтақавӣ ва байналмиллалиро танзим менамояд, барои ба миён омадани чунин ҷиноятҳо ба монанди терроризм ва экстремизм мусоидат мекунанд. Аз ин рӯ, муаммоҳои дар боло оварда низ ба вазъи марбут, яъне ба аъмоли террористӣ ва экстремистӣ дар ҷаҳон муташанниҷ боқӣ мемонад, зеро сол то сол дар гӯшаҳои канори ҷаҳон фаъолшавии созмонҳо ва ҳизбҳои террористӣ ва экстремистӣ, ниҳодҳои зиёди маблағгузории онҳо ба мушоҳида мерасанд. Алҳол, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ғояҳо ва идеологияҳои террористӣ ва экстремистӣ, хамчун ҳодисаҳои сиёсӣ дар ду маврид ба миён меоянд. Яке, дар ҷомеа вуҷуд доштани беадолатӣ нисбат ба аҳолӣ, дигаре мубориза баҳри ба даст овардани ҳокимият мебошанд.
Дар ин самт, ҳангоми ноил гаштан ба марҳилаи сифатан нави инкишофу пешрафт, зарурияти тарғибу ташвиқоти тарзи солими ҳамзиштӣ, муносибатҳои нави ҷамъиятӣ ва пешбари кардани ғояҳои пешқадам дар тарбияи маънавии ҷавонон баръало бояд ҷорӣ намуд. Талошҳои ҷавонони имрӯза ҷиҳати иштироки фаъолона дар рушду нумӯи ҷаҳон бовар ба он месозад, ки онҳо бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ, ифтихор аз аппарати идоракунии давлатӣ, дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон ва устувор гардонидани мавқеи он дар қатори кишварҳои пешрафта сафарбар менамоянд. Инчунин, мубориза бар муқобили экстремизм ва терроризм яке аз масъалаҳои ҳалталаби ҷаҳони муосир боқӣ монда, аз ҳар як шаҳрванд зиракии сиёсӣ, ватандустӣ ва ҳисси бузурги худшиносиро тақозо менамояд.

Муаллимони калони кафедраи
молия ва қарз Раҳматова З.И., Ҳафизова Р.А.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *