Ҳамаи мо хуб медонем, ки дар Бадахшон Ситоди ҷумҳуриявӣ бо сарварии Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуда, ҷаласаи якмоҳинаи ин ситод санаи 19.10.2018 тавассути телевизиони якуми Тоҷикистон намоиш дода шуд.
Дар ҷаласаи ситод ҳисоботи сардори кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймумин Ятимов дар бораи вазъи сиёсӣ ва иҷтимоии минтақа ва ҳамчунин фаъолияти ситоди мазкур шунида шуд. Аз ҳисоботи Саймумин Ятимов бармеояд, ки дар тарбияи наврасон ва ҷавонон камбудиҳои зиёд ба монанди истифодабарии силоҳи оташфишон махсусан дар шаҳри Хоруғ рӯ ба авҷ аст. Инчунин, айни замон ба ҳар сари аҳолӣ рост омадани зуҳуроти нашъамандӣ, нигоҳ доштан ва ба худ гирифтани қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ ҳамчун намунаи манфӣ муаррифӣ мегардад. Қайд карда шуд, дар ин минтақа 26 шаклҳои гурӯҳҳои зиддидавлатӣ дар шаҳрҳои Хоруғ ва ноҳияҳои Шуғнону Рӯшон ва Роштқалъа мавҷуд буда, вокунишу норизогиҳоро нисбати фаъолияти имрӯзаи Ҳукумати ҷумҳурӣ байни мардум паҳн намудаанд. Сад афсӯс, ки ҷавонони иродаашон паст тез ба ин гурӯҳҳо пайваст шуда, супоришҳои ононро иҷро намуда, ба содир намудани ҷинояти вазнин даст мезанад, ки онҳо бо ин гуна амалиёт онҳо ҳаёти худ ва аҳли оилаи худро зери хавф мегузоранд.
Мо ба фикри Раиси ситод генерал-полковник Саймумин Ятимов пайравӣ намуда, ба хулоса омадем, ки ин гуна рафтори “душманони” мардуми Хоруғзамин дар ин минтақа дастовардҳои замони истиқлолиятро дар Бадахшони номдор ба сифр оварда мерасонад. Хурсандиовар он аст, ки ҷинояткорони ин минтақа аз тарафи мақомотҳои дахлдор дастгирӣ карда шудаанд ва ба онҳо ҷазои зарурӣ таъин гаштаанд. Яъне, ба ин шахсони роҳгумкарда гуфтанием, ки дар мамлакати мо амнияти осудаҳолонаи мардум дар зери назорати доимии Ҳукумати кишвар мебошад ва онҳо заррае ба ноором гаштани Тоҷикистон зиён расонида наметавонанд..
Мо шаҳрвандони шарафманду озоди Тоҷикистони азизамон ифтихор дорем, ки ҳукумати кишвари маҳбубамон таҳти роҳбарии сарвари хирадмандамон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар як гушаю канори мамлакатамонро ободу зеботар мегардонад.
Мутассифона, чанд муддатест, ки дар атрофи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баъди сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтугузор ва баррасиҳои мухталифе дар васоити ахбор ва миёни мардум баргузор шуда истодааст.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ, хусусан дар сомонаҳои гурӯҳҳое, ки сиёсати имрӯзаи давлатдории моро намепазиранд ва назари мухолифатомез доранд, воқеаҳои Бадахшонро тавре обуранг медиҳанд, ки гӯё тамоми Тоҷикистон бар зидди ин минтақа мебаромада бошад. Махсусан, он фирориёну намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои зиддимардумие, ки дар Аврупо қарор доранд ва дар нишасти солонаи САҲА оид ба ченакҳои инсонӣ иштирок намудаанд, иғвогарӣ намуда, мехоҳанд масъалаи Бадахшонро ба манфиатҳои сиёсии худ истифода баранд.
Тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳо ВМКБ як ҷузъи таркибии Тоҷикистон аст ва имтиёзе ба ҷуз мухторияти идоракунӣ надорад. Баъдан кадом давлат ба худ иҷозат медиҳад, ки дар як гӯшаи он ҷиноятҳои баде чун фурӯши озоди маводи мухаддир идома ёбаду мақомоти ҳифзи ҳуқуқи он коре карда натавонанд?
Аз ин рӯ, мардуми Бадахшон бояд худашон вазъиятро ба таҳлил гирифта, ба ҳар гуна овозаву иғвогариҳо гӯш надиҳанд. Агар вазъи ҷинояткорӣ ҳарчи зудтар ислоҳ шавад, ба манфиати мардуми минтақа ва умуман Тоҷикистон хоҳад буд.
Абдулмаҷиди Бобоҷониён ва Раҷабов Нуъмон,
кормандони шуъбаи табъу нашри ДИС ДДТТ