ҶИНОЯТҲОИ СОДИРКАРДАИ ИЗЗАТ АМОН АЁН АСТ!

Вақтҳои охир дар расонаҳои хабарӣ, бахусус дар шабакаҳои иҷтимоӣ оид ба масъалаи аз озоди маҳрум шудани фиребгар ва қаллоби №1 Иззат Амонз сарасару садоҳои гуногун паҳн гардида истодааст.
Бояд ёдовар шуд, ки тибқи маълумотҳои расмӣ Иззат Амон аз сабаби риоя накардани қоидаҳои будубош ва бо роҳҳои ғайриқонунӣ соҳиб шудан ба шаҳрвандии Федератсияи Русия, бо қарори додгоҳи шаҳри Москва аз ҳудуди Федератсияи Русия ронда шуда буд. Ҳамчунин Иззат Амон барои содир кардани ҷинояти қаллобӣ дар асоси моддаи 247, қисми 4-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ӯ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда буд. Номбурда дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошт ва баъди истирдоди ӯ аз Русия дар шаҳри Душанбе аз тарафи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дастгир ва ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд. Иззат Амон дар Русия солҳои тӯлонӣ бо роҳи фиребу найранг, бо баҳонаи ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ даҳҳо нафар корафтодагони шаҳрвандони Тоҷикистон ба бовариашон даромада, маблағҳои калони пулӣ гирифта, аз худ намудааст. Дар ҳақиқат дар хориҷи мамлакат бархе аз муҳоҷирон аз надонистани ҳуқуқҳои худ ба ҳаргуна инсонҳои тасодуфӣ бовар карда, оқибат ба доми фиребашон меафтанд. Иззат Амон аз қабили ин гуна афрод аст, ки таи беш аз 20 сол бо мардумфиребиву найрангӣ машғул буд. Ниҳоят барои содир намудани чунин амалҳои номатлубаш дар кишвар бо қарори Суд ба муҳлати 9 сол аз озоди маҳрум шудааст. Имрӯзхо оид ба ин масоил дар хориҷи кишвар тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ пайравону роҳбари ТТЭ ҲНИ маълумоти амиқ надошта, беасос садо баланд карда, мехоҳад нишон диҳад, ки Иззат Амон гуноҳе надораду даст ба амалҳои ношоиста назадааст ва танҳо манфиатҳои муҳоҷиринро ҳимоя менамояд.
Мо бояд ҳақиқатро аз дурӯғ, ҳалолкорро аз ҳаромкор фарқ кунем, ба қадри некӣ ва бадӣ расем ва ба ҷавонон низ фаҳмонем, ки фирефтаи чунин қаллобон нашаванд. Ҳар як гап ва ҳар як қадами чунин разилон бар зарари ҷамъият аст!
Бояд хотиррасон хотиррасон кард, ки вақт довар аст ва набояд фаромӯш кард, ки дар назди қонун гунаҳкор будан ва набудани ӯро танҳо Суд муайян менамояд. Қонун барои ҳама як аст!
Офтобро бо доман пӯшида намешавад ва оқибат ҷиноятҳои содиркардаи Иззат Амон аёну тасдиқи худро ёфт, ҳақиқат ғолиб омад! Воқеан амалҳои ин афрод сазовори ҷазост ва дар назди қонун ҳама баробаранд. Бигузор Иззат Амони қаллоб ҷазояшро гирад. Ин гуна инсонҳо аз ҷамъият бояд решакан шаванд!

М. АХМЕДОВ,
сармуаллими кафедраи математекаи олӣ
ва технологияҳои инноватсионӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *