Мардум фирефтаи афкори душманони миллат намегарданд!

Бархе аз ифротгарон мехоҳанд бо ҳар роҳу восита афкори ҷомеаи ҷаҳонӣ ва мардуми Тоҷикистонро нисбат ба роҳбарият ва Ҳукумати кишвар тира созанд. Бисёр шигифтангез аст, чунин афрод зомини марги ҳазорҳо шаҳрванди бегуноҳи кишвар шуданд ва хиёнат ба Ватан ва мардуми он карданд. Онҳое, ки солиёни дароз бо дасисабозову гумроҳкунии мардум даст заданд, ба миллату ватану дину мазҳаби худ хиёнат карданд. Мутаасифона, дар ҷомеаи мо низ аломатҳои чунин зуҳуроти номатлубро мушоҳида намудан мумкин аст. Ин падидаҳои номатлуб барои мардуми азияткашида, сулҳдўст ва ватанпарвари тоҷикшинос буда, баъд аз пош хўрдани Иттиҳоди Шўравӣ бо ин зуҳуроти номатлуб рўбарў гашта аз «шарбат» -и он чашида буд , ки он ҷанги шаҳрвандӣ буд.

Мо медонем, ки яке аз шиорҳои дини мубини Ислом ин беозорист, пас он амалҳое, ки бархе аз намояндагони ҲНИ (мамнӯъшуда) ба сомон расониданд ин амалҳо зидди ҷамъиятӣ буда, бо як сухан на аз дину, на аз ҳизбуванаазинсонист! Чигунадидавудониста, ба чашми ҳамватанони худ хок мепошанд, магар Онҳо пешравиву гулгулшукуфоии Тоҷикистони азизамонро намебинанд!?.

Яке аз масъалаҳои марказие, ки чун доғи рӯз дар тамоми васоити ахбори умум баррасӣ гардида истодааст, ин масъалаи ҲНИ мебошад. Аз як тараф агар рӯзноманигорон ба омма ин масъаларо баррасӣ намоянд, аз ҷониби дигар худи шаҳрвандон низ аслу моҳияти ин ташкилотро дарк намуда истода, фикру акидаҳояшонро иброз дошта истодаанд.

Хушбахтона давлату миллати мо тамоми зуҳуроти номатлуби замони муосирро, хусусан ифротгароии диниро маҳкум менамояд. Терроризм чун вабои аср аҳли ҷомеаи башарро ба ташвиш андохта, хусусияти ҷаҳонӣ касб намуда, барои мардуми сайёра таҳдидҳои нав ва сангин эъҷод мунамояд. Имрўз зарур аст, ки нисбати ин гуна гурўҳҳо ва ҳаракатҳои террористию ифротгароиҳо, ки аз тарафи баъзе аз давлатҳои абадқудрат ташкил шуда сармоягузорӣ карда мешавад ва истифода аз дини мубини ислом, ки оини покиву таҳаммулгароист, ба амалҳои террористӣ даст мезанад, хуни ноҳақ мерезад ва ормию осоиштагии мардумро халалдор месозад муборизаи оштинопозир бурдан лозим аст.

Мардуми ватанпарасти мо тўли солҳои пур аз ошебу фарози истиқлолият бо дарки хештаншиносӣ ва огоҳии сиёсӣ борҳо бо чунин гирудорҳои сиёсӣ бархўрд кардаву паёмадҳои чунин фитнагариҳорооянданигарона дарк мекунад. Аз ин рў сиёсати хирадмандонаи роҳбари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуда намегузорем, ки дигарбора вазъияти ороми кишвар ба ҷунбиш ояд.

Мақсудова С.
Муаллимаи калони
Донишкадаи иқтисод ва савдо

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *