МАНФИАТҲОИ СИЁСИИ ДАВЛАТҲОИ  АБАРҚУДРАТ АЁН АСТ!

 

     

Мусаллам аст, ки терроризм ва экстремизм падидаи манфӣ буда, имрӯз яке аз амалҳои бениҳоят хатарнок нинохта шуда, ҳамчун ҷинояти дорои хусусияти байналмилалӣ эътироф шудааст.

Имрӯзҳо мушоҳидаву таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки манфиатҳои сиёсии давлатҳои абарқудрат асосан бо ҷалби ташкилотҳои террористиву ифротӣ зери шиори ҳифзу эҳёи дин тарғиб гардида, омилҳои динӣ асоси нооромиву низоъ дар кишварҳои гуногун гаштаанд. Воқеан, бе ягон шубҳа ташкилотҳои террористиву экстремистӣ бо пуштибонии кишварҳои абардқудрат дар ноором сохтани вазъи сиёсии кишварҳои минтақа даст дошта, бо ин роҳ мехоҳанд ҳадафҳои иқтисодӣ ва ғоявии худро пиёда созанд. Чунончӣ, имрӯзҳо вобаста аз вазъи кунуни Афғонистон, асосан аъзоёни ташкилоти террористии бо ном давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) , Ал –Қоида ва дигар равияҳои ифротӣ дар ин кишвар маскан гирифта, ошкору пинҳонӣ фаъолият доранд. Мақсади асосии ин гурӯҳҳои террористӣ, пеш аз ҳама, расидан ба ғаразҳои сиёсию иқтисодӣ ва ғоявист. Дар робита ба ин, бояд қайд кард, ки дар давоми соли 2022 дар Афғонистон содир шудани таркишҳои зиёд ба қайд гирифта шудаанд. Аз ҷумла:

-санаи 21 апрели соли ҷорӣ дар вилояти Қундузи Афғонистон, ки ҳаммарз бо Тоҷикистон аст, як таркиш рух дод, ки тибқи иттилои расонаҳои маҳаллӣ 4 нафар ба ҳалокат расида, 18 тани дигар дар пайи ин таркиш маҷрӯҳ шудаанд. Баробари ин ҳодиса дар шимоли Афғонистон, дар яке аз масҷидҳо низ таркиши шадид рух дод. Ҳодисаи мазкур дар Мазори Шариф, маркази вилояти Балхи Афғонистон ба вуқуъ пайваст. Дар натиҷаи ин ҳодиса 5 нафар ба ҳалокат расида, 65 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.

– 17 август дар як масҷид дар шимолу шарқи Кобул таркиш ба амал омад, ки дар натиҷа дасти кам 30 нафар ба ҳалокат расида, ҳудуди 40 нафари ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд;

-санаи 5 сентябр дар назди сафорати Русия дар Кобул, пойтахти Афғонистон таркиш ба амал омад, ки дар натиҷа ду кас ба ҳалокат расида ва беш аз 11 нафар захмӣ шудаанд.

Хулоса, ҳамаи ин амалҳои террористӣ ба он далолат менамояд, ки мушкилоти аср ва таҳдидҳои нав ба тамаддуни башарӣ мунтазам афзоиш ёфта, амнияти давлатҳои хурду бузурги олам ва ҳатто тақдири тамоми аҳли башарро ба хаттари ҷиддӣ рӯ ба рӯ сохтаанд. Бинобар ин, нагирифтани пеши роҳи ин хатари умумибашарӣ метавонад боз ҳазорҳо мардуми осоиштаро аз ҳаёт маҳрум созад, зеро дар қалбу вуҷуди гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, ки чунин зулму ситам ва афкору андешаи ҷоҳилона ҷой гирифтааст, ба ҷуз бадбахтӣ ва маҳрумият овардан, дигар андешаи солиме ҷой надорад.

Бинобар ин, дар шароити кунунӣ вазифаи ҳар фарди ватанпарвару миллатдӯст, алалхусус ҷавонон, ки нерӯи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, аз он иборат аст, ки ба равандҳои ҷорӣ ва тавсеаи зуҳуроти номатлуб бо диди огоҳона ва солим назар карда, барои ҳифзи сулҳу Ваҳдати миллӣ, осоиши зиндагӣ ва таъмини рушду тараққиёти Ватани азиз аз худ нақше бар ҷой гузоранд. Сулҳ, озодӣ, ваҳдат, якдилӣ, ободие, ки имрӯз Тоҷикистони маҳбуб дорад, чун гавҳараки чашм ҳифз намуда, арзишҳои беҳтаринеро, ки сабабгори ҳаёти хурраму осуда ва саодатманд гардидааст, ҳамвора идома бахшанд.

Д.ҶОННАЗАРОВА,

 номзади илмҳои фалсафа, дотсенти ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *