ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА ДАСТОВАРДҲОИ СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ЧУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН

Истиқлоли давлатӣ бузургтарин дастовард ва муқаддастарин неъмат ба ҳисоб рафта, нишонаи асосии соҳибихтиёру соҳибдавлат будани ҳар як миллат ба шумор меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 Истиқлоли давлатии худро эълон намуд ва саҳифаи нав дар таърихи кишвари мо кушода шуд. Вале, мутаассифона дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, кишвари мо ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд.

Дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ, кишвари моро беқонуниву бенизомӣ фаро гирифта, сохторҳои ҳокимияти давлатӣ фалаҷ гардиданд, даҳҳо ҳазор нафар шаҳрвандони бегуноҳ, аз ҷумла, занону кӯдакон ба ҳалокат расида, қариб як миллион нафар гуреза шуданд. Ҳамчунин, ҳазорҳо хонаи истиқоматӣ сӯзонида шуд ва садҳо корхонаву коргоҳҳо комилан нобуд гардиданд. Зарари умумии ҷанги шаҳрвандӣ маблағи беш аз 10 миллиард доллари амрикоиро ташкил дод.

Дар чунин шароити душвори пурҳасос ба миллати тоҷик ва Тоҷикистон, ки қадамҳои аввалинашро дар ҷодаи соҳибистиқлолӣ мегузошт ва бо таҳдиди нестшавии давлат гирифтор шуд, ниёз ба шахсияти наҷотбахш ба миён омад ва ин шахс Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд. Агар азму ирода ва кӯшишҳои сиёсии Сарвари мамлакати мо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намебуд, аз даст додани Истиқлоли давлатӣ як амри воқеӣ буд.

Баъд аз панҷ соли муқовимати мусаллаҳона корвони сулҳи тоҷикон пас аз сипарӣ намудани чандин давраҳои музокирот, 27-уми июни соли 1997 ба манзили мурод расид ва бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ марҳилаи нави рушди ҳамаҷонибаи Тоҷикистон оғоз ёфт, ки ин дастоварди бузургтарин дар даврони соҳибистиқлолӣ мебошад.

Ба шарофати Истиқлоли давлатӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зиёда аз 180 давлатҳои ҷаҳон робитаҳои дипломатӣ барқарор карда, узви фаъоли созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ гаштааст.

Бояд қайд кард, ки барқарор намудани муносибатҳои хориҷӣ ва шиносонидани Тоҷикистон чун кишвари мустақил яке аз муҳимтарин ва мушкилтарин бахшҳои давлатсозӣ дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ буд. Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 29 сентябри соли 1993 бори нахуст аз минбари Созмони Милали Муттаҳид сухан ронда, ҷомеаи ҷаҳониро бо ҳадафҳои сулҳҷӯёна ва таҳкиму тақвияти ҳамкориҳо бо ҳама кишварҳои дӯсту сулҳпарвари ҷаҳон ошно намуданд.

Натиҷаи кӯшишу заҳматҳои Президенти кишвари мо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки даҳҳо кишвари хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон намояндагиҳои худро боз намуданд. Ҳамзамон, Ҷумҳурии Тоҷикистон низ вобаста ба манфиатҳои миллӣ ва самтҳои асосии сиёсати хориҷии худ дар 30 давлати хориҷӣ – Австрия, Арабистони Саудӣ, Афғонистон, Белгия, Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Ҷумҳурии Куба, Озарбойҷон, Олмон, Миср, Покистон, Туркия, Туркманистон, Федератсияи Россия, Ӯзбекистон, Украина, Эрон, Чин, Ҷопон, Швейтсария, Ҳиндустон, Қазоқистон ва Қирғизистон намояндагиҳои дипломатӣ (сафоратҳо) боз намудааст.

Ҳоло, Консулгариҳои генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб, Станбули Ҷумҳурии Туркия, Мазори Шарифи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Алма-Атои Ҷумҳурии Қазоқистон, шаҳрҳои Екатеринбург, Уфа, Санк-Петербург ва Новосибирски Федератсияи Россия, фаъолият мекунанд. Ҳамчунин, дар таърихи сиёсати хориҷии кишварамон дар масири истиқлолият бори аввал институти Консулҳои фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, дар ин замина Консулҳои фахрии мо дар заминҳои федеролии Ҳамбург ва Шлезвиг-Ҳолштайни Олмон, шаҳрҳои Краснодар, Калининград, Ҷумҳурии Карелияи Федератсияи Россия ва дигар кишварҳои дунё таъйин ва ба фаъолият шурӯъ намуданд.

Тоҷикистон имрӯз бо созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ – Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Аврупо, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шанхай ва бо дигар созмонҳо ҳамкориҳои судманд менамояд.

Маврид ба зикр аст, ки Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷалби бештари ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати ҳамкорӣ, аз ҷумла, дар самти табодули мол, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва ғайра охири соли 2002 бо ташаббуси худ сиёсати «дарҳои боз»-ро эълом доштанд. Бо эълони «сиёсати дарҳои боз» равобити байналмилалии Тоҷикистон боз ҳам рушд ёфта, ҷалби сармояи хориҷӣ барои бозсозии кишвар оғоз карда шуд, ки ин сиёсат то имрӯз бомуваффақият идома дорад.

Имруз, ташаббусҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои минтақаву ҷаҳон, алалхусус ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об ва тағйирёбии иқлим, мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккилонаи фаромиллӣ аҳамият ва дастгирии худро ёфтаанд. Алалсус, силсилаи ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли мушкилоти об дар ҷаҳон аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шудаанд, аз ҷумла:

  1. Соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза»;
  2. «Даҳсолаи амалиёти байналмилалии «Об барои ҳаёт», 2005-2015»;
  3. Соли 2013 «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об»;
  4. Даҳсолаи байналмилалии амал: «Об барои рушди устувор, 2018-2028».

Ҳамаи ин ташаббусҳои Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои об дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун «Раванди оби Душанбе» дар ҷаҳон шуҳрат ёфтаанд. Ҳоло ташаббуси чоруми Тоҷикистон – Даҳсолаи байналмилалии амал: «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028 дар сатҳи милливу минтақавӣ ва ҷаҳонӣ амалӣ гашта истодааст.

Ҳамзамон, бо ин ташаббусҳо, Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои амният дар минтақа ва ҷаҳон кӯшишҳои худро равона карда истодааст. Тоҷикистон ҳамчун давлати аз ҷанги таҳмилӣ азияту мушкилоти зиёд кашида, намехоҳад, ки кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ба чунин бӯҳронҳои сиёсӣ дучор шаванд.

Вобаста ба ин, тайи даҳсолаҳои охир, дар шаҳри Душанбе як қатор конфронсҳои байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба масъалаҳои амният ва сулҳу субот баргузор гаштаанд. Аз чумла, конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» (4 майи соли 2018  дар ш. Душанбе) ва конфронси сатҳи баланд дар мавзӯи «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил» (ш. Душанбе 16-17 майи соли 2019 ) баргузор гаштанд.

Солҳои 2018-2019, Ҷумҳурии Тоҷикистон раисии худро дар Иттиҳоди давлатҳои Мустақил, ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ва Форуми ҳамкории амниятии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ба ӯҳда дошт.

Ҳамчунин, солҳои 2020-2021 раисии Тоҷикистон дар нуҳумин конфронси вазирони «Қалби Осиё – Раванди Истанбул», Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД ) ва Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) баргузор гашт.

Таърих ва фарҳанг яке аз рукнҳои ҷудонашавандаи ҷомеа буда, таҷассумгари ҳар як давлату миллат маҳсуб мешаванд. Тоҷикон яке аз миллатҳои қадимаи дунё ва дорои таърихи беш аз 6000 – сола буда, ҳанӯз аз давраҳои бостонӣ соҳиби саводу қалам, девону дафтар, илмдӯсту адабпарвар, давлатсозу давлатдор, меъмору шаҳрсоз, шаҳрдору шаҳрнишин, яъне фарҳангиву тамаддунсоз ва ободкору созанда ба шумор мераванд.

Аз ин рӯ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон бо мақсади эҳё ва муаррифӣ намудани таъриху фарҳанги куҳанбунёди тоҷикон дар даврони Истиқлоли давлатӣ даҳҳо ҷашну чорабиниҳои муҳимро бахшида ба санаҳои таърихиву фарҳангӣ дар мамлакат ва берун аз он ташкил намуданд.

Аз ҷумла, ҷашни 1100 – солагии давлатдории Сомониён, 2700 – солагии китоби муқаддаси «Авасто», Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ, 1150 – солагии устод Рӯдакӣ, Соли бузургдошти Имоми Аъзам, 1000 – солагии Носири Хусрав, 800 – солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, 700 – солагии Мирсайид Алии Ҳамадонӣ, 700 – солагии Камоли Хуҷандӣ, 2700 – солагии шаҳри Кӯлоб, 2500 – солагии шаҳри Истаравшан, 3000 – солагии маданияти Ҳисор, 5500 – солагии Саразми бостонӣ ва даҳҳо ҳамоиши дигар мебошанд.

Кишвари мо, 6 апрели соли 1993 аъзои комилҳуқуқи ЮНЕСКО (ташкилоти махсуси Созмони Миллали Муттаҳид – оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг) гардид ва худи ҳамон сол дар Вазорати корҳои хориҷӣ Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО ташкил карда шуд.

Дар даврони истиқлоли давлатӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ин ташкилот ба дастовардҳои назаррас муваффақ гаштааст. Аз ҷумла, мусиқии шашмақом, фалак ва иди ниёгони мо – Наврӯз ба феҳристи мероси ғайримоддӣ ва шаҳрҳои қадимаи Саразм ва Тахти Сангин, Боғи миллии Тоҷикистон, «Чакан» ба Феҳристи мероси моддии ташкилоти ЮНЕСКО шомил гардиданд.

Солҳои минбаъда дигар мероси таърихиву фарҳангии мо, аз ҷумла, ёдгории таърихии Ҳулбук ва ҷашнҳои Меҳргону Сада низ ба ин созмони бонуфузи байналмилалӣ пешниҳод карда мешаванд.

Ҳамин тариқ, маҳз ба шарофати 31 соли Истиқлоли давлатӣ ва хизматҳои бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, кишвари мо аз вартаи нестшавӣ эмин дошта шуда, фарҳангу таърих ва арзишҳои миллии тоҷикон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ карда шуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ тавонист на танҳо равобити судманд бо давлатҳои хориҷӣ барқарор созад, балки бо пайдо намудани дипломатияи хоси худ, ки бар ҳифзи мафиатҳои миллӣ ва эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ асос ёфта, дар ҳалли масоили минтақавӣ ва ҷаҳон шинохта шудаанд, мавқеи худро боз ҳам баланд гардонад.

Аз ин лиҳоз, ба шаҳрвандони мамлакат, алалхус ҷавонон зарур аст, ки ташаббусҳои бунёдкоронаи Сарвари мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуда, дастовардҳои истиқлоли давлатӣ чун– сулҳу, субот, тинҷиву оромӣ ва Ваҳдати миллиро ҳифзу гиромӣ доранд. Зеро, дар шароити мураккаби ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки ҷангу низоҳоро дар баъзе минтақаву давлатҳо ба амал овардаанд, сулҳу субот, тинҷиву оромӣ ва Ваҳдати миллӣ аз арзишмандтарин дастовардҳои  Истиқлоли давлатӣ маҳсуб мешаванд.

ҲОШИМОВ Ф.Ҷ.

муаллими калони кафедраи ҷомеашиносии ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *