ДАСИСАБОЗИИ НАВБАТИИ КАБИРӢ ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

                                                                               

Мушоҳидаву таҳлилҳо собит месозанд, ки мутаассифона дар ҷомеаи имрӯзаи мо инсонҳое ҳастанд, ки барои пиёда намудани ҳадафҳои нопоки худ обрӯ ва эътиқоди миллату мардуми тоҷикро нодида гирифта, пайваста дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайи беасосу мисол паст задани миллату давлати мо ба ибораи «мелақанд» Масалан, тайи чанд соли охир роҳбари ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ, ки бо пуштибонии хоҷагонаш дар Аврупо қарор дорад, бо дасисабозии худ нисбати кишвари мо суханҳои беасос ва пучеро пеша намудааст. Мо бо санаду далел ва мисолҳои амиқ амалҳои хиёнтакоронаи Кабириро, аз ҷумла, дар филмҳои ҳуҷҷатӣ бо номи “Бозгашт аз ҷаҳаннам” ва “Хиёнат” мушоҳида намуда, аз фасоду иғвогариҳояш бохабар ҳастем ва нисбаташ ақидаамонро баён дошта будем. Таъкидан боз қайд менамоем, ки ин хоини миллат бар ивази чанд пайсаи хоҷагони хориҷии худ имону виҷдонашро ба боди фано супурда, ҳоло дар пайи иҷрои супориши навбатии хоҷагони худ ҳар сақави дурӯғеро, ки ба даҳони бефарозаш рост меояд, баён менамояд.  Ҳафтаи аввали моҳи сетябри соли равон Кабирӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ баромад карда, дини мубини Исломро барои худ сипар нишон дода, ғояҳои ифротӣ паҳн намуд. Аз суханронии ин гуна афрод бе ягон мушкилӣ фаҳмидан мумкин аст, ки ӯ пешакӣ ин баромадҳоро бо пайравону ҳоҷагони хориҷиаш омода намудааст ва он ҳадафи худро дорад. Маълумоте, ки Кабирӣ паҳн мекунад, пур аз тӯҳмат ва таблиғи хушунат алайҳи мардуми тоҷик аст. Умуман, рафтору гуфтори Кабирӣ бори дигар нишон медиҳад, ки аслан чунин шахсиятҳои ифротгарои беимон, ватан, миллат ва дину мазҳаб надоранд. Хулоса, амалҳои раҳбарияту пайравони ТТЭ ҲНИ, бахусус Муҳиддин Кабирӣ монанди шағолакони дар пайи тӯъмаи пасмонда сарсонро мемонад, ки аз шукуфоии Тоҷикистони имрӯза дар ҳасрату аламу таҳлука афтодааст. Ба бадхоҳ ва хоини миллат-Кабирӣ боз такроран гуфтанием, ки аз ҳар минбару барномаҳои ифротиаш номи Тоҷикистонро ба забон наорад!. Зеро дар асл ӯ ватанфурӯши бешараф аст, ки ба ин амалкарду гуфтораш гувоҳ аст. Ба далелҳои раднопазир, ки дар филми хуҷҷатии дар боло зикршуда ёдовар гаштаанд, метавон баён дошт, ки Кабирӣ аслан ба мардуми тоҷик ва давлати мо ягон хизмати шоиста накарда, баръакс ҳамеша пайи манфиати хеш ва ғояҳои муғризонааш будааст.

Ба ҳаммаслакони ТТЭ ҲНИ, бахусус ба роҳбараш-Кабирӣ хотиррасон менамоем, ки тоҷики меҳанпараст гарчанде берун аз кишвар зиндагӣ ва ё дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дошта бошад ҳам, ватани худро дӯст медорад ва баҳри ҳифзи сулҳу субот камари ҳиммат баста, муаррифгари Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошаду обрӯю нуфузашро баланд бардошта, бо ин васила, саҳми арзандаи хешро дар рушду нумӯи ватан мегузорад. Ва на мисли ту барин хоин пайи лаққидану хоидани миллату давлати хеш сарсону саргардон аст.

Дар интиҳои андешаи хеш иброз медорем, ки мо ҷавонони номбардори мамлакат тӯҳмату ғайбат ва бадгумонии раҳбарияти ТТЭ ҲНИ-ро шадидан маҳкум карда, намегузорем, ки нохалафон бар мақсадҳои нопоки худ бирасанд ва ба миллату мамлакати мо зарари ғоявию маънавӣ расонанд.

 

 

А.ВАЛИЕВ ,

ассистенти кафедраи иқтисодиёт ва соҳибкории ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *