Манфиатҳои шахсӣ, ҳадафҳои нопок ва каломи хоҷагон …

 

Халқи шарифи Тоҷикистон хуб медонад, ки ин ташкилот солҳои 90-уми садаи ХХ чӣ бадбахтиеро ба сари миллати тоҷик овард, ки таъсираш то ҳол аз хонаводаҳои мардуми тоҷик, бахусус сокинони шаҳру навоҳии водиҳои Вахшу Ҳисор аз байн нарафтааст.  Дар ҳақиқат нобуд кардани китобхона, мактабҳо ва дигар муассисаҳои илмию таълимӣ ва фарҳангию фароғатӣ дар зеҳни мардум таъсир расониданд, ки он боиси паст рафтани сатҳи саводнокӣ ва оқибмондагии низоми илму маориф гардид. Аз ин рӯ, мардуми Тоҷикистон ҳанӯз ҳам фаромӯш накардаанд, ки кадом ваҳшониятҳо ба хонаҳояшон ҳуҷум ва амволашонро тороҷ карду сӯхтанд ва аз дасти кӣ онҳо ба кишварҳои хориҷа гуреза шуданд. Имрӯз низ мардуми одию бечора аз тарси рӯҳонию мулло, ки аксарияташон давомдиҳандагони кори он созмон ҳастанд, ба дод омадаанд.

Миллати тоҷик дар тӯли раванди ҳастии худ ба ин гуна ҳодисаю воқеаҳои мудҳишу даҳшатбор борҳо дучор шудааст. Вале ҳеҷ яке аз ин ҳодисаю воқеаҳое, ки барои бадбахт сохтани мардуми роҳандозӣ шуда буданд, ба мисли ҳаводиси хунину даҳшатбори солҳои 90-уми асри гузашта ва воқеаҳои баъдии алоқаманд ба онҳо ҳамлаи нохалафона ва зарбаи ҷонкоҳтар набуданд. Чунки миллати тоҷик тӯли ҳазор сол аз истиқлол ва соҳидавлатӣ маҳрум буданд. Ҳарчанд, ин гуна ҳаводис, ки ҳамеша бар зидди миллати тоҷик ба хотири роҳ наёфтан ба давлату давлатдорӣ аз ҷониби аҷнабиён роҳандозӣ карда мешуданд. Аммо, ҳаводиси солҳои аввали соҳибистиқлолӣ аз ҷониби бархе аз нафарони тангназару кӯрдил ва манфиатҷӯю хиёнаткор рӯйи кор омаданд.

Бо вуҷуди ин ҳама бадбахтию нооромӣ, майдоншинию ҷудоихоҳӣ ва бегонапарастию худбохтагиҳоро ба сари миллати тоҷик овардани сарварон, вақти дар вуқӯъ шудани ташкилоти мазкур боз роҳбарони бегонашудаи он, ки дар зери фишороварони хоҷагон умр ба сар мебаранд, ҳамеша худро аз ин ҳама дар канор гирифтан мехоҳанд ва тамоми пешрафтҳои имрӯзаи кишвари моро нодида мегиранд.

Илова бар ин, агар ҳар нафаре аз ҳақиқат сухан бикунад, ки роҳбарикунунии ин созмон ва навозандагони дастаи ҳунарии вай барои кишвари Тоҷикистон ҳамин гуна хиёнатҳоро раво диданд, эшон зуд барои нобуд кардани ин нафар фатво медиҳанду худро ҳақбаҷониб мебароранд.

Вале халқ хуб дар ёд дорад, ки онҳо чанд сол қабл бо рафтору кирдорҳои разилонаи худ Тоҷикистонро ҳамчун кишвари мустақил ба ҳолати нобудӣ расониданд. Вале, хиради азалии миллати тоҷик ва фарҳангпарварии мероси ниёгонамон сади роҳи ин ҳама амалҳои ваҳшиёнаи террористии эшон гардиданд.

Хушбахтона имрӯз, миллати мо бо азму иродаи қавӣ ва рӯҳияи шикастнопазир дар фикри  ободкорӣ ва шукуфоии кишвари маҳбубамон буда, дигар фирефтаи дурӯғҳо ва нахоҳанд шуд. Бо вуҷуди ин ҳама зиштиҳо, бадбиниҳо, ҷангандозиҳо, хиёнатҳо, майдонбозиҳо ва ҳоказо тамоми душманони миллати тоҷик, ки чун каҷдум аз дохили ин миллат сар бароварда буданд, бахшида шуданд.

Аз ин рӯзи фархундаи соли равон 29 сол пур шуд, дар таърихи навини миллати тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт мегарданд. То ин санаи муқаддас миллати тоҷик дар дуроҳаи байни обу оташ қарор дошт, ки каме иштибоҳ метавонист номи Тоҷикистонро ҳамчун кишвар аз байн барад. Дар ин рӯз бахт ба рӯйи миллати тоҷик хандиду офтоб аз паси абрҳои сиёҳи фазои Тоҷикистон нурпошӣ кард ва миллати ҷангзадаю чандпораи тоҷик ба ваҳдати комили миллӣ расид. Аз ин рӯз ин ҷониб дар фазои кишвар сулҳу субот ҳукмфармо гардида, гурезаҳо ба хонаи худ баргаштанд, вайронаҳои баъдиҷангӣ барқарор шуданд ва зиндагии осоиштаи мардум таъмин карда шуд.

Имрӯз бошад, бархе аз раҳгумзадаҳо ва кӯрдилон, ки аз паси аҳдофи нопоку муғризонаи ТТЭ ҲНИ  рафтанд, ба ҷазои ҷиноятӣ кашида шуданд ва дар зиндон қарор доранд. Вале роҳбарашон  дар кишварҳои рушдёфта ва тараққикарда машғули тиҷорату корҳои шахсии худ буда, ҳеҷ дар фикри якеи онон низ нестанд. Танҳо ба хотири наозурдани қалби собиқ «ҳамсафон»-аш онҳоро аламбардорӣ мекунад. Ва ҳамон 5 дафтаре, ки созмони мазкур дар Варшава, Берлин, Вена ва ду шаҳри дигар Аврупо боз кардааст, ки ба ҷуз рушди тиҷроати худи ӯ нақши дигаре надоранд. Он афроде, ки дар ин «дафтарҳои хусусӣ»-и вай фаъолият менамоянд, қурбони манфиатҳои ӯ ё мисли дигар аъзои собиқи ҳизби кисагиаш фирефтаи ваъдаҳои сароби ин нафар мешаванд.

Ҳамин тавр, набояд аз паси суханони сароби ин фард рафт ва ба гуфтаҳои ӯ амал кард, зеро барои вай на миллат қадр дораду на меҳан. Барои ӯ танҳо ва танҳо манфиатҳои шахсӣ, ҳадафҳои нопок ва каломи хоҷагонаш дар мадди аввал аст. Боқӣ қазоват ба хонандаи закӣ ва ҳушёру бедори ин сатрҳост…

 

Файзиева Д.М.,

устоди ДИС ДДТТ

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *