Ҳизби наҳзати ислом дар воқеъ ҳизби террористӣ аст

 Имрўз яке аз проблемаҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ терроризм ва экстремизми динӣ ба ҳисоб меравад. Тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ бар зидди ин падидаи номатлуб ва хатарнок муборизаи бемон мебарад.

 Диққати ҳаматарафа ба ин масъалаи мубрам аз он бармеояд, ки дар тамоми олам, махсусан дар мамолики Шарқи Наздик гурўҳҳои террористии «Давлати исломӣ», «Толибон», «Ҷабҳат-ун-нусра», «Ихвон-ул-муслимин» ва ғайра ҷангу хунрезиҳо ангехта, боиси ҳалокат ва фирории садҳо ҳазор мардуми осоишта мешаванд. Ҳамчунин боиси таассуф ва нигаронист, ки ба ин гурўҳҳои ифротӣ ҷавонони ноогоҳу гумроҳ бо ваъдаҳои дурўғ кашида мешаванд.

 Мо дар давраи ҷаҳонишавӣ зиндагӣ мекунем, ки он сиёсати печутобёфта, мураккаб дорад. Барои тасдиқи ин гуфтаҳо метавонем давлатҳои Либия, Яман, Сурия, Ироқ ва дигарҳоро мисол оварем. Ин давлатҳо замоне дар ҳолати омну субот буданд, аммо дар як муддати кўтоҳ онҳо ба як кишварҳои ҷангзадаю қафомонда табдил ёфтанд.

 Ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзат аз ибтидо бо ниятҳи нопоки худ барои халалдор намудани оромию субот ва амну осоиш фаъолият менамуд. Пешравӣ ва сулҳу суботро нахоста, ба ҳар роҳу восита оромии мамлакатро халалдор менамуд.

 Аз рўзҳои аввали фаъолияти худ ин ташкилоти террористӣ аз демократия сўйистифода намуда, амалҳои он аз арзишҳои демократӣ дур буданд.

 Дар солҳои 90-уми асри гузашта ТЭТ ҲНИ яке аз тарафҳои моҷаро буд, фаъолияташ комилан ба меъёрҳои демократӣ мувофиқат намекунад. Муборизаи мусаллаҳонаи ин созмон барои ишғоли мансаб, соҳиб шудан ба қудрат, ба гурўҳҳо ҷудо намудани аҳолӣ, таҳаммулнопазирӣ ба нерўҳои дигари сиёсӣ, хусусан коммунистон, машғул шудан ба амалҳои гаравгонгирӣ ва террор аз моҳияти ғайридемократии ТЭТ ҲНИ дарак медод.

 Сарварони ин созмон бояд эътироф намоянд, ки бадбахтиҳои ба сари мардуми кишвар омада, маҳз аз маърифати пасти сиёсии саркардаҳои ТЭТ ҲНИ дар солҳои 90-уми асри гузашта буд.

 Кабирӣ ва дигар ҳаммаслакони ў, ки мунтазам даъвои сулҳу оромӣ мекунанд, дар қалбашон заррае меҳри Ватан надоранд. Ин душманони давлату миллат маҳз бо маблағгузории хоҷагони хориҷиашон дар ҷаласаҳои САҲА ширкат намуда, аз таъсиси паймони нави хиёнаткоронааш иттилоъ дод.

 Ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати ислом барои пиёда намудани нақшаҳои нопоки худ дар мавриди созмон додани ташкилоти наве, ки дар он номи ислом набошад иттилоъ дод. Бо имзои чор тан аз гумроҳон Муҳиддин Кабирӣ, Шарофиддин Гадоев, Илҳом Ёқубзода ва Алим Шерзамонов гўё онҳо Паймони миллии Тоҷикистонро таъсис доданд. Ҳадафи таъсиси ташкилоти мазкур ҳанўз орзу ва пешниҳоди Кабирӣ буд. Мақсади ниҳоии Кабирӣ бинобар он ки ҳама аз хиёнатҳои наҳзатиён огоҳ гардид ва ин ташкилоти таҳрибкорро фаъолияти ғайриқонуниаш чӣ дар хориҷ ва чӣ дар дохил ҳамагон маҳкум намуданд, мехоҳад паймонеро таъсис дода ҷавононро ба сафҳои худ ҷалб намояд.

 Он нафароне, ки дар иттиҳоди Кабирӣ ҷамъ оварда шудаанд, шахсони манфиатҷў ва беномусе мебошанд, ки барои маблағи ночизи хоҷагони хориҷӣ ватану миллат ва дину мазҳаби худро фурўхтаанд.

 Дар ҳолати зарурӣ ин тўдаи бадхоҳ ҳамдигарро ҳам фурўхта, аз рўи одати дерина хиёнат мекунанд. Наҳзатиҳо ва ҳаммаслакони онҳо мақсадҳои сиёҳе доранд ва аз роҳи террору душманӣ барнагаштаанд.

 Ҳама аз мақсадҳои нопоки ин ҳизби террористӣ огоҳ аст ва фаъолияти онҳоро шадидан маҳкум месозад.

 Ҳизби наҳзатро ҳам дар хориҷ ва ҳам дар дохили мамлакат ҳамчун ташкилоти террористию экстремистӣ мешиносанд ва аъзоёну ҳаммаслакони онро ҳамчун душманони давлату миллат эътироф менамоянд.

 Ҳусаинова Муҳаббат Каримҷоновна,
ассистенти кафедраи тиҷорат
ва
ҳуқуқи ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *