Чанд рўзи охир дар ҷомеа масъалаи болоравии нархи интернет вирди забони ҳамагон гардидааст. Мардум дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои гуногун навишта истодаанд, ки аксари онҳо манфӣ мебошанд. Болоравии арзиши интернет сабаби худро дорад. Яке аз онҳо ин ғайримақсаднок истифода бурдани он мебошад.
Аммо дар баробари ҷиҳатҳои манфӣ болоравии нархи интернет якчанд ҷиҳатҳои мусбиеро дорад, ки мардум ба ин аҳамияти ҷиддӣ надода истодаанд. Миллати тоҷик, ки тӯли қарнҳо арзи ҳасти намудааст, имрӯз низ мақому манзалати хешро дар байни дигар давлатҳо дар арсаҳои баландпояи ҷаҳонц муаррифи менамояд ва Тоҷикистон чун ба маънои томи худ тоҷдор бо халқу мардуми куҳан тамаддунаш бо пояҳои устувору мустаҳкам ҷовидона боқӣ мемонад. Лекин дар ҳама давру замон шахсони бадхоҳи давлату миллат ба руи саҳна меоянд, ки бевосита мехоҳанд бо ҳар роҳу васила ниятҳои нопоку иғвоангезӣ худро амали созанд, ки мисли ин гуна шахсон ба монанди М.Кабирӣ, И.Ёқубов, Мирзои Салимпур ва ҳаммаслакони ў мебошанд, ки имрӯз дар хориҷи мамлакат истиода бар зидди давлати худ низо барангехта истоадаст.
Ҳамагон хуб медонем, ки ҳизбу ҳаракатҳои мухолиф маҳз бо тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ мафкураи ҷавононро вайрон намуда, ақидаҳои ифротии хешро байни мардум тарғиб менамамоянд. Ба ин васила онҳо байни мардум тухми кина кошта, ба мақсадҳои разилонаи хеш расидан мехоҳанд. Вале боиси таассуф аст, ки замоне, оғози соҳибистиқлолии кишвар бо иғвову дасисаи баъзе аз душманони Тоҷикистон ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд ва оқибатҳои ин ҷанги нангинро мо то ба ҳанӯз эҳсос менамоем. Он замон низ он нохалафон ҷавонони соддаи моро бо роҳи фиреб гумроҳ сохта буданд. Масъалаи болоравии нархи интернетро як муаммои муҳим карда ҷомеаро вайрон кардан мехоҳанд.
Солҳои охир тавассути интернет-расонаҳо ҳуҷуми фарҳанги бегона хеле шиддат гирифтааст. Агар нархи интернет боло бардошта шавад, мардум фақат барои корҳои зарурии хеш интернетро истифода мебаранд ва аз тақлид ба фарҳанги бегона худдорӣ менамоянд. Имрӯз ҷавонон аз дар шабакаҳои иҷтимоиву мессенҷерҳо дўстӣ пайдо мекунанд ва на ҳама оқибатҳои хуб дорад. Бо баробари болоравии нархи интернет гурўҳҳои ифротгарои минбари ташвиқу тарғиби ақидаҳои худро аз даст медиҳанд.
Дилафрӯз Ҳомидова,
корманди бахши табъу нашри ДИС ДДТТ