Ҷавонони шоистаи давронро тарбия намоем!

Дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд мулоқоти намояндагони  Раёсати РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо ҳайати васеъи устодону донишҷўён баргузор гардид.

Мулоқотро директори донишкада н.и.и., дотсент Олимӣ Рауф Латифзода ҳусни ифтитоҳ бахшида, суханро ба полковники милитсия Саидзода Баҳром Раҷабалӣ – сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони  РВКД ҶТ дар вилояти Суғд дод.

Саидзода Б.Р. зимни суханронии хеш оид ба масъалаҳои пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон фикру андешаҳои хешро баён намуд. Дар рафти суханрониаш аз омӯзгорону донишҷуён даъват ба амал овард, ки дар шароити  ҷаҳони имрўза ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надода, барои ободии Тоҷикистони соҳибистиқлоламон саъю талош намоянд. Мо бояд имрӯз ҷавононро дар руҳияи ватандўстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ тарбия намоем ва нагузорем, ки онҳо фирефтаи афкори бегонагон гашта, даст ба амалҳои ношоиста зананд.

Дар анҷоми мулоқот директори  донишкада Олимӣ Р.Л. баромад намуда, аз номи кулли омўзгорону донишҷӯёни  муассиса ба роҳбарияти РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҷиҳати ҳамкории ҳамаҷониба миннатдории хешро иброз намуд.

Ҳамин тариқ, мулоқот дар фазои озод ва ҳусни тафоҳуми тарафайн баргузор гардида, ба натиҷагриӣ ва суханрониҳои шунидашуда ба кори худ анҷом пазируфт.

  Хабарнигори “ИТ”

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *