МАҚСАДИ ГУМРОҲШУДАГОНИ ИҒВОГАР АЁН АСТ!

Мушоҳидаву таҳлилҳои вақтҳои охир нишон медиҳанд, ки аз ҷониби гурӯҳҳои тахрибкору тафриқаангез дар баъзе манотиқи ҷаҳон, ки пешрафту шукуфоии кишвари моро намеписанданд, изҳори ақида ва ҳатто амалкардҳои носолим сурат мегирад. Гуруҳаки нотавонбинони миллат, умуман созмонҳои ифротгароӣ ва хоҷагони онҳо аз  дастовардҳои беназири кишвари соҳибистиқлоламон ба таҳлука афтода, имруз ором нестанд ва барои ноором сохтани авзои сиёсии мамалакатамон пайваста бо ҳар шева дар ҳолати нафратэҷодкунӣ ба робҳарияти мақомотҳои сатҳи гуногунро пешаи худ кардаанд. Чунончи, яке аз гуруҳаки ифротии иғвогар, алалхусус, яке аз пайрави фаъоли паймони худдсохтаи наҳзат Муҳаммадиқболи Садриддин, шогирдаш Абдухалил Восиев, лақабаш “Алмаз” ва дигар думравони доимиаш Ашуров Ҳусейну Беҳруз Тағойзода, ки аъзои ҳаракти мамнуъ дар  кишвар “Гуруҳи 24” мебошанд, дар шабакаҳои интернетӣ сайту барномаҳои ифротии худро доранд ва тавассути он нисбат ба сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти кишварро дар назди ҷаҳониён нодуруст арзёбӣ намуда, кӯшиш менамоянд, ки ваъзи кунунии кишварамонро ноором созанд.

           

Наворҳои дурӯғгини доғдоркунандаи номи неки миллат, бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ ва дастури ҳоҷагони хорҷиашон омода карда, дар сомонаҳои интернетӣ пахш мекунанд. Хуллас, нотавонбинони зикршуда ба ғайр аз иғво ва фитнаандохтан корӣ дигар надоранд. Бинобар ин, имрўз ҳар як фарди ҷумҳурӣ бояд дарк намояд, ки ошкору бартараф намудани зуҳури ин гуна амалҳои номатлуб на танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳамчунин вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванди бонангу номуси миллат мебошад. Ин масъулияти шаҳрвандиву фарзандии мост, ки то ҷон дар бадан дорем, барои решакан кардани бадӣ ва ҳар чӣ бар зарари халқу миллати мост, бикӯшем. Хотиррасон кардан зарур аст, ки пешгирии ҷараёну ҳаракатҳои ғайриқонунӣ  кори дастҷамъонаи мо аст. Аз ин лиҳоз, дар муассисаю ташкилотҳо ва оила мо чеҳраи манфури бадхоҳони милллатро ба аҳли ҷомеа  нишон диҳем. Хулоса, ҷомеаи шаҳрвандиро зарур аст, ки шабакаҳои иҷтимоиро ба сифати рушди ҷаҳонбинии ҷавонон ва баланд бардоштани ҳисси ватандориву миллатдӯстӣ самаранок истифода кунанд. Маҳз ба ин восита метавон ҳувияти ҷавонону наврасонро тақвият бахшида, онҳоро аз бегонапарастӣ ва доми фиреби ифротгари нотавонбини роҳгумзада эҳтиёт намуд. Имрӯз ҷавонони даврони соҳибистиқлол бояд дар раванди таҷдиди ҷомеа тавассути таҳким бахшидани фикру андешаи нав, бахусус ҳифзи Истиқлоли давлатӣ ва дастовардҳои он, арзишҳои бунёдии миллатсозӣ ва ватансозиву ватандорӣ бо давлату Ҳукумат ҳамкории фаъолро ба роҳ монда, баҳри решакан намудани ғояҳои ифротагроёна ва  дурӯғбофии бадхоҳони миллат муборизаи беамон бурда, барои оромиву суботи кишвар ва таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ ҳамеша саҳмгузор бошем!

А.ВАЛИЕВ,

ассистенти кафедраи

 иқтисодиёт ва соҳибкорӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *