Муносибати ҳизбҳои сиёсӣ бо дин дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифта, танзими дақиқи худро пайдо кардааст. Муҳимтарин манбаи хуқуқие, ки масъалаи мазкурро ба танзим медарорад, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Чуноне, ки моддаи 8-уми Конститутсия низоми гуногунии ақоидатиро пешбини карда, муқаррар мекунад, ки «Мафкураи ҳеҷ як ҳизб иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳое наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ этироф шавад.
Аммо фаъолияти собиқ ҲНИ дар солҳои охир нишон дод, ки дар амал мушаххас намудани марзи мафҳумҳои «ташкилоти динӣ» ва «ҳизби сиёсии характери динӣ дошта» бисёр мушкил мебошад. Маҳз ҳамин хусусияти васеи қонунгузорӣ мавриди сӯйистифодаи ошкори ҲНИ қарор гирифтааст. Масалан, дар таҷрибаи худ ин ҳизб пайваста фаъолиятҳо ва маросими диние, чун мавлуд, ифтор, таълимоти динӣ, озмуни қориён, шаби Қадр, намози ид, мавъиза ва амри маъруф, ҷанозаҳо ва ғайраро баргузор менамоянд, ки ин фаъолиятҳо ба ҳизби сиёсӣ умуман хос нестанд. Илова бар ин, ҳизби сиёсии динӣ дар таблиғоти ҳизбии худ аз мафҳум ва меъёрҳои динӣ ба таври васъ истифода намуда, аз дин ва аз эътиқоди динии мардум ҳамчун сармояи ҷиддии сиёсӣ истифода менамояд. Дар ин фаъолиятҳо ба таври дақиқ метавон дид, ки марзи байни «ташкилоти динӣ» ва «ҳизби сиёсӣ» аз тарафи собиқ ҲНИ комилан поймол шудааст ва аз байн рафтааст. (А.Ҳаким Заволи ҳизби наҳзат. Минбари Халқ 14 октябри соли 2015. саҳ. 5.)
Аъзоёни ТТЭ ҲНИ теъдоди зиёди ҷиноятҳои хусусиятҳои террористию экстремистӣ доштаро содир намудаанд. Танҳо дар 5 соли охир 45 нафар аъзои ТТЭ ҲНИ ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, 17-тои онҳо бошанд, барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти ифротгароӣ ва террористидошта айбдор дониста шуда, ба ҷавогарии ҷиноятӣ кашида шуданд. Чунончӣ, Раиси бахши ҲНИ дар ноҳияи Рашт Давлатов Ҳусниддин дар ҳайати иттиҳоди террористии «Ҷамъияти Ансоруллоҳ» таҳти роҳбарии Давлатов Аловуддин бо тахаллуси «Алии Бедакӣ» ва Раҳимов Абдулло бо тахаллуси «Мулло Абдулло» соли 2010 дар водии Рашт дар куштори 25 нафар хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, ҳангоми ба иттиҳоди террористии мазкур дастрас намудани моддаҳои кимёвӣ барои омода сохтани воситаҳои тарканда дастгир карда шуда, ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 11 солу 6 моҳ маҳкум гардидааст. Воқеан теъдоди ин гуна ҷиноятҳо хеле зиёд аст, ки дар филмҳои мустанади «Хиёнат» ва «Бозгашт аз ҷаҳаннам» ҷиноятҳои содирнамудаи собиқ аъзоёни ҲНИ бори дигар бо далели раднашаванда исбот гардиданд. Ҳамин тариқ муйаян карда шуд, ки мақсади асосии аъзои фаъоли собиқи ҲНИ аз номи дини мубини Ислом, вале хилофи муқаррароти он баромад намуда кӯшиш ба харҷ доданд, ки ваҳдати миллӣ, якпорчагӣ, соҳибихтиёрӣ ва амнияти ҷамъиятиро дар Тоҷикистон тавассути содир намудани амалҳои экстремистиву террористӣ халалдор сохтан иборат мебошад. Хулоса мақсадҳои нопоки ТТЭ ҲНИ ба ҳамагон аён аст.
Бобоева З. –ассистенти кафедраи
ҷомеашиносии ДИС ДДТТ.