ҲАМКОРИИ СОБИҚ ҲНИ БО ТАШКИЛОТҲОИ ҶАҲОНИИ ЭКСТРЕМИСТӢ

Агар ба таърихи собиқ ҲНИ назар кунем, маълум мегардад, ки чӣ тавр бо ҳамроҳи хоҷагони хориҷашон мехостанд на фақат дар Тоҷикистон, балки дар тамоми Осиёи Миёна мақсадҳои нопоки худро амалӣ созанд. Дар хусуси ҳамкориҳои собиқ ҲНИ бо ташкилотҳои ҷаҳонии экстремистӣ тибқи далелҳои радношаванда, бо шоҳидии иштирокчиёни ҳодисаҳо филмҳои мустанад ва мақолаҳо ба нашр расонида шудааст. Аз ҷумла, солҳои 1995-1997 роҳбари собиқ ҲНИ Саид Абдулло Нурӣ борҳо бо роҳбари «Ал-қоида» Бен Ладен мулоқот намуда, аз онҳо кӯмакҳои калони молию олотҳои ҳарбӣ гирифта буд.

Дар солҳои 1995-2002 роҳбарони ҲНИ бо роҳбарияти ҳаракатҳои “Ихвон-ул-муслимин”, “Ҷамоати исломии Покистон” бахусус бо роҳбари собиқи он Қозӣ Ҳусейн Аҳмад ҳамкории наздик доштанд. Дар соли охир роҳбари собиқ ҲНИ Мухиддин Кабирӣ ба Миср сафар карда, дар рафти чорабиниҳои ихвониҳо бо роҳбари он М.Мурсӣ мулоқот намудааст. Бо баробари ин қайд кардан бамаврид аст, ки ҳаракати террористии минтақаи Қавқоз бо номи «Амороти Қафқоз» яке аз шарикони асосии ҲНИ буд. Роҳбарият ва аъзоёни собиқ ҲНИ дар давраи фаъолияташон бо террористони шинохта бо номи Шомил Басаев, Хаттаб, Умар Докуев ва ғайра робитаи қавӣ доштанд. Шахсан Шомил Басаев ва Хаттаб борҳо ба шимоли Афғонистон омада, моҳҳо меҳмони наҳзатиён мешуданд. Бо баробари ин онҳо баъзе амалиёти муштаракро бо наҳзатиён амалӣ мекарданд.Чунончӣ моҳи июни соли 1993 аз ҳудуди Афғонистон ҷангиёни наҳзатӣ таҳти роҳбарии террористи байналмилалӣ бо номи Хаттаб дар яке аз мавзеъҳои ноҳияи Ш.Шоҳини вилояти Хатлон ба заставаи 12-уми марзбонони Россия ҳуҷуми мусаллаҳона намуданд, ки дар натиҷа даҳҳо нафар марзбонон ҷон бохтанд.

Ба ғайр аз ин Мухиддин Кабирӣ бо роҳбари онвақтаи ҲАМОС Холид Машъал ҳанӯз дар замони фаъолияти расмӣ доштанаш борҳо мулоқот ороста буд. Воқеан имрӯз ҳам пайванди ТТЭ ҲНИ бо ҲАМОС идома дорад. Масалан 4 апрели соли 2017 узви фаъоли ТТЭ ҲНИ Бобоҷони Қаюмзод дар шаҳри Истанбул бо яке аз роҳбарони ташкилоти террористии “ҲАМОС” Холид Машъал вохӯрии пинҳонӣ анҷом дод. ТТЭ ҲНИ инчуни аз созмони туркии Ҷамъияти исломии “Афкори миллӣ” дар Олмон низ кӯмакҳои моддӣ ва маънавӣ мегирад.

Инчунин робитаи ТТЭ ҲНИ бо ташкилоти террористии байналмилалӣ ба ном «Давлати исломӣ» ду хел пайвастагӣ дорад. Яъне пайванди маънавию идеологӣ ва робитаи сохторию низомӣ. Агар корномаи ТЭТ ҲНИ-ро бо фаъолияти даҳшатноки ДОИШ дар Ироқу Сурия муқоиса кунем, садҳо мавриди монандии фикру ақида ва тарзи фаъолияти ин ду ташкилотро мебинем. Агар солҳои охир тамоми ҷаҳон аз ваҳшигиҳои гурӯҳи ифротию террористии ДОИШ ба ҳайрат омада бошад, ҷиноятҳои ТЭТ ҲНИ аз онҳо ягон камӣ надоранд. Ин далелҳои овардашуда қисми аз далелҳои мавҷуда оид ба ҳизби экстремистӣ ва террористӣ будани наҳзатиҳо далолат мекунад.

Аз масъалаи матраҳгардида хулосабарорӣ намуда, дар хотир дошта бошем, ки ҳоло ҳам дар дохилу хориҷи кишвар бадхоҳоне вуҷуд доранд, ки мехоҳанд ободиву тарақкиёт, ҳаёти осоиштаи мардуми моро ба вартаи ҳалокат афкананд. Хулоса ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии мубориза бар зидди он муттаҳидшавии тамоми давлатҳои ҷаҳон тақозои замон аст ва дар якҷоягӣ бар зидди сарчашмаҳои террористӣ ва экстремизмти муборизаи беамон бояд бурд.

 

Иброгимов И.И. – дотсенти кафедраи математекаи олӣ ва технологияҳои инноватсионӣ

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *