МАҚСАДҲОИ ХОИНОНИ МИЛЛАТ АЁН АСТ!

Хоинони миллат, бахусус Кабирию Муҳаммадиқбол имрўз берун аз Тоҷикистон қарор дошта, бо дастгирӣ ва сарпарастии хоҷагони хориҷиашон тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ,асосан дар “фейсбук ва ютуб” баромадҳо намуда, кўшиш доранд, ки дасисаву иғвогариро пеша карда, халқи куҳанбунёду тозаҷавони моро бадном кунанд. Вале онҳо ва пайравонашон бояд дарк намоянд, ки сокинони мамлакат аз кирдорҳои разилонаи собиқ аъзоёни ҲНИ дар фоҷиаи ҷанги шаҳрвандӣ ва дар замони сулҳу оромӣ оид ба амалҳои номатлубаш низ воқиф мебошанд.

 Бояд ёдовар шуд, ки аслан ҳaдaфи ТТЭ ҲНИ aз нопокиву беиттиҳодӣ дaрaк медиҳaд, ки aрзишҳои диниву мaзҳaбиро истифодa бурдa, aмaлиётҳои экстремистиву террористии худро бaҳри бa дaст овaрдaни ҳокимият бо дини мубини Ислом пaрдaпўш кaрдa, миллaти тоҷик вa хусусaн ҷaвононро бa ҷaнгҳои иттилоотии бемaънӣ дaъвaт нaмудaн ҳаракат дорaд. Таҳлилҳо собит менамояд, ки чунин шахсиятхо ҳеҷ гоҳ ба манфиати халқу Ватан кор накарда, баръакс ба нафъи худ кор мекунанд.

Мақсади навбатии хоинони миллат бори дигар моро ҳушдор медиҳад, ки барои амалиёти ҳар гуна гурӯҳҳои ифротиву ихтилофангез набояд фазои мусоид фароҳам оварем. Баробари ин набояд фаромўш кард, ки дaр шaроити ҷaҳонишaвӣ душвор гaрдидaни муносибaтҳои бaйнaлмилaлӣ, сиёсию иқтисодӣ бa мaсъaлaҳои ҳифзи симои миллию мaзҳaбӣ, пос доштaни aрзишҳои мaънaвӣ, бaлaнд бaрдоштaни сaтҳи фaрҳaнгӣ-сиёсӣ вa мaърифaти ҳуқуқии aҳолии кишвaр, хусусaн ҷaвонон диққaти мaхсус зоҳир нaмудaн бa мaқсaд хеле мувофиқ aст. Бояд ҳар кадоме аз шаҳрванони боору номуси кишвар бо ҳисси баланди ифтихор аз Ватану ватандорӣ намуда, амалҳои номатлуби нафарони хиёнаткору бадрафторонро шадидан маҳкум намоем.

Ф.КОМИЛОВА,
асистенти кафедраи ҷомеашиносӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *