ТТЭ ҲНИ – АЙБҶЎИ ХИЁНАТКОР

Мо тавассути васоити ахбор умум дида истодаем, ки имрўзҳо фаъолияти ҳаракату созмонҳои террористӣ, экстремистӣ ва радикалӣ, низоъҳои диниву мазҳабӣ вусъат пайдо кардаанд. Баробари ин вазъият дар кишвари ҳамсояи мо Афғонистон дар миёнаҳои моҳи августи соли равон нисбатан ноором гашта, анқариб ҳар рӯз ё инфиҷоре рух медиҳад, ё гурӯҳе бо гурӯҳи дигар дар набард мешаванд. Вобаста ба ин дар ҳар гӯшаву канори дунё нотавонбинон, аз ҷумла, хоинони ватану миллати тоҷик бо мақсади сиёҳ намудани Ватани аҷдодони худ ва барои амалӣ намудани мақсадҳои муғризонаи хеш аз ҳар гуна разилиҳо рӯ намегардонанд. Ба ҳукумати қонунии Тоҷикистон бӯҳтон мезананд, хашм мегиранд, таҳдидҳо месозанду худро “ғамхор”-и миллат меҳисобанд, аммо дар зимн андешаи дигар доранд. Дар иртибот ба ин бояд қайд кард, ки имрўзҳо яке аз хиёнаткори миллат Муҳиддин Кабирӣ дар барномаи “Паймони миллӣ” ва дигаре Муҳаммадиқболи бешараф дар барномаи ифротии “Пайванд” бо суханҳои бесос нисбати ҷумҳурии азизамон бо навбат айбҷўӣ намуда, пайваста туҳматҳоро ранги борон бар сари миллати тоҷик мерезанд. Вале Кабирию Муҳаммадиқбол ва хоҷагонаш дониста бошанд, ки дигар касе аз мардуми ба ору нанги тоҷик ва ҷавонони саодатманд, шумо гумроҳон ва хоинони миллати тоҷикро пайравӣ ва ҷонибдонӣ нахоҳад кард. Зеро мақсаду нияти шумо хиёнат ба давлату миллат аст.

 Хушбахтона мо имрӯз шукрона аз он мекунем, ки дар фазои сулҳу ваҳдат ва озодии афкору андеша зиндагӣ дорем. Ва ин албатта ифтихори мо ҷавонон аст, ки барои мо имрӯз шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Бинобар ин ба хотири ҳифзи сулҳу оромӣ ва пойдории суботи сиёсиии ҷомеа мо ҳама бояд муттаҳид бошем ва ба фаъолияти сохтору мақомотҳои давлатӣ ҳамаҷониба мусоидат намоем ва нагузорем, ки шахсиятҳо ба мисоли Кабирию Муҳаммадиқбол бо ҳар гуна роҳҳо тинҷиву оромии ватани азизи моро халалдор намоянд.Баробари ин дар интиҳои андешаи хеш иброз медорем, ки мо омўзгорон доир ба масъалаҳои пешгирии фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ муборизаи беамон бурда, дар ташаккули андеша, фарҳанг ва давлати миллӣ саҳми муносиб мегузорем ва тамоми кӯшишу ғайрати ҷавононро ба ободию осоиштагӣ ва гулгуншукуфоии ватани маҳбубамон Тоҷикистон равона менамоем.

Ф. Комилова,
асистенти кафедраи ҷомеашиносӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *