МАҚСАДҲОИ БАДХОҲОНИ МИЛЛАТ ҲЕҶ ГОҲ АМАЛӢ НАХОҲАД ШУД

Ҳодисаҳои моҳи майи соли равон дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшони ВМКБ бавуқўъомада кишвари моро чи дар расонаҳои маҳаллӣ, чи дар расонаҳои хориҷӣ ва сомонаҳои мухталифи интернетӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор додаанд. Ҳодисаҳои рухдодаи Бадахшонро дар сомонаҳои интернетӣ бисёртар обуранг дода мехоҳанд, ки ба ин васила авзои орому осоиштаи кишвари моро ноором намоянд ва ё онро ноором нишон диҳанд. Ҳол он, ки аз ҳақиқати хол бехабаранд. Дар робита ба қазияи Хоруғу Рӯшон бояд қайд кард, ки саркардаи гуруҳи муташаккили ҷинояти Мамадбоқир ва яке аз пайравонаш собиқ генерали низомӣ Холбаш Холбашев аз тарафи давлат авф карда шуданд, ба ҷои содиқона хизмат намудан ба ватану миллати худ ва бо ин васила ислоҳ намудани иштибоҳҳои дар солҳои 90-ум кардаи худ онҳо дубора даст ба ҷинояту ҷинояткорӣ заданд. Аз ҳама тааҷҷубовараш он аст, ки худи Холбаш Холбашев бо вуҷуди он ки дар вазифаҳои гуногун кор карда, то рутбаи генерал-майор омада расид. Лекин бо вуҷуди ҳама гузашткуниҳои давлат ва мансабу обрўи калон, шароитҳои хуби зиндагӣ Холбаш Холбашев ва собиқ ҳамсараш Улфатхоним Мамадшоева даст ба ин корҳо зада, обрўи худаш, хешу табор ва дўстонашро резонид.
Ман ҳамчун як омӯзгор рафтори Холбашев Х ва Мамдшоева У ва шариконашро маҳкум менамоям ва боварӣ дорам, ки бисёре аз ҷавонон низ ин амали онҳоро маҳкум менамоянд. Он мақсадҳои нопоке, ки ин гурўҳҳои ҷиноятпеша бо кўмаки роҳбарияти созмони террористӣ бо номи “Паймони миллӣ”мехостанд, амалӣ намоянд ва вазъиятро дар ҷумҳурии мо муташанниҷ намуда, ба ин васила ба мақсадҳои нопоки худ расанд, амалӣ нашуд. Бояд қайд кард, ки ҳушёрию зиракии мақомотҳои марбутаи вилояти Бадашшон дар якҷоягии мардуми сарбаланди Бадахшон, умуман кишвар ва дар симои онҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар нишон дод, ки метавонад, муқобили ҳар гуна зуҳуроту гурўҳҳои ғайриқонунӣ истодагарӣ намуда, амну суботи мардум ва давлатро таъмин намоянд. Бо дарназардошти масъалаи матраҳгардида метавон қайд кард, ки воқеан мақомотҳои марбутаи кишвар метавонанд, сулҳу суботи мардум ва давлатро таъмин намуда, ҳамаи ҷинояткоронро барои ҷавоб додан ба ҷиноятҳои содиркардаашон дар назди қонун дастгир намуда, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашанд.
Р.МАНОНОВА,
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *