БА ОРОМИЮ СУБОТИ ҶОМЕА САҲМГУЗОР БОШЕМ!

Ба андешаи мо, тамошои филми ҳуҷҷатии “Шикасти фитна” нафареро, ки худро ватандӯсту сулҳу суботи Ватанро хоҳон аст, бетараф намегузорад. Ва бетараф нахоҳем монд. Чаро, ки ин Ватан аст, ин манфиати ҳамдиёрону хешу табори ҳамдигар аст, ки бо ҳам мисли гӯшту нохун пайваста, дар пастию баландӣ, тӯю сурур, ғаму мотам боҳаманд. Чуноне дар урфият мегӯянд, дарди як узв ҳатман узви дигарро ба дард меоварад. Пас, чаро мо худ хомӯш истем, модоме, ки дар тарозуи тақдири ману шумо гузошта мешавад? Ва ин амал маънии онро дорад, ки ҷилави ҳалли тақдири мову шуморо нафар ё нафароне гирифтанӣ мешаванд, ки дар дил нисбати ҳамватани хеш, ободии диёри аҷдодй тангбинанд. То ба дараҷае, ки баҳри расидан ба ҳадафҳои муғризонаи худ омадаанд хуни ҳамдиёру ҳамтабори хеш бирезанд, мулк ба вайрона табдил бидиҳанд, мардумро сарсону саргардон бисозанд. Магар, ин аз гӯшаи ватандорию имондорист? Ҳаргиз не!…
Меваи таассуроти бардошта аз филми мазкур маҳз ҳамин хулосабарорӣ гашт, ки ба таври мушаххас иброз доштам. Ва аминам, ки ин ҳам дар манзари он ҳама ҳодисаҳои дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшон ВМКБ, ки насли ҷавонону калонсоли вилоят , аз ҷониби эшон он дидаю шунидаҳо бо имрӯзи диёри хеш қиёс карда хоҳад шуд. Итминонам комил аст, ки ҳақиқати дигареро низ ба забон хоҳад овард: Фарқ дар пешравӣ, ободсозӣ, баландравии сатҳи зиндагии мардум аст. Чуноне мегӯянд, аз замин то осмон!…
Чуноне аз тамошои филми мустанади “Шикасти фитна” возеҳу равшан бармеояд, гуруҳҳои муташаккили ҷиноятпешаи Бадахшон, шахсон бо номи Холбаш Холбашев, Мамадшоева Улфатхоним ва Алим Шерзамонов, муовини роҳбари “Паймони миллӣ” (ПМ), ки ҳамгон бо номи ТТЭ ҲНИ-ПМ мешиносанд, вобаста ба вазъи ноором кардани шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшони вилояти Бадахшон даст доштанд, амиқан тасдиқи худро ёфт. Албатта ин кирдорҳо бе дастгирии хоҷагони хориҷӣ амалӣ намешавад. Спонсорҳои онҳо низ маълуманд. Онҳо ба ҷиноятҳои содиркардаашон ҷавоб додан намехоҳанд ва амалиёти давлатии дастгиркунии ҷинояткорро ба аҳли ҷаҳон амали худсарона ва ғайриқонунӣ гӯён эълон мекунанд. Ба ин гуна шахсон хотирррасон мекунем, ки хиёнат ба Ватан, ба халқи диёри хеш дар ҳеҷ давру замон, дар ягон манзилу макон аз ҷониби ҳеҷ нафаре хуш пазируфта нашудааст ва нахоҳад шуд. Ба хотири пойдории қонуният ва риояи тартибот дар љумњурї нисбат ба шахсони гунаҳкору љиноятпеша, дар асоси ќонунњои амалкунадаи кишвар чораҳои қатъӣ андешида шаванд.
Дар интиҳои мақолаи хеш хулосабарорӣ карда, қайд мекунем, ки сокинони бофарҳанги ВМКБ найрангњои гуруњи муташаккили ҷиноятпешаро дарк намуда, зиракии сиёсиро аз даст надода, дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, пеши роҳи онро гирифтанд ва имрӯзҳо барои сулҳу субот ва якдилии Ватан кӯшиш ба харҷ дода истодаанд. Танҳо дар сурати ҳамдигарфаҳмӣ душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад, кишвари азизамон ба пешрафт ва тараққиёт рӯ меоварад. Умуман мо ҳар як фарди ватандӯсту меҳанпараст вазифадор ҳастем, ки барои ҳифзи марзу буми Ватан, таъмини амнияту осоиштагии давлат ва оромию суботи ҷомеа саҳмгузор бошем.
Т.САЛИМОВ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *