Азимов Абдумавлон Ҷалилович

Азимов Абдумавлон Ҷалилович 01.08.1954с., Ленинобод/ Хуҷанд- доктори илмҳои иқтисодӣ (04.03.2016с.), профессор, дотсент (23.07.1986с. пр.№30ц/25), узви журналистони Ҷумҳурии Тоҷикистон (2011с.), хатмкунандаи шӯъбаи иқтисоди меҳнатӣ факултаи иқтисодии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон (1974с.). Инчунин хатмкунандаи аспирантураи пажӯишгоҳи тадқиқоти сотсиологии Академияи Улуми Федератсияи Руссия (Москва 1976-1980с.) корманди илмии шӯъбаи фалсафаи Академияи илмҳои Тоҷикистон (1975-1976с.). Соли 1980 рисолаи номзадии худро пеш аз мӯҳлат барои соҳиби унвони илмии номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯи ихтисоси «080018- иқтисодӣ омӯзиши аҳолӣ ва демография» дар мавзӯи: «Муаммоҳои тараққии иҳтимоӣ – демографии комплекси Ҷанубии Тоҷикистон» пр.№1 аз 31.10. 1980с. дар Д.002.25.01 Институти тадқиқотҳои сотсиологц назди Академияи илмҳои СССР ш.Москва ва рисолаи докторӣ аз рӯи ихтисоси 08.00.01 – Назарияи иқтисодӣ (назарияи иқтисодии умумӣ) ва 08.00.05. Иқтисодиёт ва идоракунии хоҷагии халқ Д.737.009.01 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар мавзӯи Тағирёбии рафтори муҳоҷиратӣ ва равандҳо дар мамлакати қувваи кориаш барзиёд: назария ва методологияи тадқиқот (дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон) (фармон аз 11.07.2016с. №878/нк-12 Вазорати маориф ва илмӣ Федератсияи Русия) дифоъ намудааст. Бештар аз 300 корҳои илмӣ, илмӣ-методӣ, илмӣ-тадқиқотӣ, оммавӣ- публисистӣ, китобҳои дарсӣ ва монографияҳо ба чоп расонидааст. Солҳои 1980-1983 ва минбаъд ҳамчун ҳамкор аз соли 1983 то 2003 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров дотсенти кафедраи «Иҷтисоди сиёсӣ», солҳои 1983-2002 бахши Хуҷандии Донишкадаи Политехникии Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дотсент, мудири кафедраи «Ҷомеъашиносӣ», фаъолият бурдааст. Дар ин солҳо баробари фаъолияти педагогӣ-таълимӣ корҳои ҷамъиятию тарғиботиро пеш бурдааст. Бо ташаббуси ӯ аввалин маротиба ташкилоти ибтидоии Ҳизбц Халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи Политехникии Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ соли 1998 ташкил ёфтааст, инчунин мизи мудаввари байналмилалии илмӣ дар мавзӯи «Муаммоҳои иҷтимоӣ-демографии давлатҳои ИДМ дар марҳилаи COVID -19» бо иштироки меҳмонони ватаниву хориҷӣ (25.11.2021сол) гузаронида шудааст. Ҳамчун аъзои гурӯҳи тарғиботи ташвиқотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд (аз соли 1980 то ҳол) ва раёсати ҷамъияти «Дониш»-и вилояти Суғд (аз соли 1974 то ҳоло) корҳои ташвиқотиро пеш бурда истодааст. Ҳоло ба ҳайси профессори кафедраи «Назарияи иқтисод»-и Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ фаъолият дорад.
Бо аълочии кооператсияи матлуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон (29.09.2014с.), Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2021с.), Медали ҷашни 20-солагии Ҳизбӣ Халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2019с) ва якчанд ифтихорномаҳо, раҳматномаҳо ва сипосномаҳои Вазорати Маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2000, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд 2011с., 2014с., 2021с., ш. Хуҷанд-2007с., 2021с.,Раёсати «Тоҷикматлубот» 2010с., 2012с. Раёсати Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии Тиҷорати Тоҷикистон 2010с, 2012,2013с.; 2015с., 2017с., 2019с., 2020с., 2021с. Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон 2011с., КИ ҲХДТ дар ш.Хуҷанд 2013с., 2015с, 2020с., қадрдонӣ гардонида шудааст, соли 2011 бо дастгирии МИҲД вилояти Суғд ба Арабистони Саудӣ (Хуҷанд-Ҷидда-Мадина-Макка-Ҷидда-Хуҷанд) сафар намуда ба унвони «Ҳоҷӣ» сазовор шудааст.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *