ИЗҲОРОТИ кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ вобаста ба баромадҳои иғвоангезонаи М.Садриддин (аз 22.02.2023)

Мо омӯзгорони кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ қаблан зимни изҳороту маколаҳои хеш нисбати як аъзои ТТЭ ҲНИ Муҳаммадиқболи Садриддини   андешаҳои хешро иброз дошта будем. Бояд қайд кард, ки офтобро бо доман пўшида намешавад, ки борҳо зимни муроҷиатаҳо ҷомеаи меҳнатии Донишкада ва тавассути намоиши филми мустанад Хиёнат, қисми 7-ум бо номи “Бешарафӣ” рафтори ношоистааш аёну тасдиқ шуд.

Дар изҳороту мақолаҳои ташкилоту муассисаҳои кишвар, бахусус  ҳайати омӯзгорону профессорони макотиби касбии олии кишвар бо назардошти далелҳои асосноку раднашавандаи филми мазкур  рафтору гуфтори М.Садриддин борҳо  шадидан маҳкум кардаанд. Вале то ҳол  М.Садриддин ба худ хулосаи даркорӣ набароварда дар ҳафтаи охири моҳи феврали соли ҷорӣ тавассути шабакаи иҷтимоӣ, дар барномаи “Минбари муҳоҷир “баромад намуда, боз  бо ибораҳои динӣ худро бегуноҳу дигаронро ғайбат намуда, оид ба мафҳуми инқилоби ранга ва табадулоти давлатӣ , бо номи “ГКЧП-ро   ёдовар шуд. Ин чи маъни дорад!

Сараввал бояд қайд кард,ки дар минбарҳо инсони соҳибақл  бо забони тоҷикӣ бо қоидаву имлоҳоро  риоя  намуда, сухан мегӯяд. Вале М.Садриддин бараъкси ин!  Дуюм ин ғайбат намудани М.Садриддин!!! Хонандаи закӣ инро хуб медонад ва дарк мекунад, ки аз нуктаи назари дини Ислом калимаи “ҒАЙБАТ”дар сураи  сураи Ҳуҷурот, ояти 12,чунин тафсир шудааст:

“Эй мӯъминон, аз гумони бисёр дурӣ ҷӯед, ҳароина баъзе аз гумонҳо гуноҳ аст; ва ҷосусӣ макунед ва якдигарро ғайбат макунед! Оё касе аз шумо дӯст медорад, ки гӯшти бародари мурдаи худро бихӯрад? Балки аз вай нафрат хоҳед кард. Ва аз Худо битарсед, ба дурустӣ ки Худо Тавбапазирандаи Меҳрубон аст!”

Нуктаи дигаре, ки дар ин ҷо бояд ба он таваҷҷуҳ дошта бошем, ин аст, ки гуноҳ агарчи дар зоҳир ширин аст, вале дар ботин зишту нафратовар аст. Аммо тааҷҷубовар ин аст, ки афрод  ба мисоли М.Садридди ва ё умуман хоинони миллат – пайравони ТТЭ ҲНИ зиштии ғайбатро шояд  медонанд, вале боз ҳам ё касеро ғайбат мекунанд ё ба ғайбати дигарон гӯш медиҳанд. Ин ба хотири он аст, ки онҳо ба зиштӣ ва нопокии ин кор аз самими дил бовар надоранд, зеро агар мо ба зиштию зарари коре яқин дошта бошем, ҳаргиз онро анҷом намедиҳем. Масалан, агар мо яқин дошта бошем, ки дар зарфи об заҳр андохта шудааст, ҳаргиз онро наменӯшем. Мо бояд ба лутфи илоҳӣ ва рафтори мардум хушгумон бошем ва ба ин нукта таваҷҷуҳ дошта бошем, ки хушгумонӣ ба маънои содагӣ, зудбоварӣ ва ғофил будан аз ҳилаву найрангҳои душманон нест.

Қайд кардан зарур аст, ки  дар моддаҳои 135-136-и боби 17 – и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ оид ба ҷиноятҳо ба муқобили озодӣ,  обрӯ ва эътибори шахсият ҷазо пешниҳод гардидааст, ки ин як навъ таваҷҷуҳи ғамхорона аз ҷониби давлат барои нигоҳ доштани ҳуқуқи шаҳрвандон мебошад.

Хулоса бо суханҳои беасосу бемантиқи Бадхоҳони миллат ба мисоли Кабирию М.Садриддин осоиштагии мардумро халалдор намуда, мардумро гумроҳ намудан, хиёнат ба Ватан аст. Таҷрибаи ҳаёти инсоният борҳо исбот намудааст, ки ҳар як шахс бо меҳнати худ новобаста аз соҳаи фаъолият зиндагии шоиста дошта бошад ва он на танҳо ба манфиати шахси алоҳида, балки ҷомеъа бошад, ки инро мардуми Тоҷикистон эҳсос менамоянд ва барои ободии Ватан ҳиссагузорӣ намуда истодаанд. Имрӯз дар Ватани азизамон Тоҷикистон ҳамаи шароитҳо фароҳам оварда шуддаст ва танҳо меҳнати содиқонаро талаб менамояд. Ватанро танҳо шахсоне дӯст ва ҳифз менамоянд, ки бо меҳнати ҳалол луқмаеро пайдо намуда, барои худ ва ояндагон мероси арзанда мегузоранд.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *