Тавассути васоити ахбори омма бохабар ҳастем, ки чӣ гуна дар кишварҳое, ки мардумонаш иттифоқу осуда барои зиндагии шоистаи хеш талош мекунанд, вазъ орому шароит муътадил аст. Вале кишварҳое, ки қисмате аз аҳолиаш ба таблиғоти хориҷиён мубтало шуда, ҳисси милливу мардумиашонро гум кардаанд, бесарусомонӣ идома меёбад. Аз ҷумла, имрӯз яке аз кишварҳои ноосуда Афғонистон мебошад, ки ин ҳолатро афроди аз сиёсат дуру бефарҳангу хоинони миллат ба манфиат худ истифода бурда, тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ худро ҳамчун “сиёсатшинос” вонамуд карда, тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ғояҳои ифротӣ паҳн карда истодаанд. Масалан, яке аз ҳаммаслаки ТТЭ ҲНИ Муҳаммадиқболи Садриддини фирорӣ дур аз ватан истода, бо маслиҳати Кабирӣ тариқи барномаҳои ифротии ”Минбари муҳоҷир” ва амсоли ин барномаҳо мунтазам баромадҳо баргузор менамояд. Мо қаблан бо санаду далел ва мисолҳои амиқ амалҳои хиёнтакорӣ ва бешарафии Муҳаммадиқболи Садриддин ибрози андеша намуда будем. Таъкидан боз қайд менамоем, ки Муҳаммадиқбол яке аз афроде мебошад, ки аз шукуфоии Тоҷикистони имрӯза дар таҳлука афтодааст. Ин бешараф бар ивази чанд пайсаи хоҷагони хориҷии худ имону виҷдонашро ба боди фано супурда, ҳоло дар пайи иҷрои супориши навбатии хоҷагони худ ҳар сақави дурӯғеро, ки ба даҳони бефарозаш рост меояд, сухани беасос мегӯяд.
Боз такрор шавад ҳам, ба М. Садриддин гуфтанием, ки вақте аз минбарҳо ба миллати тоҷик муроҷиат менамояд, сараввал доир ба филми мустанад, кисми 7-уми “Хиёнат” бо номи “Бешарафӣ”, ки бо далелҳои раднопазир, аз ҷониби шоҳидони ҳол амалҳои хиёнаткорона ва бешарафиаш тасдиқи худро ёфтааст, ёдовар шуда, андеша намояд!
Хулоса ҳар кас аз баромадҳои бемантиқу беасоси Муҳаммадиқбол пай мебарад, ки ӯ дар ҳақиқат ба хотири молу сарват, бо иборави дигар якеа аз манкурте, ки ақли худро бохтаасту аз бешарафиву бадсириштӣ, беасос иғвогарӣ мекунанд. Бинобар ин, мо бо шинохти чеҳраи манфури манкурти ақлбохта – Муҳаммадиқболи суханбози дурӯяи бешараф, барои дур нигоҳ доштани ҷавонон кӯшиш ба харҷ дода, барои решакан кардани ақидаҳои ифротӣ муборизаи беамон бояд барем!
Ф. ҚУРБОНОВ ,
мудири шуъбаи кор бо ҷавонони ДИС ДДТТ