ХАТАРИ УМУМИБАШАРИРО ПЕШГИРӢ  БОЯД КАРД!

 

Имрӯзҳо ҷаҳони муосир ба як қатор мушкилоту муаммои ҷиддӣ, аз қабили терроризми байналмилалӣ, ифротгароии сиёсӣ ва мазҳабӣ, қочоқи маводи мухаддир, хариду фурӯши аслиҳа рӯ ба рӯ шудааст. Дар натиҷа, дар як қатор кишварҳои сайёра на танҳо оромию субот, балки мавҷудияти онҳо таҳти суол қарор гирифтааст. Воқеан проблемаи паҳншавии экстремизм ва терроризм дар замони муосир барои Тоҷикистон ҳанӯз ҳам муҳим боқӣ мемонад. Баробари ин, мақом пайдо кардани гурӯҳҳои экстремистӣ-террористӣ дар кишвари ҳамсояи мо- Афғонистон ин хатарро боз ҳам афзун мекунад. Ба таъкиди коршиносон, шумораи пайравони ДИИШ (шохаи он бо номи Хуросон дар Афғонистон) давоми солҳои охир ду баробар афзудааст. Афзоиши онро ба раҳоии чанд ҳазор маҳбус аз пойгоҳи ҳавоии Багром ва зиндони Пули Чархӣ марбут медонанд. Гузашта аз ин, як қисми ҷангиён хориҷиёнанд. Вобаста ба ин, самтҳои фаъолияти пешгирикунандаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқро,ки ба пешгирии ҷиноятҳои экстремистӣ ва террористӣ алоқаманданд, аҳамияти бештар пайдо мекунанд. Дар ин асно, Сарвари кишварамон зимни баромадҳои хеш дар минбарҳои баланд низ  хатари кирдори ифротгароӣ ва терроризм дар Афғонистонрро қайд намуда, қудрати харобиовари ғояҳои онро таъкид карда, ҳамчунин қайд мекунанд, ки дар воқеияти муосир ҷинояткорон бо истифода аз амалҳои ифротгароиву террористӣ геополитикаро тағйир дода, доираи нуфузи худро таҳким мебахшанд. Аз ин суханҳо чунин бармеояд, ки аллакай дар сатҳи олии давлатӣ моҳияти воқеии хатари экстремизм ва терроризм мавҷуд аст, илова бар ин, ҷиддияти таъсири ин амали манфӣ ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳолии он низ ба назар гирифта шудааст.

             Имрӯз беш аз пеш нишон додани бартариятҳо ва пайдо кардани самтҳои асосии кор дар ҷодаи пешгирии хатарҳои ҷиноятии экстремистӣ муҳим аст. Аз ин нуқтаи назар, дар пасманзари таҳдидҳои воқеӣ ва эҳтимолии гурӯҳҳои даҳшатафкан аз Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ лозим аст, ки иқдомҳои муштараки давлатҳо дар самти таъмини суботу амният роҳандозӣ шаванд. Чун ба ҷузъ худи давлатҳои Осиёи Марказӣ касе манфиатдори амнияти пойдори онҳо нест ва ҳамаи қудратҳои беруна аз пайи манфиатҳои худ ҳастанд. Дар ин росто, тақвияти ҳамкориҳои ниҳодҳои таҳлилӣ ва коршиносони минтақа ҷиҳати арзёбии хатару таҳдидҳои эҳтимолӣ ва воқеӣ ба мақсад мувофиқ аст.

       Бо дарназардошти масъалаи матраҳгардида, бояд қайд кард, ки  нагирифтани пеши роҳи ин хатари умумибашарӣ метавонад боз ҳазорҳо мардуми осоиштаро аз ҳаёт маҳрум созад, зеро дар қалбу вуҷуди онҳое, ки чунин зулму ситам ва афкору андешаи ҷоҳилона ҷой гирифтааст, ба ҷуз бадбахтӣ ва маҳрумият овардан дигар андешаи солиме ҷой надорад. Бинобар ин, ҳар як шаҳрванди ҷомеаи муосир бар алайҳи терроризиму ифротгароӣ бетараф набошад ва тавсеаи зуҳуроти номатлуб бо диди огоҳона назар карда, оид ба ин масоили мазкур саҳмгузор  бошад.Мо бояд бо набзи ҳаёт ва асри нав ҳамқадам бошем, талаботи замонро эҳсос намоем, аз дастовардҳои илму техникаи муосир қафо намонда,чун ворисони арзандаи миллату давлат барои имрӯзу фардои дурахшон, пешрафт ва баланд бардоштани обрӯву нуфузи Тоҷикистони азиз дар арсаи ҷаҳон саъю кӯшиш ба харҷ диҳем.

М. АХМЕДОВ,

 устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *