М. САДРИДДИН – ИФРОТГАРОИ БЕИМОНУ БЕШАРАФ

 Мутаассифона, имрӯз афроде арзи вуҷуд доранд, ки барои пиёда намудани ҳадафҳои нопоки худ обрӯ ва эътиқоди миллату давлати тоҷикро зери суол баранд. Чунончӣ, яке аз пайрави фаъоли ТТЭ ҲНИ Муҳаммадиқболи Садриддин  мебошад, ки  имрӯз гадои дар ба дару дур ааз кишвар дар Аврупо иқомат дошта, бо баҳонаҷӯю дурӯғпардозӣ ва иғоангезии худ нисбати кишвари мо суханҳои носолимро пеша намудааст.

Мо борҳо зимни мақолаву изҳоротҳои хеш, бо  мисолҳои амиқ нисбати амалҳои хиёнтакорӣ ва бешарафии Муҳаммадиқболи Садриддин ақидаамонро иброз дошта будем.  То ҳол М.Садриддин ба худ хулосаи зарри набароварда, боз дар моҳи феврали соли равон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ баромад намуда, чун баромадҳои қаблиаш дини мубини Исломро барои худ сипар нишон дода, ғояҳои ифротӣ паҳн намуд. Аз  суханронии ин афроди бешараф  дарк намудан мумкин аст, ки пешаки ин баромадҳоро бо шахси масъули ТТЭ ҲНИ омода намудааст ва он ҳадафи худро дорад.  Маълумоте, ки Муҳаммадиқболи Садриддин паҳн мекунад, пур аз тӯҳмат ва таблиғи хушунат алайҳи давлату миллати тоҷик аст. Умуман, рафтору гуфтори М.Садриддини бешараф  бори дигар собит мекунад, ки чунин шахсиятҳои ифротгарои беимони бешараф, аъмоли он гувоҳ аст, ки ин гуна афрод ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Бо назрдошти масъалаи матраҳгардида, хулосабарорӣ намуда, қайд менамоем, ки  Муҳаммадиқболи Садриддин яке аз афроде мебошад, ки аз шукуфоии Тоҷикистони имрӯза дар таҳлука афтодааст. Ба хоинони бешараф – М.Садриддин гуфтанием, ки аз ҳар минбару барномаҳои ифротиаш номи Тоҷикистонро ба забон наорад!Чунки ӯ дар асл  ватанфурӯши бешараф ҳаст, ки ба ин таърих гувоҳ аст. Ҳоҷат ба баён нест.

       Ба М.Садриддин ва умуман ба пайравону думравони ТТЭ ҲНИ бори дигар хотиррасон менамоем, ки тоҷики ватандӯсту меҳанпараст гарчанде новобаста да муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дошта бошад ҳам, ватани худро дӯст медоранд ва баҳри ҳифзи сулҳу субот камари ҳиммат баста, маъруфгари Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанду обрую нуфузашро баланд бардошта, бо ин васила, саҳми арзандаи хешро мегузоранд. Дар интиҳои андешаи хеш иброз медорем,ки мо ҷавонони боору номуси кишвар тӯҳмату ғайбат ва бадгумонии М.Садриддин ва раҳбарияту аъзоёни ТТЭ ҲНИ-ро шадидан маҳкум карда, намегузорем, ки нохалафон нисбати кишвари мо сухан гӯянд!

    А. ВАЛИЕВ ,

ассистенти кафедраи иқтисодиёт ва соҳибкорӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *