
Бо дарназардошти мушоҳидаву таҳлилҳои солӣ равон метавон қайд кард, ки яке аз узви фаъоли паймони худсохтаи нащзат Муҳаммадиқболи Садриддин аз дастовардҳои беназири кишвар ва умуман воқеияти ҳол сарфаҳм нарафта, тавассути шабакаҳои иҷтимои, алалхусус дар сомони ифротӣ бо номи “Ислоҳ. нет”, бо ҷалби шогирдону пайравонаш дар барномаи “Минбари муҳоҷир”ба иғвою дасиса ва дигар аъмоли нангин машғул аст. Асосан бо ҷалби шогирдонаш, бахусус афроде бо номи Сулаймон бо навбат дар барномаи зикршуда ровигӣ менамояд. М.Садриддин бо ҷалби шогирдону думравонаш дар давоми моҳи март 8 маротиба ва апрел 7 маротиба дар баромадҳои ифротӣ намуд. Аз баромадҳои қаблӣ ва имрӯзаи М.Садриддин ҳар фарди солимақл бе ягон душворӣ пай мебарад, ки ӯ зимни ҳар баромадаш дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлолро нодида мегираду ба ҳар фаъолияти роҳбарияти олии кишвар беасос туҳмату ғайбат мекунад. Бо шунидани суханҳои Муҳммадиќбол ба назари кас афроде намудор мешавад, ки дили торику пур аз кина дораду тафаккураш олуда ва бар хилофи адолат гап мезанад. Ягона роҳ барои фаъолияти ин бадхоҳи миллат, умуман раҳбарияту ҳаммаслаки паймони худсохтаи наҳзат – “Паймони миллӣ…” дар хориҷи кишвар дунёи маҷозии интернет боқӣ мондааст, ки онҳо аз ин имконият истифода бурда, фаќат кору амалашон туҳмату буҳтон, дурӯғу дасиса ва миллати тоҷикро аз номи миллати тоҷик бадном мекунанд. Андешаҳои носолими М.Садриддин ва думравонаш аз он шаҳодат медиҳанд, ки ин тоифа наметавонанд ҳарфе бидуни ғараз гӯянд ва ақлу тамиз надорад, ки боре аз дастовардҳои шоистаи даврони соҳибистиқлолии кишвар ҳарф занад. Танҳо тоифаи ифротгарои ватанфурӯш бо дастури хоҷагони маблағгузор дастовардҳои шоистаи мамлакати соҳибистиқлоламонро дида наметавонанд.

Мо устодон – насли калонсол баҳри баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва дар руҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ тарбия намудани ҷавонон фаъолияти хешро равона карда, баробари ин баҳри решакан намудани ғояҳои ифротгароии бадхоҳони миллат муборизаи беамон барем. Ба наврасону ҷавонони даврони соҳибистиқлол фаҳмонем, ки бояд муттаҳид, якдил ва дастаҷамъ бошем, ба иғвои бадхоҳон дода нашавем, тамоми кӯшишро ба харҷ диҳем, то ин ки ватани худро аз дасисаҳои бадхоҳони миллат эмин нигаҳ дорем. Ба насли наврас ва ҷавон фаҳмонем, ки шиори мо ҳифзу ҳимояи ватан, обод кардани он, хизмати падару модар, тарбияи фарзандон, тарғиби некиву накӯкорӣ мебошад.
Ҷ.ҶӮРАЕВ,
устоди ДИС ДДТТ
дар шаҳри Хуҷанд