ЛИБОСИ БЕГОНА БА МИЛЛАТИ МО ХОС НЕСТ !

Мо зимни мақолаи навбатии хеш вобаста ба яке аз масъалаи мубрам барои ҷомеаи мо дар атрофи масоили бегонапарастӣ дар сару либос, яъне пӯшидани либоси бегона бо номҳои сохтаи сатру ҳиҷоб ва роҳҳои ҳалли он андеша менамоем. Дар иртибот ба ин, бояд қайд кард масъалаи либосу либоспўшӣ аз ҷумлаи муҳимтарин талаботи зиндагӣ буда, ба ҳаёти шахсӣ, оилавӣ ва ҷамъиятии ҳар фард дахл дорад. Дар ҷомеаи имрӯзаи мо шояд одамоне хеле кам бошанд, ки бо ин мавзуъ сарукор нагиранд ва мувофиқи салиқаи худ либосвориро интихоб нанамоянд, ки ин мавзуъ ба вазъияти иқтисодӣ, оилавӣ, маишӣ, корӣ, ҷамъиятӣ, синну соли ҳар як одам вобастагӣ дорад.
Вақтҳои охир, мутаассифона, тамоюли бегонапарастӣ ва бафарҳанги бегона майл намудани занону духтарони кишвар, ташвиқи либосҳои бегона дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакат низ ба як раванди ташвишовар табдил ёфтааст. Ҳисси бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ дар мавриди сару либос ва рафтору гуфтор дар байни занону духтарон метавонад ба устувории рукнҳои фарҳанги миллӣ таъсири манфӣ расонад. Агар иддае ба хотири тақлид ба ин тарзи либоспўшӣ завқ пайдо карда бошанд, баъзеҳо бо мақсади таблиғи ақидаҳои таҳмилӣ ин либосро миёни занону духтарони мо паҳн карда, мехоҳанд дар кишвар боз як ҷараёни нави ифротиро ҷорӣ намоянд. Мисоли равшан аст, ки солҳои охир ҳусни либоспӯшии занони тоҷик тадриҷан коста гардида, сари ин масъалаи марбут ба ҳуввияти миллӣ ва фарҳангӣ баҳсҳои доманадор ба вуҷуд омадаанд. Мушоҳидаҳо собит менамоянд, ки духтарон ва баъзан занҳои тоҷик аз пушти мӯди хориҷии барои мо носозгор рафта, либосҳои бегонаро ба бар мекунанд. Бархе наврасону ҷавонон бошад бо либосҳои таҳпўши хонагӣ, варзишӣ ё бо риши борику нозебон дар кӯчаҳои шаҳру ноҳияҳо сайру гашт менамоянд, ки ин ҳолат баробари ба меъёри ахлоқӣ ҷавобгӯ набудаанаш, аз бегонапарастӣ низ дарак медиҳад. Инчунин, мутаассифона, бархе хонандагону донишҷуён низ ба масъалаи одоби либоспўшӣ беэътиборона назар меандозанд, онро кори шахсӣ ҳисобида, андеша доранд, ки гӯё дигарон ба ин ҳақ надоранду набояд мухолифат кунанд. Дар робита ба ин, қайд менамоем, ки бо мақсади ба низом даровардани раванди пўшидани либоси мувофиқ аз ҷониби хонандагон, донишҷўён, омўзгорон ва ҳамзамон кормандони дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илми кишвар ва муассисаҳои тобеи он бо ҷалби мутахассисон дар асоси Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», низомномаҳои намунавии муассисаҳои таълимӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дастурамали либосҳои тавсиявии хонандагон, донишҷўён ва омўзгорони муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардида, мавриди амал қарор дорад. Воқеан, либосҳои тавсиявӣ дорои хусусияти хос буда, дар такмили тарбияи ахлоқӣ, эстетикӣ ва маънавии хонандагону донишҷўён, болоравии худшиносӣ ва ифтихори миллии онҳо нақши асосӣ мебозад. Пўшидани либоси тавсиявӣ дар замири хонандагон ва донишҷўён ҳисси баланди зебоипарастӣ, ифтихори ватандорӣ, хештаншиносӣ, одобу ахлоқи намунавӣ, озодагии хулқу атвори ҳамидаро тарбия намуда, онҳоро водор месозад, ки нисбат ба либосҳои миллӣ ҳамчун арзишҳои миллӣ арҷгузор бошанд. Дастурамали номбурда хусусияти тавсиявӣ дошта, барои ба танзим даровардани тарзи либоспўшии расмӣ – корӣ ва гирифтани пеши роҳи ҳар гуна хурофоту бегонапарастӣ равона шудааст. Бинобар ин, талаб кардани риояи либоси ягонаи хонанда ва донишҷўӣ, тозаю озода пўшидани он бояд аз тарафи роҳбарияти муассисҳои таълимӣ, омўзгорон, падару модарон ва худи хонандагону донишҷўён ба таври ҷиддӣ назорат карда шавад. Набояд фаромуш кард, ки либос ин нишонаи одамият ва либоси миллӣ нишонаи фарҳанг аст! Аз ин рў, ҳар як хонандаю донишҷў, умуман, наврасону ҷавонони соҳибистиқлоли кишвар бояд маданияти либоспўширо дар сатҳи баланд риоя намояд.
Баробари ин, қайд кардан зарур аст, ки бемаърифативу бетаҷрибагӣ, ноогоҳӣ, фаҳмиши нодурусти арзишҳои динӣ ва таълими динии ғайриқонунӣ ба он оварда расонид, ки дар ҷумҳурӣ зуҳуроти пайвастани шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои дорои хусусияти террористиву экстремистӣ ба назар мерасанд. Имрӯз мушоҳида мекунем, ки гурӯҳҳои ифротӣ ва бегонапараст кӯшиш доранд, барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ бо шиорҳои динӣ моро аз давлату миллати худ, аз асли тоҷик будан ва пояҳои устувори таъриху тамаддуни ниёгонамон дур созанд. Бегонашавии одоб ва расму ойини либоспӯшӣ – бегонашавии фарҳангист, ки истиқлоли фикрӣ, ҳувияти миллӣ ва фарҳангии миллатро халалдор месозад. Дар иртибот ба ин, Пешвои муазами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баромади хеш бахшида ба таҷлили “Рӯзи модарон” таъкид карданд: “Вақтҳои охир тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарони кишвар, ташвиқи либосҳои бегона дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакат низ ба як раванди ташвишовар табдил ёфтааст. Ҳисси бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ дар мавриди сару либос ва рафтору гуфтор дар байни занону духтарон метавонад ба устувории рукнҳои фарҳанги миллӣ таъсири манфӣ расонад. Агар иддае ба хотири тақлид ба ин тарзи либоспӯшӣ завқ пайдо карда бошанд, баъзеҳо бо мақсади таблиғи ақидаҳои таҳмилӣ ин либосро миёни занону духтарони мо паҳн карда, мехоҳанд дар кишвар боз як ҷараёни нави ифротиро ҷорӣ намоянд”.
Дар ҳақиқат имрӯз ҷавонони мо бешуурона майл ба либоси бегонагон намуда, аз фарҳанги бою ғании миллати худ истифода намекунанд. Андеша намекунанд, ки арҷ нагузоштан ба ҳунар ва тамаддуну таърихи худ беэҳтиромӣ нисбат ба миллат аст. Яке аз рукнҳои ҳуввияти миллӣ агар забон бошад, рукни дигараш либос ба ҳисоб меравад. Дунёи маънавии инсон дар маданияти либоспўшии ў зоҳир мегардад. Агар дар инсон ор, номус, шарм, ҳаё бошад, либоси нафратовар намепўшад ва обрўю ҳурмати худро бо либоспўшиаш нигоҳ медорад. Риояи одоби либоспўшӣ шахсро ҳам зоҳиран ва ҳам ботинан зебо карда, дар назди ҳамнишинон ва ҳамсўҳбатон эътибори ўро меафзояд. Сирату сурати инсон бояд якдигарро мукаммал кунанд ва шахс бояд ҳам ботинан ва ҳам зоҳиран зебо бошад.Либоси миллии мо нишон аз фарҳанги мост.Мо бояд фарҳанги миллиамонро ба ояндагон ба мерос гузорем. Чунки модарону бонувони мо – тоҷикон тарзи хоси либосҳои миллии худро доштанд ва онро ба мо мерос гузоштаанд, ки ҳар кадоме аз онҳо дар баробари зебоиву рангорангӣ меъёрҳои ахлоқиву эътиқодии мардуми бостонии моро инъикос мекард. Аз ин лиҳоз, мо бояд ба хотири ҳифзи асолат, арзишҳои миллӣ, эҳёи расму ойинҳо, либоси миллӣ, эҳтироми таъриху фарҳанги бостонии миллат ва пешгирӣ кардани ҳисси бегонапарастӣ саҳми хешро гузошта, дар оянда баҳри ободии Ватани азизамон, оромии ҷомеаи кишварамон ва пешрафти давлати соҳибистиқлоламон нақши арзанда ва муносиб гузорем.

 

М. МАМАДҶОНОВА,
муаллими калони кафедраи забонҳои
тоҷикӣ ва русии ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *