Давлатдории миллӣ ва нақши ҳаётии он барои тоҷикон дар шароити нави ҷаҳонӣ

Дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ мулоқоти судманди устодону донишҷӯён бо сиёсатшинос, директори Маркази тарғиби адабиёт ва фарҳанги миллии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Абдуллоҳи Раҳнамо баргузор гардид. Чорабиниро муовини директор оид ба тарбия ва рушди ҷавонони Донишкада, н.и.ф., дотсент Аҳророва Г. У. оғоз бахшида, ташрифи меҳмонон ва иштирокчиёни чорабиниро хайрамақдам гуфта, оид ба тарбияи маънавию ахлоқии ҷавонон, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва баланд бардоштани худшиносию худогоҳии ҷавонон фикру мулоҳизаҳои судманд баён дошт.

Баъдан дар ҳузури устодону донишҷӯён сиёсатшинос, директори Маркази тарғиби адабиёт ва фарҳанги миллии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Абдуллоҳи Раҳнамо оид ба мавзӯи “Давлатдории миллӣ ва нақши ҳаётии он барои тоҷикон дар шароити нави ҷаҳонӣ” суханронии пурмуҳтаво карда, бо таҳлил ва мисолҳои мушаххас андешаҳои ҷолиб баён намуд. Мавсуф бо ишорат ба ду нуктаи муҳим, фарҳанг ва таърихи давлатдории тоҷиконро дар асрҳои гузашта бо мисолҳои мушаххас таҳлил намуда, аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки ҳамеша ҳушёру зирак бошанд ва барои ҳифзи фарҳангу таърих ва давлатдории миллии тоҷикон дар шароити нави ҷаҳонӣ ҷаҳду талоши созанда намоянд.

Баъдан устодон ва донишҷӯёни Донишкада зимни суханронӣ барои маърузаи пурмуҳтаво ба сиёсатшинос, директори Маркази тарғиби адабиёт ва фарҳанги миллии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Абдуллоҳи Раҳнамо арзи сипос баён доштанд. Директори Донишкада, н.и.и., дотсент Абдурашид Ҷабборов дар поёни чорабинӣ ба олими сиёсатшинос сипосмандӣ баён дошта, аз донишҷӯён даъват кард, ки ҳамеша барои ҳифзи арзишҳои миллӣ ва бунёди давлатдории миллии тоҷикон омода ва саҳми арзандаи худро гузоранд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *