АНДЕШАҲОИ МАНФУРОНРО ШАДИДАН МАҲКУМ МЕНАМОЕМ! (Изҳороти шуъбаи тарбияи ДИС ДДТТ)

Пӯшида нест, ки солҳои охир ҷараёнҳои иртиҷоии ба монанди терроризм, ифротгароӣ ва дигар равияҳои ифротӣ дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон батадриҷ доман паҳн намуда, ба омили асосии мураккабшавии муносибатҳои байналхалқӣ табдил ёфтаанд. Амалҳояшон бештар дар байни кишварҳо тухми адовату душманӣ кошта, низоъҳои мусаллаҳонаро ба бар меоранд ва дар миёни гурӯҳҳои иҷтимоию миллӣ нобоварию бадбиниро ба вуҷуд меоранд. Имрӯз ба гуруҳҳои бадхоҳу нотавонбинони давлату миллат ягона роҳ ин  таввасути шабакаҳои иҷтимоӣ ё facebook, You Tube, Viber “Ҳамсинифон” (Одноклассники) мондааст ва бо ин васила дар сомонаҳои ғайрирасмиашон бо истифода аз қишри ҷавонони камсаводу бекор, дорои маърифати пасти динию дуняви дошта, муҳоҷирони меҳнатӣ қарор доштаро бо роҳи фиреб ба гурӯҳҳои ифротӣ ва ҳиёнаткорӣ пеша намудан кӯшиш доранд. Масалан собиқ ҳизби назҳати ислом, ҳозира бо номи “Паймони миллӣ..”(ПМ) бо ибораи дигар ташкилоти экстремисти-террористии ҳизби назҳати ислом (ТТЭ ҲНИ) мебошад, ки  ҳоло роҳбару ҳаммаслаконаш дар хориҷи кишвар иқомат дошта бо пуштибонии хоҷагони хориҷиашон корашон фақат дасисабозиб иғвогарӣ аст.

Мо шоҳид ҳастем, ки хоинони давлату миллат, бахусус пайрави фаъоли ТТЭ ҲНИ-ПМ Муҳаммадиқболи Садриддин ва як қатор дастпарварони манфуру манҳуси онҳо ҳамчун блогерҳои интернетӣ, бо навбат зимни баромадҳояшон дастовардҳои кишвари моро нодида гирифта, кушиш доранд, ки боз миёни мардуми осоишта низоъ андохта, ба фазои сулҳу амонии кишвар халал ворид созанд. Дар паси шабакаҳои иҷтимоӣ ё интернетӣ киҳо нишастанд, чӣ мақсаду ҳадаф доранд, мо огаҳем. Хоҷат ба баён нест!

Хулоса, мардуми бонангу номуси шарифи Тоҷикистон бо гузашти айём ва табодули таҷриба рӯз аз рӯз аз моҳияти ТТЭ ҲНИ- ҳизби бадтинат огаҳ гардида, дар муқобили чунин инсонҳои тангназарону ватанфурӯш, ки сафҳои созмонҳои таҳрибкорро пурра месозанд, муборизаи беамон бурда истодааст.

Бо дарки дурусти масъалаҳои матраҳшуда ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони азиз минбаъд низ вазифаи муқаддаси худро ба хотири пойдор нигоҳ доштани сулҳу субот дар кишвар, таъмини амният, таҳкими Ваҳдати миллӣ, ҳифзу нигоҳдории истиқлол, тақвияти иқтидори давлат ва пешрафти ҷомеа содиқона рисолати хешро иҷро намуда, барои ободонии Ватан ва афзудани номи неки он талош варзад.

Дар фарҷоми андешаи худ бори дигар иброз медорем, ки имрӯзу ҳамавақт амалҳои иғвоангезонаву дасисабозиҳои манфурони ТТЭ ҲНИ –хиёнаткору бадхоҳони миллатро шадидан маҳкум менамоем!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *