Имрӯзҳо яке аз ҳаммаслаки ТТЭ ҲНИ Муҳаммадиқболи Садриддини бешараф бо пуштибонии хоҷагонаш дар кишварҳои Аврупо паноҳ ёфта, тавассути барномаи ифротӣ бо номи “Минбари мухоҷир” мунтазам баромадҳо баргузор менамояд.
Мо қаблан бо мисолҳои амиқ, бахусус амалҳои бешарафии Муҳаммадиқболи Садриддин ибрози андеша намуда будем. Ин навбат вобаста баромадҳояш, ки дар моҳҳои март ва ҳафтаи аввали апрели соли равон, дар барномаи ифротиаш баромад намудаааст, сараввал онро шадидан маҳкум намуда, гуфтанием, ки Муҳаммадиқболи Садриддин ин навбат низ боз худро “уламои дин”ба ҳайси муллои аврупоӣ, дар моҳи шарифи Рамазон чун тўтивор такор ба такрор вобаста ба сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии кишвар ва оид ба масоили маориф ва иҷтимоии мардум сухан ронда, онро нодуруст маънидод карда, ғайбату туҳмати беасос намуд, ки аз нуктаи назари дини мубини Ислом гуноҳи азим аст! Дар иртибот ба ин ёдовар мешавем, ки дар Қуръони Карим, сураи Ҳуҷурот, ояти 12 чунин омадааст: “Эй мўъминон, аз гумони бисёр иҷтиноб кунед, ҳар оина баъзе аз гумонҳо гуноҳ аст ва ҷосусӣ макунед ва якдигарро ғайбат макунед. Оё касе аз шумо дўст медорад, ки гўшти бародари мурдаи худро бихўрад? Балки аз вай нафрат хоҳед кард. Ва аз Худо битарсед, ба дурустӣ ки Худо Тавбапазирандаи Меҳрубон аст”.
Хонандаи закӣ, бо дарназардошти ояти дар боло зикршуда, ба худ хулосаи зарурӣ мебароранд. Хулоса, таъкидан қайд менамоем, ки Муҳаммадиқбол яке аз афроде мебошад, ки аз шукуфоии Тоҷикистони имрӯза дар таҳлука афтодааст. Ин бешараф бар ивази чанд пайсаи хоҷагони хориҷии худ имону виҷдонашро ба боди фано супурда, ҳоло дар пайи иҷрои супориши навбатии хоҷагони худ ҳар сақави дурӯғеро, ки ба даҳони бефарозаш рост меояд, сухани беасос мегўяд. Боз такрор шавад ҳам, ба М.Садриддин гуфтанием, ки вақте аз минбарҳо ба миллати тоҷик муроҷиат менамояд, сараввал доир ба филми ҳуҷҷатӣ, қисми 7-уми “Хиёнат” бо номи “Бешарафӣ”, ки бо далелҳои раднопазир, аз ҷониби шоҳидони ҳол амалҳои хиёнаткорона ва бешарафиаш тасдиқи худро ёфтааст, ёдовар шуда, андешаашро баён созад! Бо боварии комил метавон қайд кард, ки худро “сафед” карда наметавонад. Дар робита ба ин, мақоли халқие аст: Офтобро бо доман пӯшида намешавад! Хоҷат ба баён нест!
Дар фарҷоми андешаи хеш, қайд менамоем, ки ҳар кас аз баромадҳои бемантиқу беасоси Муҳаммадиқболи Садриддин пай мебарад, ӯ дар ҳақиқат як чоплусе, ки ақли худро бохтаасту аз бешарафиву бадсириштӣ, беасос ғайбату иғвогарӣ мекунанд. Бинобар ин, мо бо шинохти чеҳраи манфури чоплуси ақлбохта – Муҳаммадиқболи суханбози дурўяи бешараф, барои дур нигоҳ доштани ҷавонон кӯшиш ба харҷ дода, барои решакан кардани ақидаҳои ифротӣ муборизаи беамон бояд барем!
Р.АНВАРӢ,
устоди ДИС ДДТТ