Мо омӯзгорони кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ қаблан зимни изҳороту мақолаҳои хеш нисбати аъзои фаъоли ТТЭ ҲНИ, Муҳаммадиқболи Садриддин андешаҳои хешро иброз дошта будем. Вобаста ба баромади навбатии ин хоини миллат бояд қайд кард, ки то ҳол М.Садриддин ба худ хулосаи даркорӣ набароварда дар ҳафтаи аввали моҳи апрели соли равон тавассути шабакаи иҷтимоӣ, дар барномаи “Минбари муҳоҷир “ баромад намуда, бо ибораҳои динӣ худро “уламо” шуморида, доир ба фаъолияти роҳбарияти олии кишвар ва оид ба масъалаҳои муассисаи давлатии таълимии мактаби таҳсилоти миёнаи умумии кишвар, вобаста ба маблағи таҳсили хонандагон андешаи носолимашро баён карда, чун баромадҳои қаблиаш боз ғайбату туҳматро пеша намуд. Зимни баромадаш М.Садриддин қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва алалхусус мунозираро риоя накарда, худро дар баҳс ғолибшуда нишон дод, ки ин усулҳо куҳна шудаанд. Бояд қайд кард, ки ба ғайр аз пайравони ТТЭ ҲНИ ва як ду иғвогари шайтонӣ, ин баромадҳо дигар ба касе даркор нестанд!
3 Тааҷҷубовар ин аст, ки М.Садридди зиштии ғайбатро шояд медонад, вале боз ҳам ё касеро ғайбат мекунад ё ба ғайбати дигарон гӯш медиҳад. Ин ба хотири он аст, ки онҳо ба зиштӣ ва нопокии ин кор аз самими дил бовар надоранд, зеро агар мо ба зиштию зарари коре яқин дошта бошем, ҳаргиз онро анҷом намедиҳем. Мо бояд ба лутфи илоҳӣ ва рафтори мардум хушгумон бошем ва ба ин нукта таваҷҷуҳ дошта бошем, ки хушгумонӣ ба маънои содагӣ, зудбоварӣ ва ғофил будан аз ҳилаву найрангҳои душманон нест. Баробари ин, бояд хотиррасон кард, ки дар моддаҳои 135-136-и боби 17 – и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ оид ба ҷиноятҳо ба муқобили озодӣ, обрӯ ва эътибори шахсият ҷазо пешниҳод гардидааст, ки ин як навъ таваҷҷуҳи ғамхорона аз ҷониби давлат барои нигоҳ доштани ҳуқуқи шаҳрвандон мебошад.
Мо омӯзгорони кафедра дар фарҷоми изҳороти хеш, қайд менамоем, ки таҷрибаи ҳаёти инсоният борҳо исбот намудааст, ки ҳар як шахс бо меҳнати худ новобаста аз соҳаи фаъолият зиндагии шоиста дошта бошад ва он на танҳо ба манфиати шахси алоҳида, балки ҷомеъа бошад, ки инро мардуми Тоҷикистон эҳсос менамоянд ва барои ободии Ватан ҳиссагузорӣ намуда истодаанд. Имрӯз дар Ватани азизамон Тоҷикистон ҳамаи шароитҳо фароҳам оварда шудааст ва танҳо меҳнати содиқонаро талаб менамояд. Ватанро танҳо шахсоне дӯст ва ҳифз менамоянд, ки бо меҳнати ҳалол луқмаеро пайдо намуда, барои худ ва ояндагон мероси арзанда мегузоранд.