БАР МУҚОБИЛИ ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ МУБОРИЗАИ БЕАМОН МЕБАРЕМ!

Дар шароити имрўза тарғибу ташвиқ ва ба амалоии бесару сомониҳои гуногуни байналмилалӣ ва кишварҳои алоҳида мушоҳида карда мешавад, ки асоси он иғвогарии қувваҳои ҷудоихоҳии берунмарзӣ ба ҳисоб меравад. Мақсади онҳо ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунии худро ба амал бароварда, сарнагун намудани сиёсати давлатдории ҷумҳуриҳои озодихоҳ ба ҳисоб меравад. Ин гуна қувваҳои мухталиф аз тарафи давлатҳои хориҷӣ дастгирӣ карда мешаванд ва шаҳрвандони ниёзманд, ки мафкура – шуурнокии маънавӣ, маданӣ ва ҳуқуқии онҳо паст ва аксарияти онҳо ҳатто намедонанд, ки ба кадом роҳ рафта истодаанд, бо истифода аз сомонаҳои гуногуни ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ шомил мешаванд.Таҳлилҳо собит менамоянд, ки бархе ҷавонон ба ҷойи шукрона аз сулҳу ваҳдат, оромиву суботи ҷомеа, давлату давлатдории миллати солору бофарҳангамон, ободиву шукуфоӣ ва эътибори байналмилалӣ пайдо кардани Тоҷикистони азизамон ба доми фиреби ТТЭ ҲНИ, созмони тундрави ДИИШ ва ташвиқу тарғиби афкоре, ки хилофи мазҳаби аҷдодиамон – ҳанафия мебошад, гароида мешаванд. Масалан мубалиғони ДИИШ ба монанди пайравонаш ТТЭ ҲНИ аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ, ба мисоли кишварҳои Россия ва Туркия қарордоштаро ҷалб намуда, сафҳои худро зиёд менамояд. Барои тасдиқи ин гуфтаҳо мисол меорем, ки дар соли 2022 як шаҳрванди Тоҷикистон бо номи Умед Умаров, ки номи мустаораш Аҳмад Фарид мебошад, қаблан аз қаламрави Русия муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дошта, баъдан ба Туркияву Эрон ва сониян вориди Авғонистон шуда, ба ҷангҷӯёни ДИИШ пайвастааст. Ниҳоят аз ҷониби мақомоти дахлдори кунунии Афғонистон боздошт шудааст. Ё мисоли дигар, тибқи расонаи хабарии “Sabah”-и давлати Туркия, як нафар шаҳрванди Тоҷикистон ва дигаре шаҳрванди Осиёи Марказӣ бо аъзоёни ДИИШ ҳамкорӣ намуда, дар шаби Соли нави милодӣ-2023 дар ҳудуди шаҳри Истамбул барои содир намудани амалҳои террористӣ омодагӣ дида буданд, ки оқибат аз ҷониби мақомоти дахлдори Туркия дастгир карда шуданд.Бояд қайд кард, ки масъалаи мазкур бевосита дар рафтори шахсони алоҳида, ки дар қаламрави кишварҳои хориҷӣ қарор гирифтаанд, мехоҳанд ба фаъолияти мақомоти қудратӣ, идоракунии давлатӣ, судии бисёре аз кишварҳо таъсири худро расонанд, ба амал бароварда мешавад. Гумон мекунанд, ки иғвогарии онҳоро ягон кас намефаҳманд, ё дар ин соҳа дониши кофӣ надоранд. Ҳамин тариқ, ҷойгир намудани ҳама гуна маълумотҳои беасосу бемазмун, хабарҳои иғвоангезанда дар сомонаҳои ғайридавлатӣ ҷамъиятро ба гумроҳӣ, нофаҳмиҳо меорад. Бинобар ин, моро лозим аст, ки сирати зишту нопоки сомонаҳои гуногуни ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистиро ҳарчӣ амиқтару дақиқтар ба аҳли ҷомеа, бахусус аз макру дасисаҳои ТТЭ ҲНИ огоҳ созем.


Дар фарҷоми андешаи хеш бояд қайд кард, ки раванди афзоиши паҳншавии ақидаҳои ифротӣ, гаравидан ва пайвастани ҷавонон ба гурӯҳу ҳаракатҳои тундгаро ва террористӣ, моро водор месозад, ки бар зидди ин зуҳуроти номатлуб муборизаи беамон барем. Албатта, мубориза бар зидди ин хатар на танҳо вазифаи давлат ва ҳукумат аст, бояд тамоми ҳаракатҳои ҷамъиятӣ ва иттиҳодияву созмонҳои ғайриҳукуматӣ дар ин ҷода фаъол бошанд ва ҳамарӯза дар таҳкиму пойдории сулҳу ваҳдати миллати кишвар саҳмгузор бошанд.

Ф.ҚУРБОНОВ,
мудири шуъбаи кор бо
ҷавонони ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *